Байти восила (форсӣ: بیت واصله‎), байти тарҷеъбайтест, ки асосан дар шакли шеърии тарҷеъбанд офарида мешавад. Шоир баъди ҳар банди шеър як байтро такрор меорад, ки барои тақвияти баёну истеҳкоми сухан ва иртиботи умумии бандҳои шеър хидмат мекунад. Байти восила дар ашъори шоирони гузаштаи форсигӯ хеле зиёд ба назар мерасад. Яке аз беҳтарин намунаҳои он байти

Биншинаму сабр пеш гирам,
Дунболаи кори хеш гирам.

аз тарҷеъбанди Саъдии Шерозист, ки бо байти

Эй сарви баланди қомати дӯст,
Ваҳ-ваҳ, ки шамоилат чи некӯст

оғоз ёфта, ҳар банд ба ҳаҷми як ғазал идома меёбад. Аз ин ҷо, метавон гуфт, ки байти восила воситаи ба ҳам пайвастани чанде аз ғазалҳост. Дар адабиёти тоҷик тарҷеъбандҳое дучор меоянд, ки бандҳои чаҳормисраӣ доранд ва бо байти восила ба ҳам пайваст мешаванд. Мас., шоири садаи XIX Қурбони Вардонзеҳӣ гуфтааст:

Эй зуҳраҷабини моҳманзар,
Дандону лаби ту дурру гавҳар!
Хуш омадӣ ҳамчу рӯҳ дар бар,
Кай медиҳамат зи даст дигар?!
Домони ту, эй бути ситамгар,
Сар медиҳаму намедиҳам сар!
                      * * *
Эй ғунчадаҳони сарвандом,
То кай ба фиребу ваъдаи хом
Дорӣ ту маро зи васл ноком?!
Ҳарчанд кунӣ ҳазор дашном,
Домони ту, эй бути ситамгар,
Сар медиҳаму намедиҳам сар!

Дар назми тоҷикии даврони шӯравӣ ва замони истиқлол ҳам шеърҳои дорои байти восила ба назар мерасанд. Аз ҷумла, шеърҳои «Ба Модар – ба Ватан», «Симурғи пӯлодини мо»-и А. Деҳотӣ, «Оҳанрабо»-и М. Турсунзода ва ғ. Байти восила доранд, вале аз тарҷеъбанди маъмулӣ фарқ мекунанд. Дар баъзе сурудҳо (мас., «Суруди озодӣ» – «Марши ҳуррият»-и С. Айнӣ, «Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Гулназар ва ғайра) байти восилаи чаҳормисраӣ ва думисраӣ оварда шудаанд, ки онҳоро нақарот мегӯянд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Раҳмонов Ш. Байт ва муносибати он дар шеър. Д., 1980;
  • Раҳмонов Ш. Таҳаввули воҳидҳо ва созмони жанрҳои лирикӣ дар назми форсу тоҷик. Д., 2010.

Сарчашма вироиш