Баврак Ғафуров (тав. 15.10.1935, деҳаи Билисуфи ноҳияи Данғара) — олим, доктори илмҳои биологӣ (1992), профессор, (1994), узви Академияи илмҳои Ню-Йорки ИМА (1995), узви вобастаи Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (1998).

Баврак Ғафуров
Баврак Ғафуров
Таърихи таваллуд 15 октябр 1935(1935-10-15) (88 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Ҷоизаҳо Ордени Шараф, «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоён»

Зиндагинома вироиш

Соли 1961 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1961–2003 лаборанти калон, ассистент, муаллими калон, дотсент, мудир ва профессори кафедраи физиологияи одам ва ҳайвонот, декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Солҳои 2003–2004 ҳамчун профессори кафедраи физиологияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, 2004–2005 муовини директори Пажӯҳишгоҳи давлатии «Ғизо» кор кардааст. Аз соли 2005 мудири кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва монографияҳо мебошад. Хулосаи тадқиқотҳои илмияш дар бисёр маҳфилҳои илмии байналмилалӣ (дар Маҷористон, Ҳиндустон, Эрон, Россия) қироат шуда, худи ӯ дар радифи физиологҳои машҳури Аврупо шинохта шудааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоён» ва ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Нигаред низ вироиш

Осор вироиш

  • Ташнагӣ ва рафтор дар шароити экстремалӣ. – Д., 1995 ва диг.

Пайвандҳо вироиш