Аҷмон, Уҷмон (ар. عجمان‎) — шаҳр, яке аз шайхнишиниҳои ташкилдиҳандаи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҷануби халиҷи Форс. Масоҳаташ 250 км², аҳолиаш 225.000 нафар (2003). Хурдтарин узви Иморот ва нодортарини онҳост. Пеш аз таъсиси Иморот (1971) ҷузви Аморати мусолиҳатӣ ва таҳти нуфузи Британия буд. Аҷмон аз се бахши гуногун ташкил шудааст, ки бузургтарини онҳо аз се тараф ба Шарҷа ва аз як тараф ба халиҷи Форс ҳамсарҳад аст. Маркази ин шайхнишин шаҳри Аҷмон аст, ки аз рӯйи нуфуси аҳолӣ панҷумин шаҳр дар Иморот мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Аҷмон
ар. عجمان (مدينة)
Парчам
Парчам
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 14 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
ajman.ae
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҷмон аз қадим минтақаи моҳигирӣ ва дарёфти марворид ба шумор мерафт. Аҷмон ҳамчун шаҳр то ба қарибӣ на он қадар бузург буд. Танҳо солҳои охир ба туфайли муттаҳид шудан бо Шарҷа ва Дубай бо аҳолии тақр. 3 млн нафар шаҳри Аҷмон инкишоф ёфт. Шаҳр дар соҳили халиҷи Форс воқеъ буда, аҳолии он ба сохтани киштиҳои анъанавии бодбонии арабӣ ва киштиҳои ҳозиразамон аз маводди пластикӣ (маснуӣ) машғул аст. Шаҳри Аҷмон бандари баҳрӣ дорад, корхонаи хонасозӣ ва таъмири киштӣ низ дар он мавҷуд аст. Дар шаҳр бо осорхонаи таърихии ғанӣ аз намунаҳои бозёфтҳои ҳафриётӣ, дастнависҳои қадимӣ ва аслиҳа мавҷуд аст. Он ҳамчунин бурҷи мураббаи дидбонии масҷиди ан-Наума ва майдони мудаввари шутурдавонӣ дорад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • دانشنامۀ دانشگستر. ج۲. تهران، ۱۳۸۹

Сарчашма вироиш