Банглодеш

кишвар дар Осиёи Ҷанубӣ

Банглоде́ш (банголӣ: বাংলাদেশ), номи расмӣ — Ҷумҳури́и Халқи́и Банглоде́ш[1] (банголӣ: গণপ্রজাতন্ত্রী বাংলাদেশ) — давлат дар Осиёи Ҷанубӣ. Дар Ҷ. онро халиҷи Банғолаи Уқёнуси Ҳинд иҳота намуда, дар Ғ., Шим. ва Ш. бо Ҳиндустон, дар Ҷ. Ш. бо Мянма ҳамсарҳад аст. Дарозии хатти сарҳадаш бо баҳр – 580 км, бо хушкӣ – 4246 км. Масоҳ. 144 ҳазор км2. Аҳолиаш 164 млн нафар (2012), ки 98 дарсадашро банголиҳо ташкил медиҳанд. Пойтахташ шаҳри Дакка (10,8 млн нафар). Шаҳрҳои бузургтаринаш: Читтагонг (3,8 млн нафар), Нараянганҷ (1,5 млн), Кхулпа (1,43 млн) ва Ғозипур 1,2 млн нафар). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 6 вилоят тақсим мешавад. Идҳои миллӣ – Рӯзи истиқлол (26 март), Рӯзи ғалаба (16 декабр). Воҳиди пулӣ – така.

Ҷумҳурии Халқии Банглодеш
банголӣ: গণপ্রজাতন্ত্রী বাংলাদেশ
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллӣ: «Амар шонар Бангла»
Забони расмӣ банголӣ
Пойтахт Дакка
Шаҳрҳои калонтарин Дакка, Читтагонг
Шакли ҳукумат Ҷумҳурии ягона[1]; ҷумҳурии порлумонӣ[2]
Президент Абдул Ҳамид
Нахуствазир Шайх Хасина Вазед
Дини давлатӣ ислом (мазҳаби суннат)
Масоҳат 92-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 144 000[2] км²
 · % сатҳи об 6,4
Аҳолӣ
 · Баҳо (2015) 168 957 745[3] нафар (8-ум)
 · Зичӣ 1154,7 наф./км²
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ (2015) 572,440 млрд долл.
 · ба сари аҳолӣ 3581 долл.
ММД (номинал)
 · Ҳамагӣ (2015) 205,327 млрд долл.
 · ба сари аҳолӣ 1284 долл.
ШРИ (2014) 0,570[4] (миёна142-ум ҷой)
Номи аҳлият бангладешӣ
Воҳиди пул така (BDT, код 050)
Интернет-домен .bd, .বাংলা
Рамзи ISO BD
Рамзи КБО BAN
Пешшумораи телефон +880
Минтақаи замонӣ +6

Сохти давлатӣ вироиш

Банглодеш ҷумҳурии унитарии парламентист. Сарвари давлаташ – Президент (аз тарафи парламент ба муддати 5 сол интихоб мешавад) сарвари ҳукуматаш – сарвазир. Мақоми олии қонунбарораш – Маҷлиси Миллии (300 нафар аъзои он бо овоздиҳии ошкоро ба муддати панҷ сол интихоб мешаванд), якпалатагӣ. 30 ҷойи иловагӣ дар парламент барои занҳои вакил нигоҳ дошта мешавад. Ҳокимияти судиро Суди олӣ ба ҷой меоварад. Банглодеш узви СММ, Созмони Конфаронси Исломӣ, Ассотсиатсияи ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва ғ. мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ дар миёни Банглодеш ва ҶТ марти 1992 барқарор гардидаанд.

 
Дакка

Табиат вироиш

 
Акси кайҳонии минтақаҳо

Қариб 90%-и ҳудуди ҶХБ дар ҳамвории Бангола, наздикии делтаи д-ҳои Гангу Браҳмапутра ҷой гирифтааст. Аз даҳ як ҳиссаи ҳудудашро обҳои дохилӣ ишғол кардаанд. Шим. ва Ш.-и Банглодеш аз ҳамворӣ ва пуштаву кӯҳҳои паст (Читтагонг, баландиашон то 915 м) иборат аст. Дар қисмати Шим., дар сарҳадди Ҳиндустон, пуштаҳои Мадҳупуру Баринд, дар Ш. силсилакӯҳи Лушай ҷойгиранд, ки баландии онҳо аз 300 м зиёд нест. Азбаски ҷараёни кӯҳпайдошавӣ идома дорад, дар ин қаламрав зуд-зуд заминларза ба амал меояд. Аз канданиҳои фоиданок захираҳои гази табиӣ, уран, ангиштсанг, торф ва оҳаксанг мавҷуданд. Иқлимаш субэкваторӣ, муссонӣ. Ҳарор. миёнаи моҳи янв. аз +120 то +250С, июл +23 то +340С. Миқдори бориши солона аз 1800 то 3000 мм буда, бештари бориш ба моҳҳои июл-окт. рост меояд. Обҳои дохилӣ боиси пайдоиши манзараҳо (ландшафтҳо) гардидаанд. Дарёҳои бузургтаринаш Гангу Браҳмапутра. Д. Ганг бо шохоби Браҳмапутра-д. Ҷамиа якҷоя шуда, Падма ном мегирад, ки паҳнои он ба 10 км мерасад. Поёнтар Падма боз як шохоб — Меҳнуро қабул карда, дар шакли густарда ба халиҷи Бангола мерезад. Ҳангоми обшавии пиряхҳои Ҳимолой ва бориши боронҳои мавсимӣ сатҳи д-ҳои Банглодеш баланд гардида, навоҳии қисмати ҷанубии он то се моҳ зери об мемонанд. Олами набототи Банглодешро бештар дарахтони ҳамешасабзи тропикӣ: тик, нахл, бамбук, лиана (изғиҷи пеҷон) ташкил медиҳанд.

 
Сундарбан

Дар Сундарбан — поёноби делтаи Гангу Браҳмапутра бешазори дарахтони мангр мавҷуданд, ки дар Феҳристи осори умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Ҷангалҳои тропикии боқимонда ҳамагӣ 14%-и ҳудуди Банглодешро ишғол карда, дар қисмати ҷан. ва ҷан. шарқӣ паҳн шудаанд. Олами ҳайвоноти Банглодеш ғанӣ ва сернамуд аст. Дар бешазор маймунҳо зиёд буда, аз дарандаҳо бештар бабри банғолӣ, паланг, кафтор ва хирс мавҷуданд. Дар қисми ҷан. ва шарқии Банглодеш фил, лемур, гуроз боқӣ мондаанд. Хояндаҳо низ хеле зиёданд. Дар Банглодеш бештар аз 700 намуди паранда ва ба миқдори зиёд мору тимсоҳу ҳашароти заҳрнок вомехӯранд. Дар обҳои дохилӣ ва халиҷи Банғола шумораи моҳӣ бисёр аст. Барои ҳифзи табиат дар Банглодеш мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ бунёд гардидаанд (боғҳои миллии Мадҳупур ва Читтагонг). Хушксолӣ ва обхезиҳо, бодлесии хок, маҳвшавии бешаҳо, ифлосшавии об (бештар бо пестисидҳо) масоили экологии Банглодеш мебошанд.

Аҳолӣ вироиш

 

Ҳайати этникии аҳолии Банглодеш ҳамгун буда, 98%-и онро банголиҳо ташкил медиҳанд. Дар минтақаҳои шим. ғарбӣ ва марказӣ мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳи дигари этникӣ — биҳориҳо зиёда аз 1 млн буда, аз Шим. Ҳиндустон ба Банглодеш омадаанд, забонашон урдуст. Аҳолии таҳҷоӣ қариб 3 млн нафар буда, дар Шим. Ғ. қабилаи санталҳо, дар Шим. Ш. — кҳасиҳо, ғароиҳо ва дар Ҷ. Ш. чакмаҳо, муронгҳо, мармаҳо сукунат доранд. Зичии аҳолӣ дар 1 км² зиёда аз 920 нафар буда, дар ҷаҳон дар ҷойи аввал меистад. Забони давлатӣ банголӣ буда, забонҳои урду, ҳиндӣ ва англисӣ низ паҳн шудаанд. Сатҳи саводнокӣ 44,1 %.

Афзоиши табиӣ, бо вуҷуди сиёсати демографии камкунии таваллуд, хеле зиёд буда, соле ба 2,5 % мерасад. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 62 сол мебошад. Муҳоҷирати кории ғайрилегалӣ зиёд аст (ба давлатҳои халиҷи Форс, Британия, Малайзия).

