[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАССÁНО (Bassano da Ponte), оилаи рассомони итолиёии асрҳои 15–17. Дар Венетсия ва Венсто фаъолият кардаанд. Франческо Бассанои Калонӣ (тақрибан 1475–1539) рассоми музофотӣ, сардори устохонаи оилавӣ буд, ки онро писараш Якопо Бассано (тақрибан 1510–13.2.1592) ба мерос гирифт ва яке аз рассомони асосии Венетсияи садаи 16 буд. Соли 1510 дар Венетсия таҳсил карда, зери таъсири рассоми итолиёӣ Титсиан қарор дошт, пайрави манеризм гардид. Дар давраҳои баъдӣ аз манеризм дур шуда, ба жанри пасторалӣ ва шарҳи мавзӯъҳои асотирӣ («Шикори Актеон») рӯй овард; тасвирҳо (портрет) мекашид («Автопортрет бо аҳли оила»), манзараҳои шабонаро тасвир мекард. Манзараҳои якҷинса офаридааст, ки лаҳзаҳои ҷудогонаи Библияро дар муҳити жанрӣ таҷассум менамоянд («Ибодати соҳирон», 1568). Таъсири Бассано ба асарҳои аввалини Эл Греко ва рассомони садаи 17 Ҳолландия хеле равшан мушоҳида мешавад. Чор нафар писари Якопо шогирдонаш буданд ва якҷо кор мекарданд. Франческо Б.-и Хурдӣ (7.1.1549–3.7.1592) ва Леандро Бассано (10.6. 1557–15.4.1622) бо услуби манеризм расм мекашиданд ва дар Венетсия муваффақият пайдо карда буданд. Ҷамбаписта Бассано (4.3.1553–9.3.1613) ва Ҷероламо Бассано (1566–8.11.1621) асосан асарҳои падарашонро, ки бозоргир буданд, нусхабардорӣ мекарданд.

Адабиёт вироиш

Смирнова И. А. Якопо Бассано и Позднее Возрождение в Венеции. М., 1976; Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.

Манбаъ вироиш