Аҳмади Сарҳиндӣ (форсӣ: احمد سرهندی‎; Бадруддин махдум маъруф ба Имом Раббонӣ ва Муҷаддиди Алфи сонӣ (1563 — 10 декабри 1624) — файласуф, фақеҳ ва орифи машҳури Ҳиндустон.

Аҳмади Сирҳиндӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Ahmad Sirhindi
Касб, шуғл: имом, илоҳиётшинос
Таърихи таваллуд: 26 июн 1564
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 декабр 1624(1624-12-10)[2][3] (60 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом, суннӣ ва тасаввуф[1]
Фарзандон: Muhammad Ma'shum[d]
Самти фаъолият: Шариат, фалсафаи исломӣ ва тасаввуф
Устодон: Боқибиллоҳ[1]
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Вай таҳсилоти ибтидоиро дар пеши падараш Абдулаҳад бо омӯзиши Қуръони маҷид оғоз кард ва дар муддати кӯтоҳе онро ҳифз намуд. Пас аз хатми омӯзишҳои ибтидоӣ дар назди донишмандони Сарҳинд барои идомаи таҳсил ба шаҳри Сиёлкут омад, ки дар он замон яке аз марказҳои бузурги илмӣ дар Ҳинд ба шумор мерафт ва дар риштаҳои мантиқ, фалсафа, илми калом ва усули фиқҳ аз маҳзари Мавлоно Камоли Кашмирӣ касби файз намуд. Вай ҳамчунин дар риштаи ҳадис ва ҳадисшиносӣ аз донишманди маъруфи замон қозӣ Баҳлули Бадахшонӣ баҳраи илмӣ гирифт. Пас аз он ба тарбияи шогирдон, таълифи осор ва китобҳое ба забонҳои арабӣ ва форсӣ дар риштаҳои гуногуни илмҳои динӣ пардохт, ки рисолаи «Таҳлилия» ва рисолае дар «Радди равофиз» аз он ҷумла мебошанд. Аҳмади Сарҳиндӣ соли 1008 ҳ. ба мақсади анҷоми фаризаи ҳаҷ ва зиёрати ҳарамайн ба шаҳри Деҳлӣ омад. Яке аз машоих ва бузургони тариқаи нақшбандия бо номи Абдулбоқӣ маъруф ба Хоҷа Боқӣ Биллоҳ чанде буд, ки дар Деҳлӣ сукунат мекард. Аҳмади Сарҳиндӣ бо дӯсташ Ҳасани Кашмирӣ ба зиёрати Хоҷа рафт ва муддати бештар аз як моҳ дар меҳмонии вай боқӣ монд. Дар ин муддат Аҳмади Сарҳиндӣ таълимоти мактаби нақшбандиро аз пири тариқат Абдулбоқӣ омӯхт ва ба камолоте дар роҳи сулук даст ёфт:

Пас аз чанд давраи нишасту бархост бо пири комил — Хоҷа Боқӣ Биллоҳ ва тайи мароҳили иродат ба мақоми шомихи иршоду ҳидоят расид. Хоҷа Боқӣ Биллоҳ дар ин дидорҳо Аҳмади Сарҳиндиро ба сӯи камоли маънавӣ раҳнамун шуд ва ӯро аз асрори тариқат воқиф намуд. Ӯ дар васфи камоли маънавии Аҳмади Сарҳиндӣ мефармояд:

  Шайх Аҳмад, ки сокини Сарҳинд ва шахсияти раббонӣ, серилм ва қавиамал аст, чанд рӯзе, ки бо камина нишасту бархост дошт, камолот ва сифоти шигифте аз вай ба мушоҳида расид. Умедворам, ки ӯ чароғи бофурӯғе гардад.  

