Байрамхон (форсӣ: بيرام خان‎, Муҳаммад Байрамхон ибни Сайфалибек; 1501, Қалъаи Зафари Бадахшон — 31 январи 1561, Гуҷарот) — яке аз амирон ва вазирони силсилаи Темуриёни Ҳинд. Арбоби намоёни даврони Бобуриён, шоир. Писари Сайфалибек аз тоифаи Баҳорлии туркман.

Байрамхон
بيرام خان
Қатли Байрамхон дар Гуҷарот дар соли 1561
Қатли Байрамхон дар Гуҷарот дар соли 1561
Вакили Мутлақи
силсилаи Темуриёни Ҳинд
1556 — 1560
Ҷонишин Мунъимхон
Таваллуд 18 январ 1501
Даргузашт 31 январ 1561 (60 сол)
Ҳамсар Салима Султонбегим[d]
Фарзандон Абдураҳим Хони Хонон[d]
Эътиқод ислом
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Дар Балх таваллуд шудааст. Дар мадрасаи маҳаллӣ таҳсил намуда, забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркиро аз худ кард. Аз 16-солагӣ дар хидмати Бобуриён; аввал ба хидмати Заҳируддини Бобур (1482—1530), сипас шаҳзода Ҳумоюн пайваст. Соли 1534 соҳиби мансаби муҳрдор гашт. Ҳумоюн дар 19-солагӣ (1530) ҳукуматро ба даст гирифт. Футуҳоти падарро давом доданӣ шуда, хост ҳукумати муттаҳидаи Молва ва Гуҷаротро ба итоати худ дарорад, аммо шикаст хӯрд. Дар ин ҳангом афғонҳои Бангола бо сарварии Шершоҳи Сурӣ бар зидди Ҳумоюн қиём карданд (1539) ва ӯро маҷбур сохтанд, ки ба Синд ва сипас ба Эрон фирор намояд (1540). Байрамхон низ дар рикоби Ҳумоюн ба дарбори шоҳ Таҳмосби Сафавӣ паноҳ ҷуст. Ҳумоюн ба муддати 15 сол қаламрави худро аз даст дод ва сипас ба ёрии Таҳмосби Сафавӣ муваффақ шуда, дар Ҳинд ҳукумати худро дубора таъсис намуд (1555). Байрамхон барои истиқрори салтанати Ҳумоюн дар Ҳинд саъйи бисёр кардааст.

Ҳукумат вироиш

Баъди фавти Ҳумоюн (1556) Байрамхон чун «ноибу-с-салтана»-и Ҳинд асбоби ба тахт нишастани писари Ҳумоюн Ҷалолуддин Акбарро фароҳам овард. Ӯ барои нобуд сохтани мухолифони Акбар мубориза бурда, то ба манзилати император расидани ӯ саъй кард, вале баъдан байни Байрамхон ва Акбар ихтилоф афтод. Дар натиҷаи фитнаву макри дарбориён Байрамхон аз ҳокимият маҳрум гашта (1560), соли 1561 ҳангоми сафари ҳаҷ дар шаҳри Гуҷарот ваҳшиёна кушта шуд ва ҷасадашро хешовандонаш (мувофиқи васияташ) ба Хуросон оварда, дар Машҳад ба хок супурданд.

Шоирӣ вироиш

Байрамхон истеъдоди шоирӣ дошт. Аз ӯ девонҳои мухтасари ашъори форсию (608 байт) туркӣ (359 байт) ва ашъори пароканда дар тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондаанд. Дар шоирӣ «Байрам» тахаллус мекард. Байрамхон дар навъҳои адабии қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғ. дар мавзӯъҳои мадҳ, ишқ, мазаммати ҳарисию дурӯӣ ва ғ. асарҳо эҷод кардааст. Забони ашъораш содаву равон аст. Дар осори ӯ таъсири шоирони шинохтаи форс-тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва диг. ба назар мерасад. Байрамхон дар дарбори худ маҳфилҳои адабӣ меорост, андешаҳои худро оид ба навиштаҳои шоирон баён менамуд, намояндагони илму фарҳанг, адибонеро, ки аз Хуросону Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон омада буданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ мекард. Намунае аз ашъори Байрамхон:

Байрамо, дар мулки сурат подшоҳӣ хуб нест,
Хуш бувад, гар дар раҳи маънӣ гадоӣ мекунӣ.

Осори нашршуда вироиш

  • Divan og Bayramkhan. Karachi, 1971.

Адабиёт вироиш

  • Босворт К. Э. Мусульманские династии. М., 1971;
  • أحمد گلچن معانی. کاروان هند. ج. ۲ مشهد، ۱۳۶۹ هـ. ش؛
  • دانشنامۀ أدب فارسی. أدب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلدیش) ج.۴، بخش ۱. تهران، ۱۳۷۵ هـ. ش.؛
  • دهخدا. ج. ۱۱. تهران، ۱۳۴۳ هـ. ش؛
  • س. لین پول. تاریخ دولتهای اسلامی و خانه دانهای حکومتگر. ج.۲. ترجمۀ صادق سجادی، تهران، ۱۳۷۵

Сарчашма вироиш