Вилоят 1991 2001 2011
Барисал (বরিশাল Borishal) 7463 8174 8147
Дакка (ঢাকা Đhaka) 32 666 39 045 46 729
Кхулна (খুলনা Khulna) 12 688 14 705 15 563
Раҷшахи (রাজশাহী Rajshahi) 14 212 16 355 18 329
Рангпур[5] (রংপুর Rangpur) 11 998 13 847 15 665
Силхет (সিলেট Sileţ) 6765 7939 9807
Читтагонг (চট্টগ্রাম Chôţţogram) 20 523 24290 28 079
Ҳамагӣ 106 315 124 355 142 319

Дин вироиш

Дин дар Банглодеш
Дин Фоиз
Ислом
  
89.7%
Ҳиндуия
  
9.2%
Дигар динҳо
  
1.1%

Дини асосӣ ислом, 88,3 % аҳолӣ мусулмони суннимазҳаб, 10,5 % пайрави ҳиндуия, боқимонда пайрави буддоия, насрония ва ғ. мебошанд.

Таърих вироиш

 
Харитаи Банглодеш
 
Сомапура Махавихара, маконе, ки Атиша кор ва зиндагӣ кардааст

Давлати нахустин дар ҳудуди Банглодеш дар асрҳои 7-6 пеш аз м. бо номи Ванга вуҷуд дошта, асрҳои 4-2 то м. тобеи давлати Маври, асрҳои 4-5 м мансуби давлати гуптиҳо будааст. Аз садаи 8 то аввали садаи 13 ин сарзамин Банглодеш ном доштааст. Аз нимаи аввали садаи 13 то аввали садаи 18 зери тасарруфи Салтанати Деҳлӣ (мусулмонӣ) қарор дошта, аз ҳамон вақт дини ислом дар Банглодеш паҳн гардидааст. Авв. садаи 18 Банглодеш истиқлол ба даст овард. Баъди соли 1757 мустамликадорони англис Банглодешро ишғол намуда, баъдан саросари Ҳиндустонро зери тасарруфи худ дароварданд. Банглодеш солҳои 1757—1947 ба мустамликаи Англия табдил дода шуда, Ҳиндустони Британия ном гирифт. Аз аввали садаи 19 дар Банглодеш ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ авҷ гирифта, баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ боз ҳам вусъат ёфтанд. Тезутунд гардидани ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ мустамликадоронро маҷбур сохт, ки истиқлоли Ҳиндустонро (1947) эътироф кунанд. Худи ҳамон сол англисҳо дар ҳудуди мустамликаи собиқ аз рӯйи равияҳои динӣ давлатҳои Ҳиндустон ва Покистонро таъсис доданд ва Банголаи Шарқӣ, ки бештари аҳолиашро мусулмонон ташкил медоданд, ба ҳайати Покистон дохил карда шуд. Бадии дар ҳайати Покистон будани Бангола дар он буд, ки дар бештари мавридҳо ҳуқуқи сиёсии онҳо поймол гардида, забони банголӣ чун забони давлатӣ эътироф намешуд. Ин боиси норозигӣ ва вусъати ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар тамоми Бангола шуд, ки онро Ҳизби Лигаи халқӣ (Авомӣ лига) роҳбарӣ мекард. Дек. 1970 дар интихоботи умумӣ Ҳизби халқӣ бо бартарии калон (аз 313 ҷой дар Маҷлиси Миллии Покистони Шарқӣ 162 ҷой) ғолиб гардид. Баъд аз ин ҳукуматдорони ҳарбии Покистон ба Банголаи Шарқӣ додани истиқлолро рад намуданд, ки ба норозигии тамоми табақаҳои мардум оварда расонд. Марти соли 1971 ҳокимияти ҳарбии Покистон пешвои Лигаи халқӣ Муҷибурраҳмонро ҳабс намуд. Дар ҷавоб як гурӯҳ тарафдорони ӯ дар Калкатта, Ш.-и Бангола, таъсис ёфтани Ҷумҳурии Халқии Банглодешро эълон карданд. Дар чунин вазъият таъқиби банголиҳо аз ҷониби ҳарбиёни Покистон авҷ гирифта, боиси ба хоки Ҳиндустон кӯч бастани миллионҳо гурезаҳо гардид. Шиддат ёфтани вазъият боиси сар задани низои ҳарбии байни Ҳиндустону Покистон гардид. Дек. 1971 сипоҳиёни Ҳиндустон дар якҷоягӣ бо дастаҳои банголӣ ба шаҳри Дакка ворид гардиданд. Янв. 1972 Муҷибурраҳмон сарвари ҳукумат таъйин гардида, конститутсияи муваққатӣ қабул карда шуд. Ҳукумати нав дар асоси конститутсияи муваққатӣ ҷумҳурии парламентӣ эълон намуда, муносибатҳои иқтисодию сиёсии худро бо Ҳиндустон ва Иттиҳоди Шӯравӣ вусъат бахшид. Ноябри 1972 Маҷлиси муассисон конститутсияи доимии Банглодешро қабул кард. 7 марти 1973 интихоботи Ассамблеяи Миллӣ баргузор шуд, ки дар он Ҳизби Лигаи халқӣ ғалаба ба даст овард. Харобии иқтисодиёт, вусъати камбизоатӣ, ривоҷи коррупсия ва авҷи бесарусомонӣ боиси норозигии бештари ҳамаи табақаҳои аҳолӣ гардид. Дек. 1974 дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон гардида, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуд. 15 авг. 1975 дар Банглодеш табаддулоти ҳарбӣ ба амал омада, парламентро пароканда кард. Собиқ вазири корҳои дохилӣ ва равобити берунӣ К. М. Аҳмад Президенти Банглодеш эълон гардид. Ноябри 1975 ҳукуматдорони ҳарбӣ бисёр аъзои ҳукуматро бо сардории Муҷибурраҳмон ба қатл расониданд. Ҳама гуна фаъолияти сиёсӣ дар мамлакат манъ гардид. Апр. 1977 Зиёурраҳмон Президенти Банглодеш эълон гардида, дар сиёсати иқтисодии худ ба моликияти хусусӣ имтиёзи зиёде дода, барои ҷалби сармояи хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам овард. 30 майи 1981 дар Банглодеш табаддулоти нави ҳарбӣ ба амал омада, Зиёурраҳмон ба қатл расонида шуд. Соли 1982 табаддулоти навбатӣ дар мамлакат генерал-лейтенант Х. М. Иршодро ба сари ҳокимият овард. Натиҷаи референдуми соли 1985 нишон дод, ки зиёда аз 90 дарсади аҳолӣ ба тарафдории Иршод ва ҳукумати ҳарбиён овоз додаанд. Барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд. Дар интихоботи моҳи майи 1986 Ҳизби Миллӣ, ки Иршод таъсис дода буд, дар Ассамблеяи Миллӣ 2/3 ҳиссаи ҷойҳоро соҳиб гардид. Дар интихоботи 15 майи 1986 Иршод дастболо ва вазъияти ҳарбӣ бекор карда шуд. Дек. 1990 бинобар фишори ҳизбҳои оппозитсионӣ, Иршод ба истеъфо рафт. Дар раъйпурсии парламентӣ (1991) Ҳизби Миллӣ бо сарварии ҳамсари Зиёурраҳмон — Холида Раҳмон ғалаба карда, ӯ сарвазири Банглодеш интихоб гардид. Соли 1996 Ҳизби «Лигаи Авом» ғолиб омада, духтари Муҷибурраҳмон Шойиҳа Ҳасина Возид соҳиби қудрат гардид. Аммо соли 2001 курсии сарвазирӣ боз насиби Ҳизби Миллӣ шуд. Дар интихоботи навбатӣ (29 дек. 2008) «Лигаи Авом» бо роҳбарии Шойиҳа Ҳасина ғалаба карда, номбурда 6 янв. 2009 сарвазири Банглодеш интихоб гардид.

