Аҷмир (англ. Ajmer, ҳиндӣ: अजमेर, урду: اجمیر) — шаҳр дар шимолу ғарби Ҳиндустон, иёлати Раҷастхон, маркази маъмурии музофоти Аҷмир.

Шаҳр
Аҷмир
ҳиндӣ: अजमेर /ədʒmeːr/
англ. Ajmer
26°16′12″ с. ш. 74°25′12″ в. д.HGЯO
Кишвар Ҳиндустон
Иёлат Раҷастхон
ноҳия Аҷмир (округ)
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 8,48 км²
Баландии марказ 486 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+05:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ 551 360[1] тан (2011)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 145
Нишонаи почта 305001
ajmer.nic.in
Аҷмир дар харитаи
Аҷмир
Аҷмир
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё вироиш

Аҷмир дар доманаи қаторкӯҳҳои Аравалли ва кӯли Ана Сагар воқеъ аст. Аҳолии Аҷмир 551,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад(2011).

Таърих вироиш

Аҷмир аз тарафи ҳокимони сулолаи Чауханҳо дар садаи VII бунёд шуда, то садаи XI таҳти итоати ин сулола қарор доштааст. Султонигарии Деҳлӣ (князигарии Раҷпут) низ Аҷмирро то соли 1365 зери тасарруфи худ нигоҳ доштаст. Соли 1556 ба он Империяи Темуриёни Ҳинд таҳти роҳбарии Акбаршоҳ фармонравоӣ кардааст ва дар ин давра наҳрҳо ва қасру кӯшкҳо бунёд гаштаанд. Аз соли 1818 Аҷмир зери мустамликаи англисҳо қарор гирифт.

Замони муосир вироиш

Айни замон шаҳри Аҷмир маркази зиёратгоҳи мусулмонон буда, дар он мақбараи шайхи бузурги равияи суфия Муинуддини Чиштӣ (1143–1235) маҳфуз мондааст. Миё­ни мусулмонони Ҳиндустон зиёрати ҳафткаратаи ин мақ­бара ба ҳаҷҷи Макатуллоҳ баробар дониста мешавад. Дар Аҷмир мадфани бузургони аҳли илму дини тоҷикон низ мав­ҷуд аст.

Ёдгориҳои меъморӣ вироиш

Аз ёдгорҳои меъмории милии Аҷмир маъбади ҷай­ниҳо (1153, дертар масҷид шудааст), Қасри мармарини Акбаршоҳ (асри 16, ҳоло осорхона) ва Қасри Шоҳиҷаҳон (ҳол­о дар ҳолати валангор) боқӣ мондаанд. Айни замон Аҷмир маркази муҳимми тиҷорат, нақлиёт ва ҳунармандии мамлакат мебошад.

Дар Аҷмир корхонаҳои саноати кашбофӣ, дору­со­зӣ ва собунпазӣ фаъолият мекунанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Urban Agglomerations/Cities having population 1 lakh and above(англ.). Provisional Population Totals, Census of India 2011. 3 сентябри 2012 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

Сарчашма вироиш