Бату́ми (гурҷӣ: ბათუმი [батуми], то соли 1936Бату́м) — шаҳри бандарӣ, пойтахти Ҷумҳурии мухтори Оҷор (дар ҳайати Гурҷистон). Дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҷойгир буда, истгоҳи охирини роҳи оҳани Боку – Батуми аст. Аҳолиаш 152 839 нафар (2014). Батуми бандари бузургтарини дарёии мамлакат буда, ба воситаи он воридоти чӯбу тахта, ғалла, қанду шакар, лавозимоту таҷҳизот ва содироти маҳсулоти нафтӣ, чой, консерву мева сурат мегиранд. Фурудгоҳ дорад. Батуми дар садаи 11 ҳамчун қалъа маъмул буд. Соли 1547 туркҳо забт карданд ва с. 1878 аз рӯйи шартномаи Берлин ба Империяи Россия ҳамроҳ шуд. Солҳои 1878–86 порто-франко (бандари бебоҷ) ва баъди Одесса ва Санкт-Петербург сеюмин бандари бузургтарини баҳрӣ буд (1907). Дар Батуми саноати коркарди нафт, мошинасозӣ (таҷҳизоти саноати чой, нафт ва киштисозӣ), электротехника, кимиё, коркарди тамоку тараққӣ кардааст. Осоишгоҳҳои иқлимии лабибаҳрӣ дорад. Зимистонаш нарм ва бебарф, тобистонаш гарми офтобӣ. Ҳарор. миёнаи январи 60С, август 230С. Дар қисми шимолии Батуми мавзеъҳои табобатию истироҳатии Маҳинҷаури, Димоғаи Сабз ҷой гирифтаанд. Аз Ҷ. ба шаҳр теппаҳои сабз пайвастаанд, ки аз болои онҳо кӯҳҳои баланд намудоранд. Дар Батуми рустаниҳои субтропикӣ бештар вомехӯранд (дарахти нахл, буттаи чой, меваҳои ситрусӣ). Дар қисми ғарбию шарқии Батуми, дар наздикии Димоғаи Сабз Боғи ботаникӣ (1912) воқеъ гаштааст, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор навъ рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ парвариш меёбанд. Инчунин дар Батуми масҷид, калисои католикии Бибимарям, ибодатгоҳи яҳудиён, осорхонаи санъат ва таърихи Оҷор, театр мавҷуд аст.

Шаҳр
Батуми
гурҷӣ: ბათუმი
русӣ: Батоми
русӣ: Батум
озарбойҷонӣ: Batomi
озарбойҷонӣ: Batum
Парчам Нишон
Парчам Нишон
41°38′45″ с. ш. 41°38′30″ в. д.HGЯO
Кишвар Гурҷистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 64 900 000 м²
Баландии марказ 3 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+4
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ батумӣ, батумиҳо
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон (422)
Нишонаи почта 6010
batumi.ge
Батуми дар харитаи
Батуми
Батуми
 Парвандаҳо дар Викианбор

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш