Балоғáти ҷинсӣ — давраи ба балоғат расидани организм, яъне пайдо кардани қобилияти афзоиш. Давраи балоғати ҷинсии одамро давраи қадрасӣ ё булуғ ҳам меноманд. Ташаккули ғаризаи ҷинсӣ (шаҳват) дар давраи балоғати ҷинсӣ хеле шиддат меёбад. Дар ин айём духтарон бори аввал ҳайз мебинанд; дар писарон эҳтилом (ихроҷи нутфа ҳангоми хоббинӣ) рӯй медиҳад.

Давраи балоғати ҷинсӣ вироиш

Тағйирот дар организми писарон вироиш

 
Марҳилаҳои булуғ дар писарон

Дар давраи балоғати ҷинсӣ зери таъсири ғадудҳои усораи дохилӣ тамоми организм тағйир меёбад: сабзиши босуръат, пайдо шудани аломат­ҳои дуюмини ҷинсӣ, дар рӯю тани писарон сабзидани мӯй, ғафс гаштани овоз ва ғайра;

Тағйирот дар организми духтарон вироиш

 
Марҳилаҳои булуғ дар занон

Духтарон дар натиҷаи дар зери пӯст ғун шудани чарбу (аввал дар рону сурин) ҷисман пурра, ғадудҳои сина ва устухони косашон калон мешаванд. Духтарон нисбат ба писарон зудтар ба балоғат мерасанд. Аз рӯйи ҳисоби акселератсия (инкишофи бо­сур­ъа­ти организм) балоғати ҷинсии духтарон бояд аз 12-14-солагӣ сар шуда, дар 16-18-солагӣ ба охир расад; он дар писарон аз 13-15-солагӣ оғоз ёфта, дар 16-18-солагӣ анҷом мепазирад.

Оғози балоғати ҷинсӣ вироиш

Муҳлати оғози балоғати ҷинсӣ ба омилҳои гуногун, аз қабили хусусиятҳои ирсӣ, шароити зиндагӣ ва иқтисо­дию иҷти­моӣ, саломатӣ, хӯрок, иқлим ва ғайра низ вобаста аст. Шароити номусоид (зиндагии душвор, хӯроки кам­ғизо, бемо­ри­ҳо ва ғайра) боиси боздошт ё номувофиқатии инкишофи ҷисмонию рӯҳӣ мегардад. Тағйироти организм дар давраи балоғати ҷинсӣ фақат ба дигар­гуниҳои шаҳвонӣ вобаста нест. Дар ин вақт рӯҳияи наврас ва фаъолияти силсилаи асаб­ҳои ӯ низ тағйир меёбад, яъне баробари тағ­йири танзими гормонҳо ва инкишофи ҷис­монӣ рӯҳияи наврасон низ дигар мешавад. Дар ҷа­раёни балоғати ҷинсӣ ба ном шуури ҷинсӣ ташаккул меёбад, яъне наврас ба кадом ҷинс таал­луқ доштанашро мефаҳмад, рафторашро ба мақсаду талаботи одобу ахлоқи ҷамъият муво­фиқ месозад. Дар ин давра ба ҷинси муқобил шавқ пайдо шуда, байни наврасон муносибати хос ташаккул меёбад (ошиқии беғараз — афло­ту­нӣ). Танҳо баъ­ди балоғати ҷинсӣ эҳсоси махсуси шаҳват ва фаъо­ли­яти ҷинсӣ ба вуҷуд омада, шуури болиғи ҷинсӣ ташаккул хоҳад ёфт.

Аломатҳои умумии балоғати ҷинсӣ вироиш

Яке аз хусусиятҳои муҳимми инкишофи ҷисмонии давраи балоғати ҷинсӣ ихтилоли муваққатии таносуби бадан аст. Дасту по нисбат ба ҷисм тезтар инкишоф меёбанд. Бинобар ин ҳаракатҳои наврас дурушт мешаванд. Ӯ ин «кам­буд»-ро дарк карда, ба он махсус диққат медиҳад, дар натиҷа ҳа­ракатҳо бештар ночаспон мегарданд. Қувваю вазни му­шак­ҳои писарон бошиддат зиёд мешавад (вазни му­шакҳо аз рӯзи таваллуд то 8-солагӣ фақат 4 %, дар 2-3 соли давраи балоғати ҷинсӣ ба ҳисоби миёна 12 % меафзояд). Дар ин давра ба андоми писарон, тарзи дар курсӣ нишастани онҳо эътибор додан лозим аст, то ин ки ҳангоми навиш­тану хондан каҷшавии сутунмуҳра пеш­ги­рӣ карда шавад. Дар баробари ин, наврасон пайваста машқ мекунанд. Инкишофи узвҳои дарунӣ аз сабзиши устухонбандӣ ва мушак­ҳо ақиб мемонад. Чунончи, раг­ҳои хун нисбат ба дил зуд­тар инкишоф меёбанд, дар натиҷа фишори хун баланд ва кори дил каме вазнин мегардад. Дар ин давра сарбории организм афзуда, нақси кори дил, чарх задани сар, сианоз (кабуд шудани ранги пӯст), сард гаштани дасту по, дарди сар, хастагӣ падид меоянд. Хусусан хулқу атвори наврас тағйир меёбад. Аз ҳисоби таассуроту ҳис­сиёти нав рӯҳияи наврас ғанӣ, худ серҳаракат, эҳсосот ноустувор ва кайфият пурихтилоф мешавад. Эҳсосоти баланд якҷо бо дилсахтӣ, шармгинии тавъам бо беодобии намоишкорона рух менамоянд. Нобоварию назари танқидӣ ба чизҳои маъмул, тоқатно­пазирӣ ба насиҳати волидайн хосси наврасон аст. Дар ин давра як навъ ҳолати ба невроз монанд, хашмгинӣ, гир­ён­чакӣ (дар духтарон, хусусан айёми ҳайз) ба мушоҳида мерасанд. Падару модар ва омӯзгорон бояд ба наврас муносибати дуруст ва ғамхорона кунанд. Моҳият ва мафҳу­ми биологии ин тағйиротро ба онҳо мулоим фаҳмондан лозим аст. Нав­рас дар ин давра бояд дар шахси волидайн ва омӯзгорон дӯстонеро бинад, ки ба онҳо такя карда метавонад. Дар ин синну сол роҳи дурусти тарбия ҳамин аст, ки наврасон ба фаъолият ҷалб ва аз ҳиссиёти ҷинсӣ дур нигоҳ дош­та шаванд. Дар давраи балоғати ҷинсӣ ҷисман муъта­дил инкишоф ёфтани наврас басо муҳим аст. Барои ин ба хӯрду хӯрок (он бояд серғизо бошад) ва машғулиятҳои ҷисмонии ӯ бояд эътибори махсус дода шавад. Агар дар духтарон баъди 13-солагӣ ва дар писарон баъди 14-сола­гӣ аломат­ҳои ҷинсии дуюмин ба мушоҳида нарасанд, пас, сухан аз боби таъхири балоғати ҷинсӣ меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо ба духтури эндокринолог муроҷиат кардан лозим аст.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш