Аҳром (ар. أحرام‎ — ҷамъи ҳирам), пирамида — иншооти бузурги меъмории аҳромшакли давраи атиқа, ки деворҳои он зинамонанд ва баъзан ҳамворанд. Мақбараҳои азими фиръавнҳои Мисри Қадим (ҳазорсолаи 3 то м. — садаи XVIII то м.) — «Маъбади Офтоб» дар шаҳри Пеленкеи Мексика (нимаи дуюми садаи VII) ва баъзе иншооти пойтахти астекҳо — шаҳри Теночтитлан (Мексика) аз ҷумлаи аҳром мебошанд. Қадимтарин аҳром ҳарами фиръавн Ҷосер дар Саккара (асри 28 то м.) буда, дар шакли аҳроми зинадор сохта шудааст. Ин ҳарамро Имхотеп бино кардааст. Ӯ аз аввалин донишмандони машҳури замонаш буд, ки бинои сангӣ сохтааст. Аҳроми Ҷосер маркази маҷмаа (ансамбл)-и меъмории давраи атиқа буда, масоҳаташ 544,9 × 277,6 м аст. Девораш 14,8 м ғафсӣ ва 9,6 м баландӣ дорад. Баъдтар аҳромҳо ба шакли маншур (призма)-и чорпаҳлу сохта мешуданд, ки намунаи онҳо аҳроми фиръавнҳо Хеопс, Хефрен ва Микерин (Ҷиза) мебошанд. Боҳашаматтарин аҳром ҳарами Хеопс буда (ҳазораи 3 то м., баландиаш 146 м.) — мувофиқи маълумоти Ҳеродот онро дар давоми 20 сол 100 ҳазор ғулом сохтаанд. Хусусияти фарқкунандаи аҳромҳои Ҷиза дар он аст, ки дар сохтмони онҳо мисли аҳромҳои Ҷосер аз имконоти зинатию ороишии санг ба хубӣ истифода кардаанд. Дар сохтани аҳромҳо хишти пухтаро низ истифода мебурданд, ки инро дар ҳарамҳои зинадор мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҳарами Хеопс

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш