Аҳмáд ибни Исмоил (форсӣ: أحمد ابن اسماعیل‎; машҳур бо лақаби Амири Шаҳид; дарг. 12 январ 914) — дувумин амири Сомонии Хуросону Мовароуннаҳр (907‒914), писари Исмоил ибни Аҳмад

Аҳмад ибни Исмоил
907 — 914
Даргузашт 12 январ 914(0914-01-12)
Дудмон Сомониён
Сулола Сомониён
Падар Исмоили Сомонӣ
Фарзандон Насри II ибни Аҳмад
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Аҳмад ибни Исмоил баъди вафоти Исмоили Сомонӣ соли 907 ба ҷойи падараш тахтнишин гашта 7 сол ҳукмрони давлати Сомониён буд.

Роҷеъ ба шахсияту ҳайсияти ахлоқии Аҳмад ибни Исмоил ва шеваи давлатдории ӯ муаррихони асрҳои миёна ақидаҳои мухталиф ва гоҳе зидди ҳамдигар баён кардаанд. Гурӯҳе аз камоли адлу инсоф ва ҷиҳати осоиши раият талош варзиданаш сухан кардаву қисме ӯро тунду носозгор, худраъю бадхулқ номидаанд.

Ҳукмронӣ вироиш

Аҳмад ибни Исмоил дар оғози фармонравоии худ ба ҳалли моҷароҳои хонагӣ шуғл варзида, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва густариши қаламрави Сомониён саъй намудааст. Бо талоши ӯ Сиистон, Рай, Гургону Табаристон ва дигар гӯшаҳо ба қаламрави аморати оли Сомон ҳамроҳ карда шудаанд.

Илм дар замони Аҳмад вироиш

Аҳмад ибни Исмоил чун амири олимпарвару илмдӯст ба табақаи фузало мурооти беш менамуд, бисёр донишмандону адибони барҷастаи замон, аз ҷумла табиб ва ҳакими оламшумули тоҷик Муҳаммад Закариёи Розӣ бо ӯ иртибот ва ҳамнишинӣ доштанд. Бо вуҷуди ин Аҳмад ибни Исмоил бар хилофи сиёсати дурнигаронаи падараш Исмоил, ки забони форсиро аз шиканҷаи тозиён бароварда, дубора ба тахт биншонд, амал намуда, дар сатҳи сиёсати давлат забони арабиро ҳоким бар забони маҳаллӣ гардонд. Баъзе муаррихон гироишашро ба забони арабӣ натиҷаи таассуботи мазҳабӣ ва муҷоласат бо уламои динӣ, ҳамчунин таваҷҷуҳи хоссаи амир бо умарои араб ба шумор овардаанд.

Ошӯбу фитнаҳои дохилӣ вироиш

Вориси Исмоил писараш Аҳмад ибни Исмоил ҳанӯз дар айёми ҳукумати падар ба баъзе вазифаҳои баланди давлатӣ мушарраф гардид. Аммо ӯ кифояту коршоямии падарро надошт. Ба ӯ зарур омад, ки ошӯбу фитнаҳои дохилиро сомон бахшад. Аз ҷумла амаки ӯ Исҳоқ ибни Аҳмад, ки ҳокими Самарқанд буд, барои ба даст овардани тахт бар муқобили амири сомонӣ даст ба шӯриш зад. Ин шӯриш пахш гардид ва Исҳоқ ба ҳабс андохта шуд. Тадбири дигари Аҳмад ба даст овардани Сиистон дар соли 908 ба ҳисоб мерафт. Дарбориёну давлатмардони сомонӣ низ нисбат ба ӯ ба чашми камэътиборӣ назар дӯхтанд. Аз ҷумла ҳокими Гургон Борс ал-Кабир чун аз марги Исмоил огоҳ шуд, ба Бухоро молиёт фиристоданро қатъ кард ва чун аз ҳаракати сипоҳи сомонӣ огоҳ шуд, ба тарафи Бағдод фирор карда, бо додани маблағи зиёд ба халифа паноҳ бурд[1]. Яке аз ононе, ки муқобили ҳукумати марказӣ бархост ҳокими Рай буд. Ин мулкро ҳанӯз Исмоил ба бародарзодааш Абусолеҳ Мансур бини Исҳоқро дар онҷо ҳоким гузошта буд. Аҳмад бо машақати зиёд ин ошӯбҳоро пахш кард[2].

Ҳуҷуми туркҳо вироиш

Нӯкарони кирояи турк аз сиёсати Аҳмад ибни Исмоил норозӣ буданд. Соли 912 туркҳо бо лашкари зиёде ба қаламрави Сомониён ҳуҷум оварда, даст ба ғорат заданд ва бештар аз 20 ҳазор мардуми муқимиро ба асорат бурданд. Аҳмад ибни Исмоил бо лашкаре қавӣ ин фитнаро дур карда, қисми зиёди асиронро аз туркон кашида мегирад ва теъдоди зиёди турконро низ ба асорат мебарад. Ин пирӯзӣ чунон таъсире дар ҷомеа дошт, ки худи амири сомониро низ рӯҳбаланд карда, бар он дошт, ки ӯ аз халифа тақозо кард, то вилоятҳои Форс ва Кирмонро низ ба ӯ бахшад, аммо халифа танҳо Кирмонро ба ихтиёри Сомониён дод.

Ҳуҷуми русҳо вироиш

Ҳуҷуми дигар ба сарзамини Сомониён аз самти кишвари Рус сурат гирифт. Русҳо тавассути баҳри Хазар бо 500 киштӣ ба сарзаминҳои Табаристон, Дайлам ва Обискун ҳамла карда, мардуми зиёдеро ба қатл расониданд ва занону кӯдакони зиёдро ба асорат бурданд. Шаҳри Сораи Мозандаронро русҳо ваҳшиёна ба оташ кашиданд. Ҳуҷуми русҳо ба солҳои 909910 рост меояд.

Марг вироиш

Нӯкарони кирояи турк аз сиёсати Аҳмад ибни Исмоил норозӣ буданд, бинобар ин ӯ аз дасти ғуломони худ кушта шуд. Аз ин рӯ Аҳмад бо лақаби «амири шаҳид» маъруф гардид[1]. Ба тахт писари 8-солаи Аҳмад ибни Исмоил Насри II ибни Аҳмад нишаст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011, — С. 103—104.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — С. 7.

Адабиёт вироиш