Бахтиёр Худойназаров

Бахтиёр Худойназаров (Худойназаров Бахтиёр Бобоҷонович; 29 майи 1965, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 21 апрели 2015, Берлин, Олмон) — коргардон ва таҳиякунандаи саршиноси тоҷик. Дорандаи ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ. Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон (1992) ва Русия.[3]

Бахтиёр Худойназаров
Худойназаров Бахтиёр Бобоҷонович
Таърихи таваллуд: 29 май 1965(1965-05-29)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 21 апрел 2015(2015-04-21)[1][2] (49 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, филмноманавис, таҳиякунандаи филм
Корнома: 19862014
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0451998

Зиндагинома вироиш

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз соли 1983 ба ҳайси рӯзноманигори радио ва телевизион, ассистент ва режиссёр дар киностудияи "Тоҷикфилм кор кардааст.

Баъд аз хатми Донишгоҳи умумииттифоқии кинематографистон дар Москва (ВГИК) соли 1989, филми аввалинаш «Бародар»-ро (соли 1991) дар бораи саргузашти ду бародарон ба навор гирифта соҳиби якчанд ҷоизаҳои байналхалқии синамогарон (дар Турин, Мангейм, Москва) гардид.

Филми баландмақоми кинематографисти тоҷик Бахтиёр Худойназаров «Қош ба қош» (соли 1993), дар хориҷи кишвар ҷоизаи аврупоии «Шери нуқрагин» («Серебряный лев») ва филми дигари ӯ «Падари маҳтобӣ»-и (соли 1999) ба навор гирифта шудаанд. «Падари маҳтобӣ» («Лунний папа») аз рӯи сенарияи Квирикадзе, Ираклий Михайлович бо иштироки ҳунарпешаҳои бомаҳорат Чулпан Хаматова ва Мориц Блябтрой, дар нақшҳои асосӣ шуҳрати ӯро дар синамои байналмилалӣ баланд бардоштанд. (ҷоизаҳои байналмилӣ дар Токио, Сочи ва Минск). Соли 2012 филми «Дар интизории баҳр» («В ожидании моря») ва охирин филми ӯ силсилаи (сериали) телевизионии «Гетераҳои майор Соколов» («Гетеры майора Соколова») мебошанд.

Солҳои охир Бахтиёр Худойназаров дар Москва ва Берлин истиқомат мекард. Баъд аз бемории вазнин 21 апрели соли 2015 дар Берлин вафот кардааст.[4].[5].[6]

Филмшиносӣ вироиш

Номи филм Сол Коргардон Таҳиякунанда Нависанда Ҳунарпеша
Маъшуқаҳои майёр Соколов

(телесериал)

2014   - - -
Дар интизории баҳр 2012     - -
Bez muzhchin 2011 -   - -
Набераи Гагарин 2007 -   - -
Танкер «Танго» 2006   - - -
Ragin[7] 2004 -   - -
Шик 2003     -
My Sweet Home 2001 - - -  
Падари моҳтобӣ 1999   -   -
Қош ба қош 1993       -
Бародар 1991   -   -

Ҷоизаҳо ва номзадҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 filmportal.de — 2005.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. Сомонаи «Тоҷикфилм»
  4. Вафоти Бахтиёр Худойназаров, 21 апреля 2015.. 22 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июли 2015.
  5. Бахтиёр Худойназаров, Интервю
  6. Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана — Душанбе, 2012
  7. (creative producer — as Bakhtiyor Khudoynazarov)
  8. 40. Internationales Filmfestival Mannheim, 30.09.—05.10. 1991. Официальный сайт кинофестиваля Мангейм — Хайдельберг. 22 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2013.
  9. XV Международный телекинофорум «Вместе» (22-27 августа, Ялта). СК Новости (19 сентября 2014). 27 сентябри 2014 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  10. Номинанты премии «Золотой орёл» за 2014 год. 21 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 марти 2015.

Пайвандҳо вироиш