Иқтисод вироиш

Зимни таснифи СММ Банглодеш ба қатори давлатҳои рӯ ба инкишоф ворид гардида, ҳаҷми ММД соли 2009 336,1 млрд долларро ташкил медод, ки аз ин 52,3 % ба соҳаи хидматрасонӣ, 27,1 % ба саноат ва 22,3 % ба соҳаи кишоварзӣ рост меомад. Дар иқтисодиёти мамлакат моликияти хусусӣ нақши асосӣ дорад. Моликияти давлатӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт, хоҷагии об ва як қатор соҳаҳои саноати вазнин бартарӣ дорад. Сармояи хориҷӣ бештар дар соҳаҳои бонк, нақлиёти баҳрӣ ва савдои берунӣ амал мекунад. Истеҳсоли нерӯи барқ соле 13 млрд кВт-соатро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳи бузургтарини барқи обӣ дар қисми ҷан. шарқии Банглодеш — Карнапҳули воқеъ аст. Сӯзишвории асосӣ дар Банглодеш гази табиӣ буда, истеҳсоли солонаи он 5 млрд м3-ро ташкил медиҳад. Инчунин, истеҳсоли оҳаксанг, каолин, намаки ош ва масолеҳи сохтмон ривоҷ ёфтааст.

Кишоварзӣ вироиш

 
Кишоварзи банголӣ дар замини шолӣ

Кишоварзӣ дар иқтисодиёти Банглодеш соҳаи пешбаранда буда, дар низоми содироти мамлакат нақши асосӣ дорад. Аз тарафи дигар, дараҷаи пасти ҳосилнокии меҳнат, обхезиҳои доимӣ ва дигар офатҳои табиӣ боиси таъмин нашудани талаботи дохилии мамлакат бо маҳсулоти озуқа мегардад. Соҳаи зироаткорӣ ривоҷ ёфта, қисми зиёди ҳосил аз заминҳои обёришаванда (4,3 млн га) ба даст меояд. Асосан шолӣ ва ҷут кошта мешавад. Банглодеш аз ҷиҳати ҷамъоварии ҷут дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол карда, аз 1/2 ҳиссаи талаботи ҷаҳониро таъмин месозад. Гандуму ҷав низ мекоранд; дар ноҳияҳои марказӣ кишти рустаниҳои лӯбиёӣ ривоҷ дорад. Найшакар, рустаниҳои равғандиҳанда ва доруворӣ, тамоку, мавз, манго ва намудҳои гуногуни сабзавот парвариш карда мешаванд. Дар ноҳияҳои шим. ва шим. ҷанубӣ плантатсияҳои чой мавҷуданд, ки бештар аз 30 дарсадашон ба капитали хориҷӣ тааллуқ дорад. Истеҳсоли солонаи чой то 120—135 ҳазор т мерасад.

Чорводорӣ вироиш

Чорводорӣ дар Банглодеш на он қадар ривоҷ ёфта, бештар чорвои калони шохдор (барои ҷуфту боркашонӣ) истифода мешавад. Дар қисмати шим. ва марказии Банглодеш парвариши бузу гӯсфанд ва парандапарварӣ роҳандозӣ шудааст. Соле то 450—500 ҳазор т моҳӣ медоранд. Шикори харчанг ва дигар ҷонварони баҳрӣ ривоҷ ёфтааст.

Саноат вироиш

 
Фабрикаи дӯзандагӣ дар Банглодеш

Дар саноати Банглодеш соҳаҳои анъанавӣ, махсусан саноати косибӣ, ривоҷ дошта, асосан, он аз соҳаҳои истеҳсолкунандаи ашёи хоми кишоварзӣ иборат аст. Аз соҳаҳои саноати бофандагӣ истеҳсоли маснуоти ҷутӣ мавқеъи махсус дорад (қариб 1 млн т) ва дар ин бобат Банглодеш, дар қатори Ҳиндустон дар ҷаҳон ҷойи аввалро соҳиб аст. Корхонаҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагин дар Даккаву Нарянганҷ ҷойгиранд. Дар минтақаи Читтагонг истеҳсолу коркарди матоъҳои синтетикӣ ба роҳ монда шуда, корхонаи бузурги коғазу селлюлоза низ дорад. Аз солҳои 80-и садаи 20 дар Банглодеш корхонаҳои муштараке, ки ба истеҳсоли таҷҳизоти электрикӣ, радиотехникӣ, мошинсозӣ, васлкунии автомобил машғуланд, фаъолият мебаранд. Соҳаи филиззоти (металлургияи) сиёҳро корхонаҳои филиззкории Читтагонг ба уҳда доранд, ки иқтидори солонаи танҳо пӯлод ба 250 млн т мерасад.

Нақлиёт вироиш

 
Пули Ҷамуна — яке аз калонтарин пулҳо дар ҷаҳон

Нақлиёт дар пешрафти иқтисодиёти Банглодеш аҳаммияти бузург дорад. Ба ин, пеш аз ҳама, мавҷудияти обҳои дохилӣ ва баҳрҳо мусоидат карда, 60 дарсади боркашонӣ ва 50 дарсади мусофиркашонии солона аз тариқи роҳҳои обӣ сурат мегиранд. Дарозии роҳҳои обии дохилӣ зиёда аз 8 ҳазор км аст. Бандарҳои бузургтарин: Дакка, Нараянганҷ, Кҳулна, Барисол, Ҷандпур. Флоти баҳрии Банглодешро киштиҳои калони баҳрӣ ташкил медиҳанд. Бандарҳои бузургтарини баҳрӣ — Читтагонг, Мунгла. Дарозии хатти р. о. ба 2816 км расида, 884 км-и онро роҳи паҳнбар ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар Банглодеш дарозии роҳҳои автомобилгард ба 207 ҳазор км мерасад, ки аз он танҳо 5 ҳазор км асфалтпӯш аст. Нақлиёти ҳавоии Банглодеш на он қадар инкишоф ёфтааст. Дар Банглодеш 15 аэропорт мавҷуд аст, ки танҳо яктои он (дар Дакка) байналмилалӣ мебошад.

Робитаҳои савдои берунии Банглодеш бештар бо ИМА, давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, Ҷопон ва Хитой ривоҷ ёфтааст. Бештар аз 85 дарсади даромади содирот аз ҷут ва маснуоти аз ҷут истеҳсолшаванда ба даст меояд. Инчунин, ба хориҷа либос, чарм, моҳӣ, чой, коғаз содир мешавад. Аз хориҷа ба Банглодеш маҳсулоти озуқа, нафтӣ, кимиёӣ, филиззот, мошин ва семент ворид мекунанд.

Сайёҳӣ вироиш

Сайёҳӣ низ дар Банглодеш инкишоф ёфтааст. Даромади солонаи аз ин соҳа бадастоянда зиёда аз 55 млн доллар буда, соле то 300 ҳазор сайёҳ ба Банглодеш меоянд. Маркази асосии саёҳат шаҳрҳои Баҳорхат (ш-и масҷидҳо), Баҳорпур, Кокс-Бозор ва Кваката (осоишгоҳҳои наздибаҳрӣ), Майнаматӣ, Силхет мебошанд.

Тандурустӣ вироиш

Ба соҳаи тандурустӣ дар Банглодеш 2 дарсади ММД сарф мешавад. Соли 2008 ба 100 ҳазор аҳолӣ 26 духтур рост меомад. Аҳолии Банглодеш ниҳоят зиёд, обҳои ифлос ва ҳолатҳои ғайрисанитарӣ, махсусан дар деҳот, омили асосии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мисли вараҷа, гардидаанд.

Маориф вироиш

Тибқи маълумоти омории соли 2009, дараҷаи саводнокии аҳолӣ дар Банглодеш 59,1 дарсад буд. Мувофиқи  Конститутсияи Банглодеш таълим бояд ройгон бошад, аммо бештари донишгоҳҳо пулакианд. Соҳаи маориф фарогири маълумоти умумӣ, исломӣ, техникӣ ва касбӣ мебошад. Таҳсил аз 6-солагӣ шурӯъ шуда, 5 соли он дар мактаби ибтидоӣ ба таври ройгон анҷом дода мешавад. Бештари мактабҳои ибтидоӣ давлатӣ мебошанд. Таълим ба забони банголӣ сурат мегирад. Маълумот ба дараҷаҳои миёна (муддати таҳсил 7 сол), миёнаи нопурра (синфи 6–8), миёнаи пурра (синфи 9–10) ва маълумоти олии миёна (синфи 11–12) ҷудо карда шудааст. Дар мамлакат зиёда аз 70 ҳазор мактаби ибтидоӣ (бештар аз 25 млн хонанда) мавҷуд аст. Додани маълумоти олиро дар Банглодеш донишгоҳу коллеҷҳо бар уҳда доранд. Ҳоло дар Банглодеш 23 донишгоҳи давлатӣ ва 54 донишгоҳи хусусӣ вуҷуд дорад. Донишгоҳҳои калонтарин – Донишгоҳи Дакка (1921), Донишгоҳи Раҷшоҳӣ (1953), Донишгоҳи Читтагонг (1965), Донишгоҳи муҳандисӣ-технологии Дакка (1962), Донишгоҳи исломии Дакка (1985), Донишгоҳи Ҷаҳонгир дар Савар (1970), Донишгоҳи аграрии Маймансинх (1961); донишгоҳҳои хусусӣ: Донишгоҳи Осиё (1996), Донишгоҳи «Дору-л-эҳсон» (1993), Донишгоҳи илму техникаи Читтагонг (1992), Донишгоҳи Озод (1993) ва ғ. Маълумоти динӣ дар мадраса таълим дода мешавад. Айни замон дар мамлакат 7350 мадраса мавҷуд аст.

Илм вироиш

Корҳои муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ дар марказҳои асосӣ – донишгоҳҳои Дакка, Раҷшоҳӣ ва Маймансингх гузаронида мешаванд. Айни замон дар Банглодеш 40 муассисаи таҳқиқотии илмӣ, монанди Академияи кишоварзӣ (1958), Институти таҳқиқоти илмии чорводорӣ (1947), Институти таҳқиқоти илмии парвариши ҷут (1951), Маркази байналмилалии таҳқиқоти бемориҳои диарея (1978), Комиссияи энергияи атомӣ, Муассисаи таҳқиқоти коинот мавҷуданд. Таҳқиқоти илмҳои гуманитарӣ дар Академияи Бангола, Ҷамъияти инкишофи адабиёту санъат, Ассотсиатсияи сотсиологҳо, Институти байналмилалии таҳқиқоти стратегӣ ва ғ. ба роҳ андохта шудааст.

Адабиёт вироиш

Адабиёти Банглодеш дар заминаи анъана ва осори саромадони адабиёти халқи банголаи асрҳои 10–11 ривоҷ ёфтааст. Дар асрҳои 14–16 шоирони машҳури банголӣ Криттибаша, Биддепоти, Ҷондидиша, Давлат Қозӣ, Саид Алаол фаъолият доштанд. Ба адабиёти банголӣ таъсири адабиёти форсӣ калон аст. Шуҳрати адабиёти банголӣ маҳз ба эҷодиёти суханвари бузург Робиндранат Такур (1861–1941) вобастагӣ дорад. Шеъри «Бангола – кишвари тилоии ман»-и ӯ гимни Банглодеш гаштааст. Дар байни шоирони мусулмон номҳои Мир Мушаррафи Ҳусейн (1848–1911), Кайқубод (1858–1952), Қозӣ Назрулислом (1899–1972) мавқеи хосса доранд. Нақши муҳиммеро дар ривоҷу равнақи адабиёти банголӣ «Ҷамъияти адибони мусулмон» (1925–36) бо сарварии нависанда Қозӣ Абдулвадуд (1896–1970) ва профессор Абдулҳусейн (1897–1938) бозидааст, ки пайваста ба нашри рӯзномаву маҷаллаҳо шуғл меварзид. Солҳои 50–60 садаи 20 дар Банглодеш шоира Бегим Суфия Камол, шоирон Фаррух Аҳмад, Таълим Ҳусейн ва Эҳсон Ҳабиб бо асарҳои баландмазмуни худ дар миёни мардум маҳбубият пайдо карданд. Дар он солҳо, инчунин, як зумра адибони ҷавон дар пайравии адабиёти аврупоӣ асарҳои ҷолиб офариданд. Намунаи эҷодиёти Шамсурраҳмон, Ҳасан Ҳафизурраҳмон, Муҳаммад Мунируззамон ба диг. забонҳо низ интишор ёфтаанд. Бештари адибони Банглодеш асарҳои худро баъди соҳиби истиқлол гардондани ватанашон ба табъ расониданд. Яке аз насрнависони намоёни садаи 20-и Банглодеш Саид Валиулло барои асарҳои мансури «Кӯрпаи сурх», «Рӯзи моҳи нав» ва драмавиаш сазовори Ҷоизаи Академияи Банглодеш гаштааст. Инчунин, нависандагони ҷавон Шоҳут Усмон (романи «Модар» ва «Хандаи хидматгорзан»), Рашид Карим (романи «Марди ҳақиқӣ»), Аловуддин ал-Озод (ҳикояи «Духтари шолӣ») ба адабиёти банголӣ ҷасурона қадам дарниҳоданд.

Меъморӣ, санъати тасвирӣ вироиш

Дар Банглодеш ёдгориҳои меъморӣ ва санъати давраи асрҳои 7–12 боқӣ мондаанд. Истилои мусулмонҳо дар охири садаи 12 ва аввали садаи 13 таъсири адабиёту фарҳанги Шарқро ба аҳли эҷоди Банглодеш пурзӯр намуд. Давраи ривоҷу равнақи фарҳанг дар Банглодеш ба асрҳои 16–17 рост меояд, ки дар ин давра як даста қасру қалъаҳои муҳташам бунёд шудаанд. Аз ҷумла, Қалъаи Идрокпур дар шаҳри Нараянганҷ (1660), Лаъл-Боғ дар Дакка (1684) намунаи беҳинашон мебошанд. Дар ин давра таъсири мактаби минётуранигории Самарқанд (аҳди Бобуриён) ба санъати меъмории Банглодеш хеле бузург аст. Замони мустамликадорӣ санъати меъморӣ зери таъсири равияи неоклассикаи англисӣ ривоҷ ёфт. Солҳои 1950–60, бо фармоиши ҳукуматдорони Покистон, дар ҳудуди Банглодеш сохтмони чандин масҷиду манора шурӯъ гардид (масҷиди Байтулмукаррам, Маркази фарҳангӣ дар Дакка ва ғайра). Дар Банглодеш кандакорӣ дар чӯб ва устухони фил, ҳаккокӣ, кулолгарӣ ривоҷ ёфтааст.