Аз он ҷо ки фаъолиятҳои даъватӣ ва талошҳои ислоҳии Аҳмади Сарҳиндӣ ба оғози ҳазораи дуюми ҳиҷрӣ рост меомаданд, вай дар таърихи андеша ва ислоҳ бо лақаби «муҷаддиди алфи сонӣ» ва бо ихтисор «муҷаддид» машҳур гардид. Вай илова бар нашри дурусти маорифи зеҳнӣ ва донишҳои назарии ислом ба тарбияву иршоди насле аз шогирдон ва ҳамин тавр ба назорати бардавоми иртиқои маънавӣ ва марҳалаҳои пайдарпайи тазкияи нафс дар муридон машғул буд, то он ки саранҷом наслеро бо биниши тозаи динӣ ва дараҷоти маънавӣ ба камол расонд. Аҳмади Сарҳиндӣ дар ин муддати на чандон тӯлонӣ тавонист таҳаввуле дар мафоҳими роиҷи тариқат эҷод намояд ва ба он рӯҳу маънои тозае бахшад.

Таълимот вироиш

Аҳмади Сарҳиндӣ ба таҷдиди муҳтавои ин мафҳуми асли ваҳдати вуҷуд ва назароти фалсафӣ — тасаввуфии Ибни Арабӣ пардохт ва тариқатро бо шариат яке ва онро ба маънои татбиқи амалии шариат донист ва ҳар маъно ва рафтореро, ки бар хилофи шаръ бошад, онро аз шариат ва тариқат ҳар ду берун донист. Ӯ пас аз тарбияи насле аз шогирдони баркамол соли 1617 барномаи густардаи даъват ва тарҳи ислоҳи саросарии ҷаҳони исломро рӯйи даст гирифт ва бисёре аз халифагон ва шогирдони парвардаи худро ба сарзаминҳои гуногун ва манотиқи дуру наздики ҷаҳони ислом барои роҳнамоӣ ва тарбияи наслҳо равона сохт. Аз ҷумла, ҳафтод нафарро бо сарварии Мавлоно Муҳаммад Қосим ба диёри Мовароуннаҳр, чиҳил нафарро бо сарварии Мавлоно Фаррух Ҳусайн ба сарзаминҳои Ҳиҷоз, Яман, Шом ва Рум, даҳ нафар масъул ва солики бузургро зери назари Мавлоно Муҳаммадсодиқи Кобулӣ ба Кошғар ва сӣ нафари дигарро бо роҳбарии Мавлоно Аҳмади Баракӣ ба Хуросон ва Бадахшон равона сохт.

Аз сӯи дигар, донишмандон ва машоихи номовар аз гӯшаву канори ҷаҳони ислом ба Сарҳинд ба зиёрати ӯ меомаданд ва аз маҳзари дарсаш касби файз менамуданд, ки Мавлоно Тоҳири Бадахшонӣ — шахси муътамад ва соҳибсирри шоҳи Бадахшон, донишманди фозил Мавлоно Абдулҳаққи Шодмонӣ, Мавлоно Солеҳи Кӯлобӣ, Шайх Аҳмади Барсӣ ва Мавлоно Ёрмуҳаммад аз он ҷумла ҳастанд.

Барномаҳои ислоҳӣ ва тарҳҳои фарҳангии Аҳмади Сарҳиндӣ дар роҳи эҳёи арзишҳои динӣ ва рушди маърифати иҷтимоии мардум на танҳо аз сӯи шоҳи муғултабори Ҳинд Ҷаҳонгир дастгирӣ наёфтанд, балки нуфузи рӯзафзуни Хоҷа дар миёни коргузорони давлат ӯро ба ташвиш овард ва соли 1619 вайро дастгир ва бе ҳеч сабабе дар қалъаи Гуволиёр ба зиндон афканд. Шоҳ Ҷаҳонгир пас аз як солу чанд моҳе (1620) Аҳмади Сарҳиндиро аз зиндон озод карда, дар лашкари шоҳӣ ҳамроҳи худ нигаҳ дошт. Аҳмади Сарҳиндӣ пас аз он ба муддати бештар аз се сол дар канори шоҳ буд ва тавонист дар шахсияти вай таъсири хубе гузорад.

Аҳмади Сарҳиндӣ бо назароти амиқи динӣ ва барномаҳои амалии худ тавонист тамаддуни исломиро аз нобудӣ дар сарзамини Ҳинд наҷот диҳад ва эътилои арзишҳои диниро дар андешаи мусулмонони он марзу бум таъмин намояд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۲۰۰۶؛
  • ابوالحسن علی حسنئ ندوی. رجال الفکر و الدعوت فی الاسلام. جلد ۳. المکة، ۲۰۰۷


Сарчашма вироиш