Баффин — баҳри нимкушода дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар байни ҷазҳои Гренландия ва соҳилҳои шарқии галаҷаз. Арктикаи Канада ҷойгир аст.

Баффин
?
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Ба воситаи гулҳои Робсон, Кеннеди ва Смит бо Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва гул. Девис бо Уқёнуси Атлантик мепайвандад. Масоҳ. 530 ҳазор км2. Умқи миёнааш 804 м, умқи бештараш 2414 м. Ҳаҷми миёнаи об 593 ҳазор км2. Қаъри баҳр аз рег, шағал ва лойҳо иборат аст. Иқлими Баффин бо зимистони хунуки бебориш ва бо тобистони салқин фарқ мекунад. Ҳарор. об дар зимистон аз – 1,5°С то –1,7°С, тобистон аз 0° то 5°С. Шӯрии об аз 32%ₒ то 34%ₒ тағйир меёбад, он ҳангоми яхбандӣ зиёд гашта, вақти обшавии яхҳо кам мешавад. Мадди баҳр мураттаби нимшабонарӯзӣ буда, баландии сатҳи об зимни дамидан то ба 6 м мерасад. Баффин дар давоми сол асосан яхпӯш аст. Дар Баффин айсбергҳое (яхкӯҳи шиновар), ки аз пиряхҳои ба баҳр воридшаванда ҳосил мешаванд, зиёданд. Баландии миёнаи айсбергҳо то 40–60 м мешаванд. Шикори кит, делфини қутбӣ, шӯрмоҳӣ ва равғанмоҳӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Баффин бори аввалин олими англис Ҷон Девис (с. 1585) таҳқиқот анҷом додааст. Қутбнаварди англис Уилям Баффи ба экспедитсияи Арктика панҷ маротиба рафта, дар с. 1616 дар бораи Баффин маълумот додааст. Баҳр ба шарафи ин олим «Баффин» номгузорӣ шудааст.

Адабиёт вироиш