Ақалият (вазъи ҳуқуқӣ - конститутсионӣ) - гурӯҳи шахсоне, ки дар марзи давлат ҷоӣгир буда, бо хусусиятҳои этникӣ, забонӣ, динӣ ва ғаӣра аз тамоми аҳолӣ фарқ карда, нисбат ба онҳо камшуморанд. Ақаллият ннсбат ба аксарият хусусияти хоси худро барои нигоҳ доштан кӯшиш мекунад. Мавҷуд будани ақаллият масъалаи ҳимояи онҳо, кафолати ҳуқуқу озодӣ ва худидораи онҳоро тақозо мекунад. Хусусияти хос ва манфиати ақаллият одатан ба воситаи мухторият додан ҳалли худро меёбад. Падидаи ақаллият ҳам аҳамияти баӣналхалқӣ ва ҳам аҳамияти ҳуқуқию конститутсионӣ дорад. Дар чанднн санадҳои баӣналхалқӣ ҳимояи манфиатҳои ақаллият тавсия шудааст.

Дар Муоҳидаи баӣналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966) муқаррар карда шудааст, ки дар он мамлакатҳое, ки ақаллияти этникӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуд аст, ба шахсони ба ин ақаллият тааллуқ дошта, барои якҷоя истифода бурдани фарҳанг, эътиқод ба дини худ ва иҷрои расму оинҳо, инчунин барои истифодаи забони модарӣ набояд монеа гузошта шавад (м 27). Дар қонунгузорин миллӣ хусусияти этникии кишвар бо роҳи конститутсионӣ ва қонунҳо кафолат дода мешавад. Дар онҳо баробарҳуқуқии ақаллият бо аксарият ва кафолатҳои иловагии таъмини ҳуқуқҳои этникӣ, динӣ ва забонии ақаллият муқаррар карда мсшавад.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.35