Багрóм — шаҳри бузурги замони Кушониён.

Маҳалли аҳолинишин
Багром
форсӣ: بگرام
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 492 м
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вожашиносӣ вироиш

Калимаи багром аз ду бахш: баг, бог (Худо) ва ром — хуш ва шодмонист. Дар замони Кушониён яке аз марказҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ буд.

Ҷуғрофия вироиш

Багром дар масофаи 60 км аз Кобул, дар доманаи Ҳиндукӯҳ воқеъ аст.

Таърих вироиш

Дар маъхазҳои қадим бо номи Каписо (ҳоло ба ин ном вилояте дар Афғонистон машҳур аст), яке аз вилоятҳо дар доманакӯҳи Паропамисад (ҳоло Ҳиндукӯҳ) ёд шудааст.

Меъморӣ вироиш

Биноҳо аз хишти хом болои пойдевори сангин сохта шудаанд. Ҳафриёти Багром нишон дод, ки он дар садаҳои 2-1 то м. ва 1-5 м обод будааст. Шаҳр бо нақшаҳои меъморон сохта шуда, кӯча, хиё­бонҳо, биноҳо бо тартиб ҷо ба ҷо мебошанд. Девор­ҳои муҳофизатӣ ростанд ва дар масофаи 18-20 м дар он бурҷ­ҳои тирандозии баробарпаҳлу ё худ тиркашҳо сохта шудаанд. Дар натиҷаи ҳафриёт се қабати замони рушди шаҳр муайян шудаанд. Қабати якум ба замони пайдо шудани он, ба асрҳои 2-1 то милод нисбат дорад. Зарфҳо, олоту ашёи рӯз­гор бо санъати баланди ҳунармандӣ сохта шудаанд. Зарф­ҳои Багром — замони қабатҳои 1 бо рангҳои сиёҳу хокис­тарӣ ва сурх оро ёфтаанд. Дар замони қабатҳои 2 зарф­ҳои дорои ранги хокистарӣ ба қадаҳҳои пошнадори сиёҳу лоҷвардӣ иваз шудаанд. Дар Багром зарф­ҳои саҳроӣ, ки як тарафашон ҳамвор аст ва барои дар хурҷин ва ё бевосита дар пушти астарони боркаш бор кардани онҳо сохта шудаанд, ёфт гардидаанд, ки нишонаи омадани мардуми саҳронишин мебошанд. Дар байни бозёфт­ҳои Багром зарфҳои шишагин бо расмҳои қаҳрамонҳои устуравии Юнону Рум ба монанди Ҳеракл, Амур ва ғ. бисёр мебошанд. Махсусан бозёфтҳои аз устухони фил тарошидашуда бо симои канизакҳо, раққосон ва сарояндагону навозандагон хеле ҷолибанд. Онҳо бо санъати баланди тасвирӣ ҳаккокӣ шуда, ба асрҳои 2-3 милод тааллуқ доранд. Сабки санъати тасвирии дар устухони фил иҷрошу­да ба сабки ёдгорҳои Матхура монанд аст. Дар ин сабк омезиши санъати тасвирии ҳиндуюнонӣ ва маҳаллӣ му­шо­ҳида мешавад. Қабати сеюм ба асрҳои 3-5 милодӣ мансуб буда, бино­ҳои истиқоматии ин давра аз хонаҳои ду, се ва чору панҷ­ҳуҷрадор иборат мебошанд. Бештар ёдгорҳои сан­ъа­ти тас­вирӣ аз қасри сарвари шаҳр пайдо шудаанд. Де­ворҳои қаср хеле ғафсу устувор буда, дорои бурҷҳои тирандозии мудавваранд. Багром яке аз шаҳр­ҳои мута­раққии тиҷоратӣ, ҳунармандӣ ва меъморӣ дар асрҳои зикршуда буд. Шаҳр дар охири садаи IV ва аввали садаи V аз тарафи шо­ҳи Сосо­ниён Шопури I ва Ҳайто­ли­ён хароб карда шуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Массон В. М., Ромодин В. Д. История Афганистана. Т. 1. Москва, 1964.

Сарчашма вироиш