Мусиқӣ вироиш

Дар имтидоди асрҳои бисёр мусиқии банголӣ зери таъсири ойинҳои буддоӣ ва ҳиндӣ амал мекард. Дар садаи 13 санъати мусиқии ҳиндӣ дар ду шоха: шимолӣ (ҳиндустонӣ), ки зери таъсири ҷараёни мусиқии мусулмонӣ ва ҷанубӣ (карнатака), ки дар заминаи жанри мусиқии бойи дҳрупал амал мекард, инкишоф ёфт. Минбаъда жанри мусиқии дҳрупал ва кҳиял ба маъмултарин жанрҳои мусиқии классикии мамлакат табдил ёфтанд. Дар байни сурудҳои халқии банголӣ бҳатиялӣ (суруди қаиқронҳо), сарӣ (суруди озмуни қаиқронҳо), сариган (суруди ҷамъоварии ҳосил) ва ғ. хеле машҳуранд. Шеърҳои Робиндранат Такур ва Қозӣ Назрулислом бо оҳангҳои халқӣ дар байни тамоми табақаҳои мардуми Банглодеш сароида мешаванд. Дар байни созҳои мусиқӣ най (баншӣ), дутор, исроҷ, табл (бо номҳои дҳул ва тикара) маъмуланд. Дар нимаи дувуми садаи 20, зери таъсири мусиқии эстрадии Ғарб, дар Банглодеш ҷараёни «мусиқии сабук»-и банголӣ густариш ёфт.

Осорхона ва китобхона вироиш

Осорхонаи миллии Банглодеш (1913; бинои ҳозирааш соли 1976 сохта шудааст) дар шаҳри Дакка ҷойгир буда, дар он коллексияи ёдгориҳои маданияти банголӣ аз замонҳои қадим то имрӯз, тангаҳои (сиккаҳои) асрҳои гузашта ва ҳайкалҳои буддоиву ҳиндӣ маҳфуз дошта мешаванд. Китобхонаҳои калони Донишгоҳи Дакка ва Китобхонаи миллӣ, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат зиёда аз 60 шуъба доранд, дар пойтахти Банглодеш ҷойгиранд.

Матбуот, радио, телевизион вироиш

Маркази асосии табъу нашри Банглодеш дар шаҳри Дакка ҷойгир аст. Китобу маҷаллаҳо ба забонҳои банголиву англисӣ нашр мешаванд. Ҳар рӯз  наздики 200 рӯзнома (90% – ба забони банголӣ) ва 200 нашрияи дигари даврӣ ба табъ мерасанд. Аз ҳама бештар рӯзномаҳои «Иттифоқ» (1951) ва «Дойник Бенгла» (1964), «Банглодеш обсервер» (ба забони англисӣ) машҳуранд. Бештари рӯзномаҳо хусусӣ мебошанд. Шабакаи асосии телевизионии Банглодеш бо номи «Банглодеш Телевижн» давлатӣ буда, солҳои охир шабакаи каналҳои хусусӣ низ афзудааст. Дар Банглодеш радио воситаи асосии иттилоотрасонӣ мебошад. Ҳоло бештари шабакаҳои радиошунавонии «Радио форти», «Радио тудей», «Радио Амар», «Садои амрико», «ББС – Бангола» маъмуланд. Радиошунавоӣ ба забонҳои банголиву англисӣ сурат мегирад.

Нигористон вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Государства и территории мира. Справочные сведения // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 14. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).
  2. 2.0 2.1 Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 50. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  3. SOUTH ASIA:: BANGLADESH(англ.). Central Intelligence Agency. 11 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2017.
  4. Human Development Report 2015. ООН (2015). 7 апрели 2015 санҷида шуд.
  5. Образована в январе 2010 года (до этого входила в состав области Раджшахи)

Адабиёт вироиш

  • География (школьная энциклопедия). М., 2000;
  • Страны и регионы мира. Экономический политический справочник. М., 2000;
  • Все страны мира. Энциклопедический справочник. М., 2004;
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.

Сарчашма вироиш


Эзоҳ вироиш