Аҳад Очилов (1912, ноҳияи Самарқанд — 14 ноябри 1989, Душанбе) — давлатмард, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948).

Аҳад Очилов
Аҳад Очилов
Таърихи таваллуд 1912(1912)
Зодгоҳ СамарқандҶШС Узбекистон
Таърихи даргузашт 14 ноябр 1989(1989-11-14)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Шаҳрвандӣ Парчами Тоҷикистон, Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948)

Зиндагинома вироиш

Аҳад Очилов техн. педагогии Самарқандро хатм кардааст (1931). Муаллими мак. ибтидоии ш. Самарқанд (1931-32). С. 1932 ба Сталинобод (ҳоло -Душанбе) омадааст. Котиби Суди Олии Тоҷикистон (1932—1933), судяи суди халқии н. Ҳисор (1933), инструктори комиҷроияи ш. Сталинобод (1934-35), кот. деҳшӯрои Регар (ҳоло — Турсунзода,1935-36), хидмат дар сафи қӯшуни сарҳадии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (1936-37), инспектори ҳарбӣ (1937-38), кот. масъули комиҷроияи н. Регар(1938-39), муов. раиси к/з (1939), муд. Шуъбаи молияи н. Регар (1939-41), инструктори комиҷроияи вил. Сталинобод (1941-42). С. 1942-46 — хидмат дар сафи Арм. Сурх. Баъди анҷоми ҶБВ — раиси комиҷроияи н. Орҷоникидзеобод (ҳоло — Ваҳдат, 1946-50), шунавандаи мак. ҷум.-явии ҳизбии назди КМ ПК (б) Тоҷикистон (1950—1952), кот. якуми ком. ҳизбии н. Ҷиликӯл (1952-53), кот. якуми ком. ҳизбии н. Орҷоникидзеобод (1953-56), дир. МТС (1956-58), дир. Иттиҳодияи Селхозтехника (1959-61), раиси Шӯрои байниколхозии н. Орҷоникидзеобод (1963-69), сардори шуъбаи маъмурию хоҷагии Ваз. хоҷагии оби Тоҷикистон (1969-70), сардори шуъбаи истифодаи автобазаи № 16 ш. Душанбе (1970-75), ҷон. дир. фабрикаи мурғпарварии н. Орҷоникидзеобод (1975-80), сардори шуъбаи назорати заводи механикии н. Орҷоникидзеобод (1981-84), дир. истироҳатгоҳи АИ Тоҷикистон (1984-86).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Барои Ғалаба бар Германия дар соли 1941—1945», «Барои меҳнати шуҷоатнок», «20-солагии Ғалаба бар Германия дар ҶБВ-ии соли 1941—1945», 50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР, медали тилоӣ ва нуқрагини НКХХ, «Ветерани меҳнат» ва ғ. мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш