А́ҷам (ар. عجم‎) — мафҳумест, ки тарзи навишташ ба алифбои арабии форсӣ сегуна буда, мувофиқан се маънии гуногун дорад: аввалан: اجم — ба як маънии мушаххас, «беша», меояд (муқоиса шавад: «шери аҷам»), сониян: ءجم -(а) номи муштараки халқҳои ориётабори форс — тоҷик ва (б) ҷойҳои будубоши онҳо, солисан: اءجم — ду маънӣ дорад: (а) «кундзабон» (маънои луғавӣ) — ба қавли муаллифи «Ғиёс-ул-луғот», «он ки ба забони арабӣ сухани фасеҳ гуфтан натавонад» яъне чун мардуми дигар мамолик ба билоди араб мерафтанд ва аз боиси новоқифии забони арабӣ бо арабҳо камо ҳаққа, муколама карда наметавонистанд, арабҳо онҳоро аҷам ё уҷм меномиданд. Ва (б) гунг ва аъҷамӣ — нодон, «мардумони ғайриараб». Ин ду тарзи навишти «А.» ва фарқи маъниҳои хосси он дар матнҳои исломӣ зикр шудаанд. Масалан, дар Қуръон عجم (аҷам) истифода шудаст: «Агар онро ба яке аз аҷамон нозил мекардем, боз ҳам (мушрикон) бадон имон намеоварданд» (сураи «Шуаро», ояти 198). Валекин дар ҳадис, чун мушахассан ба аҳли Форс ишорат рафта, ءجم (Аҷам) корбаст шудааст. Албатта дур нест, ки баъди фатҳи мулки Эрону Турони таърихӣ дар шуури иҷтимоию сиёсии арабҳои музаффар «аъҷам» ё «аҷам» ҳамчун рамзи бартарии фарҳангии нажоди сомӣ бар нажоди ориёӣ нақш баста бошад. Ба ҳар ҳол дар аҳди Умавиён таҳқиру таъни аҳли Аҷам авҷ гирифт. Ва бар асари ҳамин хурдагирии хурдандешона аст, ки дар охири асри 8 дар Ориёзамин вокуниши зиддиарабие мавсум ва маъруф ба «ҷунбиши шуубия» падид омад. Дар зеҳни таърихии мо нақши ин ҳаракати фарҳангию иҷтимоӣ чунон банур аст, ки шиори шуубия ба зарбулмасали тоҷикӣ табдил ёфта: «Гузашт, он ки Араб таъна бар Аҷам мезад». Валекин, ҳарчанд, ки арабҳо ҳомилу ҳомии дини нав буданду дар оғози бархӯрди сиёсию низомии Арабу Аҷам ғолибон мафкураи рӯҳонии худро бар мағлубон ба зӯри шамшер талқин карда буданд, шуубия рангу раванди зиддиисломӣ пайдо накард. Баръакс, назарияпардозони ин ҷунбиш дар муборизаи нобаробарашон барои барқарор намудани мақоми таърихию фарҳангии аҷамон аз тавонмандиҳои иҷтимоии ислом (талқини бародарию баробарии мусулмонон) ҳамаҷиҳата истифода бурдаанд. Фарҳангиён ва ҳатто бархе аз адабиётшиносони Эрони муосир ءجم-ро аз اءجم ба ҳадде, ки бояд, фарқ накарда ва Аҷамро умуман номи таҳқиромез пиндошта, аз истифодаи он ҳанӯз ҳам ҳазар мекунанд, ҳол он ки Аҷамро Хоқонӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалии Балъамӣ, Асадии Тусӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ ва диг. ватандӯстони асили ориётабор кор фармудаанд, ки ному насабашон мояи ифтихори таърихию фарҳангии ҳар як тоҷику эронии им­рӯзӣ мебошад. Ва низ ҳақиқати таърихист, ки аҳли фазлу дониши Варазрӯду Хуросон Аҷамро ҳамчун исми таъ­рихии худашон ва сарзаминашон пазируфтанд. Гузашта аз ин, баробари ба Ҳинду Покистони кунунӣ омадани муҳоҷирони тоҷик (ба қавли мардуми маҳаллӣ «вилоятзо») ва ба мақоми баланди маданию сиёсӣ расидани забони форсӣ ба гунаи шарқиэронӣ (аз аҳди Султон Маҳмуд сар карда то оғози истилои англис) Аҷам ба он ҷо низ паҳн гардид. (Таваҷҷуҳ шавад ба унвони осори хаттии он диёр: луғатномаи «Баҳори Аҷам», таърихномаи ада­бии Шиб­лии Нӯъмонӣ «Шеър-ул-Аҷам», девони форсии Муҳаммади Иқбол «Забури Аҷам» ва диг.) Дар зимни ин ашрофи илму адаби Варорӯду Хуросон ду тадбири шуубигунаро ба кор бурданд. Аввалан, Аҷамро аз рӯйи шакл (морфология) ва мазмун (семантика) тасниф карда اءجم ва ءجم -ро ҳамчун воҳидҳои луғавии мустақил аз ҳам ҷудо карданд. Сониян, барои ءجم ваҷҳи тасмияе сохтаанд, ки як маънии тамоман бикрро ба миён овард. Бино ба ин таъбири этимологӣ, Аҷам аслан аз номи ориёии «Ҷам(шед)» баромадааст, ки ба гунаи «ал-Ҷам» арабӣ шуда, дар талаффуз «лом»-ашро гум кардааст. Барои қадр кардани ин ду тадбир бояд донист, ки иқдоми мазкур зодаи як замони фархунда аст; як даврони хуҷастае, ки онро ба куллияти хеш Эҳёи Аҷам унвон кардан айни воқеияти таърихист. Ва он тадбирҳо мисли саъю кӯшиши бесобиқаи Абуалии Сино барои собит кардани қудрати илмии забони порсии дарӣ (тавассути навиштани «Донишнома») як бахши муҳимми ҳамин растохези сиёсию фарҳангӣ мебошад, ки ӯро хитобаи манзуми Фирдавсӣ «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ» ҳусни оғоз бахшидааст. Ва аз ғурури инқилобии Эҳёи Аҷам аст, ки дар майдони ҳарбу зарби шуубиён низ гоҳ-гоҳ турктозиҳои идео­логӣ рух додаанд; ҷо-ҷо худнигарӣ ҷойгузини худгарӣ шуда, баробариҷӯйӣ ба бартариҷӯйӣ табдил ёфтааст. Масалан, дар қасидаи Асадии Тусӣ «Мунозираи Арабу Аҷам» оҳанги ватандӯстии ориёӣ ба ҳадде баланд аст, ки аҷамӣ ҳат­то Иброҳими Халилуллоҳро ҳам ориёиасл мехонад! Вақте ки араб дар ғояти ифтихор аз Муҳаммад ёд мекунад, аҷамӣ бо забони Тусӣ мегӯяд:

Гӯйӣ, ки зи мо буд Муҳаммад, сара фахрест.
Лекин ба ту-бар ҳаст ҳамин лафзи ту товон.
З-он к-асли Муҳаммад зи Халили набӣ омад
Ва з-аҳли Аҷам хост Халил аз буну бунён!

Асадии Тусӣ инро шояд барои тафсондани бозори баҳси Арабу Аҷам гуфта бошад. Вале дар Қуръон як ишораи ҷолиб ҳаст. Он ҷо (сураи «Анъом») номи падари Иброҳим «Озар» унвон шудаст, ки вожаи сирф порсист ба маънии «оташ». Дар суннати зардуштӣ Озар номи «Оташи Муқаддас» аст, ки дар ҳафт оташкадаи бузурги муғон воқеъ дар Эрону Турони ориёнишин фурӯзон буда. Онҳо номҳои хосси астрологӣ доштанд. Масалан, оташкадаи сеюм Озари Баҳром ном дошт. («Баҳром» исми сайё­ра­ест, ки ба арабӣ «Миррих» гӯянд). Ва дар адабиёти риво­ятӣ ишорае рафта, ки Иброҳим муарраби Баҳром аст! Барои дарк кардани тобишҳои маънои таърихию фарҳангии «аъҷам» онро мавриди таҳлилу таҳқиқи муфассали фарҳангшинохтӣ қарор додан мебояд, яъне таҳлили этимологиро бо таъбири семантикӣ пайваста, дар ин замина ба тааммули ҳерменевтикӣ пардохтан.

Сабаб ин аст, ки мафҳуми мазкур зодаи як падидаи куллии рӯҳонию равонист, ки фақат ба вижагиҳои таърихи муносибатҳои қавмҳои ориёӣ ва сомӣ хос нест; чандин мардуми ҳамсояро метавон ном гирифт, ки дар оғози зуҳури таърихи­ашон бошандагон дунёро ба худию бегона тақсим карда, бегонаҳоро «сиёҳ» намудаанд. Масалан, халқҳои уславонӣ аз аҳди қадим олмонӣ ва ҳамтаборони эшон, хосса шведӣ ва даниягиро «немис» («ньмьць») унвон мекунанд, ки айнан муродифи ҳамон «аъҷамӣ» ба маънии «кундзабон» ё «гунг» аст. Юнониёни қадим ҳам муоширати таърихиа­шонро бо ҳамсояҳои дуру наздикашон аз тазодди ҳам­монанд оғоз кардаанд: эшон ҷамеи мардумони ғайрию­нониро «барбарӣ» мехонданд! Бостонитарин аҷдоди мо ҳам аз қатор намонда, тамоми дунёро ба ду қитъаи нобаробар — «Эрон» ва «Нерон» ҷудо карда, худро ба сойири ҷаҳо­ниён муқобил гузошта буданд. Минбаъд ин муқобала аз шуури устуравӣ ба шуури ҳамосавӣ гузашта, тазодди «Эрон» ва «Турон»-ро тавлид кард. Аммо баъд… пиндору рафтори қадимтарин наслҳои одамӣ натиҷаи ҷаҳолат ё хурофот набуд. Барои ба маъ­нии фарҳангшинохтӣ ва мароми таърихии фаъолияти ақлонии пешаҳдони бостониамон сарфаҳм рафтан сарчашмаи маънавии пиндору рафтори онҳоро дарёфтан айни муддаост. Сарчашмаи матлубро метавон намунаи азали (архетип)-и дугонагию бегонагӣ унвон кард, ки рагу решаи рӯҳонию равонии муқобалаи «Мо» ва «Онҳо»-ро об медиҳад — тариқи хосси ҷаҳоншинохтие оганда аз хусумату хушунатро, ки дар татаввури хештаншиносии инсоният як зинаи қонунӣ ва ногузир буд. Ва чун истеҳкоми маъ­навии ин эҳсос дар таҳтуззеҳни ҳар як фарди одамӣ ба гунаи «Ман» ва «Ту» ҷойгир шудаст, шиддати вайро паст кар­дан мумкин бошад ҳам, хомӯш кардан амри муҳол бувад. Ва акнун дар замони мо архетипи дугонагию бегонагӣ сурату сирати идеологӣ гирифта, раванди умдаи тафаккури сиёсиро муайян мекунад. Агар ин тавр набуд, магар «Ғарб» ва «Шарқ» — қутбҳои таърихию фарҳангие, ки дар замони атиқаи юнонӣ ташаккул ёфта буданд, то кунун боқӣ мемонданд? Зиёда аз ин, аз рӯзи ҳамлаи терроргарони мутааассиби хориҷӣ ба Амрико (тирамоҳи соли 2011) муқобалаи куҳанбунёди Ховару Бохтар то­бишҳои нави сиёсию идеологӣ пайдо намуда, ҳамчун бархӯрди оштинопазирони «Ғарби яҳудию насронӣ» ва «Шарқи исломӣ» вонамуд гашт, ки ҳамлаи низомии ИМА ба Афғонистон ва Ироқ зуҳури мушаххаси он аст. Ба иллати тафриқи зотулбайн будани ин бурхӯрд бо муборизаи идеологӣ ба ҳадде тезу тунд шуд, ки ҳатто ин ақидаҳои дақёнусие чун нажодпарастӣ аз нав ҷон гирифта, муҳити муносибатҳои байналмилалиро заҳролуд карданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Асадии Тусӣ. Мунозираи Арабу Аҷам // Ученые записки Института востоковедения. М., 1958; Ғиёс-ул-луғот. Ҷ. 1-3. Д., 1987—1989;
  • Муртазо Мутаҳҳарӣ. Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон. Д., 2007;
  • C. E. Bosworth. Ajam, Encyclopedia Iranica. Vol. I. Fasc. 7, pp. 700–701;
  • Акбар Турсунов. Эҳёи Аҷам. Д. 1984 (Акбари Турсон).

Сарчашма вироиш