Барлос (муғ. Барулас, қалмиқӣ. Буурлс, Бурул, ӯзбекӣ: Barlos, уйғӯрӣ بارلاس, қаз.: Барлас, форсӣ: بارلاس‎, урду: بارلاس) — номи қабилае аз қавми муғулон, ки дар юришҳои Чингизхон ширкат варзидаанд. Барлосҳо бо ақвоми туркии Осиёи Марказӣ (асосан бо ӯзбекҳо) омезиш ёфта, яке аз аҷзои таркибии миллати ӯзбеканд.

Таърих вироиш

Тибқи манобеи муғулии садаи 13 барлосҳо ба қабилаи бурчекини муғул нисбат доштааст. Дар замони ҳукумати Чағатоиёни муғул раҳбарони онон муддаӣ буданд, ки барлосҳо аз насли Қарчорнӯйинанд. Амирони барлос дар пеши Чингизхон ва фарзандони ӯ аз мавқеияти вежае бархӯрдор будаанд. Аммо бархе аз муҳаққиқин (аз ҷумла, акад. В. В. Бартолд, Б. Манз ва диг.) дар бораи мақом ва аҳаммияти Қарочорнӯйон ва фарзандонаш дар қаламрави чағатоиён тардид доранд ва ин иддаро, ки гӯё фарзандони Қарочорнӯйон мансаби амирулумарои хонҳои чағатойӣ дошта бошанд, аз сохтаҳои баъдии шаҷаранависон ва муааррихони аҳди Темур донистаанд. Дар воқеъ, қабилаи барлос дар таърихи улуси Чағатоиён аҳаммияти чандон назаррасе надоштаанд. Барлосҳо дар садаи 14 батадриҷ туркизабон шуда, ба тарзи зиндагии нимакӯчӣ рӯ оварданд. Барлосҳо муҳимтарин эли Темур мебошад ва ӯ аз ин қабила бархоста, яке аз набераҳояш низ ба исми Заҳируддин Бобур дар ибт. садаи 16 дар Ҳинд императории Муғулҳои Бузург - ро бунёд ниҳод. Ҳангоме ки Темур соҳибқудрат шуд, ғаноими ба дастовардаашро миёни қабилаи барлос тақсим мекард. Темур афродеро аз табори барлос дар зумраи амирони хеш овард ва онҳоро дар миёни ашрофияти ҷадиди қаламрави хеш ҷой дод. Амирони барлос низ дар ҳукумати воқеии қаламрави давлати Темуриён саҳме доштанд. Ҳамаи хонадонҳои қабилаи барлос дар умури сиёсӣ ва низомӣ ширкат мекарданд. Ағлаб фармондеҳии нерӯҳо аз як узви хонавода ба дигаре мерасид. Миёни қабилаи барлос издивоҷҳои даруни қабилаӣ ва берун аз он роиҷ буд. Қабилаи барлос қабилаи боистиқрор ва муҳим дар давлати Темуриён маҳсуб мешуд ва онон дар юришҳои Темур ва фарзандони ӯ ба сурати нерӯи низомӣ ва воҳидҳои ҷудогона амал менамуданд, вале пас аз пирӯзӣ ғаноим ва амлокро миёни худ тақсим мекарданд. Барлосҳо сохторҳои расмии қабилагии худро ҳифз намуданд ва на танҳо дар замони Темур ва ҳатто баъд аз ӯ як қонуни қудрати сиёсӣ ва низомӣ нагаштанд, балки ба унвони нерӯ дар хидмати раҳбаронашон қарор доштанд ва ғолибан ҳамаи аъзои қабила ба раҳбарони худ содиқ буданд. Ба далели тамосҳо ва равобити густурда бо ҷамияти бумии Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама бо тоҷикон, барлосҳо на танҳо исломро пазируфтанд, балки аз муғулони чағатойӣ забони туркӣ-чағатойиро, як забон аз шохаи қарлуқ ва чигил, ки ба шиддат аз забони тоҷикӣ-форсӣ мутаассир шуда буд ва баъдҳо ин забон табдил ба забони расмии ӯзбекҳо гардид, қабул карданд. Қабилаи барлос дар садаҳои 13–14 асосан дар водии Қашқадарё сукунат доштанд. Вале дар садаи 16 дар соҳилҳои дарёи Ому муқим шуданд. Аммо дар натиҷаи омезиш бо қабоили дигари муғулӣ ва туркӣ барлосҳо ба тадриҷ дар саросари вилоёти Мовароуннаҳр пароканда шуданд. Пас аз ҳамлаи ӯзбекҳо ба Мовароуннаҳр (ибт. садаи 16) ва истиқрори ҳукумати Шайбониён, барлосҳо ҷойгоҳи худро аз даст доданд. Дар садаҳои 18–20 бахше аз барлосҳо ба зиндагии нимакӯчии худ идома доданд.

Маҳалли сукунат вироиш

Барлосҳо то кунун дар вилоёти Самарқанд, Шаҳрисабз ва водии Қашқадарё сукунат доранд. Барлосҳои Қашқадарё муътақиданд, ки аҷдоди онон дер вақт дар водии Ҳисор сукунат доштанд ва дар ибт. садаи 19 ба ба водии Қашқадарё омадаанд. Тибқи иттилооти дигаре, амир Муҳаммад Раҳимбий дар нимаи садаи 18 ва садаи 20 барлосҳоро ба вилоёти Самарқанд ва Шаҳрисабз кӯчонд. Дар ибтидои садаи 20 бахши умдаи барлосҳои Мовароуннаҳр ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустони шимолӣ кӯч бастанд ва бахши кӯчаки онон дар навоҳии кӯҳистони Самарқанд, Қашқадарё, Панҷакент, Ҳисор ва ғ., сокин шуданд. Қозибачча, неъматбачча, пӯдодбачча, шашбачча, ҷатта ва ғ. Аз маъруфтарин авлоди кунуни барлосҳо мебошанд. Чунончи, тибқи омори соли 1924 дар собиқ бекии Ҳисор 7 501 ва дар Деҳнав 468 барлосҳои ӯзбек сукунат доштанд. Барлосҳо бо ақвоми туркии Осиёи Марказӣ (асосан бо ӯзбекҳо) омезиш ёфта, яке аз аҷзои таркибии миллати ӯзбеканд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Захриддин Мухаммед Бабур. Бабур-наме. Ташкент, 1960;
  • Козин С. А. Сокровенное сказание. Монгольская хроника 1240 года. Т. 1. М.-Л.,1941;
  • Абуль-Гази-багадур-хан. Родословное древо тюрков. М., Ташкент-Бишкек, 1996;
  • Кармышева Б.Х., Очерки этнической истории южных районов Таджикистана и Узбекистана. М., 1976;
  • Юдин В. П. Центральная Азия в XIV - XVIII веках глазами востоковеда. Алматы, 2001;
  • Manz B. F. The rise and rule of Tamerlan. Cambridge University Press. Cambridge, 1989;
  • Asimov M. S., Bosworth C. E. History of Civilizations of Central Asia. UNESCO Regional Office.


Сарчашма вироиш