Бараҳман, Браҳман (санскр. ब्रह्मन्, МФА: [ˈbrəmən] — ҳастии мутлақ, такягоҳ, ақли кул, ҳаловати олӣ) — дар таълимоти диниву фалсафии Ҳинди Қадим ҳақиқати олии объективӣ, мабдаи рӯҳонии мутлақи номушаххасест, ки олам бо тамоми мавҷудоташ аз он арзи вуҷуд намуда, дар айни ҳол, ҳамаи он чизе, ки дар олам вуҷуд дорад, дар бараҳман фано мегардад.

Он берун аз вақту фазо, муносибати сабабӣ қарор дошта, орӣ аз сифоту ҳаракат мебошад ва ба қолаби истилоҳоти мантиқӣ намеғунҷад. Аз ин рӯ, бараҳман бештар дар шакли инкорӣ — тасаввурнашаванда, диданашаванда, ифоданашаванда, шунидашаванда, офариданашаванда, фарқнашаванда, номутаноҳӣ, фанонопазир ва ғ. тавсиф мешавад. Он бо тафаккури маъмулӣ ва ё бо истифода аз роҳу усулҳои хулосабарориҳои мантиқӣ дарк карда намешавад. Танҳо роҳи дарку маърифати он ғаризаи (интуитсияи) олии диние (анубхава) мебошад, ки асоси таҷрибаи ботиниро ташкил медиҳад.

Дар Ведаҳо бараҳман ҳанӯз мафҳуми маросимӣ дошт. Бори аввал дар Упанишадҳо ба қолаби як таълимоти алоҳида даромад. Бараҳман ягона воқеияти мутлақи дорои мазмуни олӣ шинохта шуд ва Худои даркнашавандаи ведоӣ вориди бараҳман гардид. Таълимоте созмон дода шуд, ки дар он айнияти бараҳман ва атман, объект ва субъект, рӯҳ ва тан мақоми махсус пайдо намуд. Дар адвайта-веданта таълимоти бараҳман ба дараҷаи олии таҷрид расид. Ба ақидаи Шанкара офаридгори олам ва таззулдиҳандаи он бараҳман аст. Таҳаввулоти тадриҷии олам ба тавассути қувваи ғайбии илоҳӣ — майя чизи нонамоёнро дар назарҳо ҷилвагар месозад. Дар ҷараёни ин таҳаввулот се зинаи инкишоф (ба мисли нумӯи рустанӣ аз дона) ба амал меояд: таҷзиянашуда (дона) — зинаи сабабият, таҷзияи нозук (сабзиши дона) ва таҷзияи пурра (рустанӣ).

Азбаски бараҳман ҳастии номутағайир аст, аз ин рӯ, он таҳаввул намепазирад. Ҳар гуна тағйироту таҳаввулот хосси майя аст. Он чунин қувваи офариниш аст, ки дар аввал нопадид буда, сипас ба объектҳои ба чашми одӣ нонамоён ва дар охир ба объектҳои намоён зоҳир мегардад. Бараҳмани дорои майяи таҷзиянашуда Ишвара ном дошта, ҳамадону муқтадир аст. Дар ин таълимот бараҳман то ба дараҷаи офариниши ҳақиқӣ нарасидааст, вале қувваи офариниш дорад. Бараҳмани дорои майяи таҷзияшудаи ба чашми муқаррарӣ намоёнро Ҳиранягҳара (ё Сетратма, Прано) меноманд. Ба ин маънӣ, бараҳман маҷмӯи тамоми ашёи нонамоёни олам маҳсуб мешавад. Бараҳмани дорои майяи дар маҷмӯи ашё ва объектҳои намоён таҷзияшударо Вайшванаро (ё Вирасӣ) меноманд.

Дар ин маврид бараҳман маҷмӯи тамоми объектҳои олам ва тамоми афрод аст. Ин се ҷиҳати ботинии бараҳман ҳамроҳи ҷиҳати мувофиқи он, ки берун аз ҳама гуна муносибат аст, чаҳор ҷиҳати имконпазири бараҳман: шуури пок — ҳастӣ (Пара — Брахма), Ишвара, Ҳиранягарбха ва Вайшванараро ташкил медиҳад. Онҳо дараҷаҳои тадриҷии зоҳиршавии бараҳман ба шумор мераванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Радхакришнан С. Индийская философия. Т., 1-2. М., 1956—1957;
  • Степанянц М. Т. Восточная философия. М., 2001.

Сарчашма вироиш


Шаблон:Hinduism-stub