Аэробҳо

(Тағйири масир аз Аэроб)

Аэро́бҳо (аз юн. αηρ — ҳаво ва βιοζ — ҳаёт) — организмҳое, ки фақат дар муҳити оксигени холис зиндагӣ карда, инкишоф меёбанд. Ҳайвоноту наботот ва аксари микроорганизмҳо барои зиндагӣ ва нумӯ нерӯ (энергия)-и ҳангоми бархурд (реаксия)-и оксидшавӣ ихроҷшударо истифода менамоянд. Аэробҳо ғайри­шартӣ (облигатӣ) ва шартӣ (факултативӣ) мешаванд. Аэробҳои ғайришартӣ (аэрофилҳо) нерӯро фақат аз бархурди оксидшавӣ мегиранд (масалан, бактерияҳое, ки оксиди сирка ҳосил мекунанд, бактерияҳои нитроандӯз). Аэробҳои шартӣ (анаэробҳои шартӣ) нерӯи туршшавиро истифода мекунанд, бинобар ин дар муҳити сероксиген ё камоксиген ҳам зиндагӣ карда метавонанд (масалан, бактерияҳои хамирмоя). Барои ҳаёти ҳар як намуди бактерияҳои аэробӣ тамаркузи миқдори муайяни оксиген хос аст. Аэробҳои ғайришартӣ микроорганизмҳоеро дар бар мегиранд, ки дар хок, обанборҳо ва ҳаво сукунат доранд. Онҳо дар гардиши моддаҳо дар табиат фаъолона ширкат менамоянд, масалан, Вас. methanicus, Sulfomonas denitrificans, Вас. hydrogenes ва ғ. Ба Аэробҳои шартӣ мағор, занбӯруғҳо, актиномитсетҳо ва бактерияҳои бемориовари Salmonella, Shigella, Escherichia тааллуқ доранд. Миқдори оксигене, ки аэробҳо имконияти фаъолият дар онро доранд, гуногун мебошад. Барои баъзе аэробҳо фишори ҳадди аксари оксиген 15-20 атм. ва ҳадди ақал 0,1-0,5 атм. аст. Аэробҳо метавонанд ба захираи нисбатан ками оксиген тоб оварда, дар қабатҳои хеле амиқи хок низ инкишоф ёбанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш