Балаҷон Пирназаров

Балаҷон Пирназаров (тав. 09.11.1939, ш. Норак – ваф. 19.03.1997, ш. Душанбе), биолог, номзади илмҳои биологӣ (1975), дотсент (1982).

Балаҷон Пирназаров

Зиндагинома вироиш

Соли 1963 факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1963–1964 муаллими мактаби миёнаи №1 ш. Норак, 1964–1965 афсари Артиши Шӯравӣ, 1965–1966 муаллими мактаби миёнаи №1 ш. Норак, 1966–1967 муовини директори мактаби миёнаи №5 ш. Норак, 1967–1970 директори мактаби миёнаи №1 ш. Норак, 1970–1971 ассисенти кафедраи химияи органикӣ, 1971–1974 аспиранти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1974–1976 муаллими кафедраи химияи органикӣ ва билогии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1976–1981 ҳамчун муаллими калони кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1981–1997 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 25 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи донишгоҳи омӯзгорӣ қадр карда шудааст.

Осор вироиш

  • Химия ва биохимияи сафедаҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1995;
  • Исследование суммарных глобулинов семян кунжута на гидроксилапатите(бо ҳаммуаллифӣ)//Вестник Педагогического университета, № 8, Д., 1997.

Пайвандҳо вироиш