Баълабак

(Тағйири масир аз Баъалбак)

Баълабак (ар. بَعْلَبَكّBaʿlabakk; юн. Гелиопол) — шаҳр дар шимоли Лубнон, дар доманаи қаторкӯҳи Антиливан.

Маҳалли аҳолинишин
Баълабак
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1000
Масоҳат
  • 37,42 км²
Баландии марказ 1 170 м
Минтақаи замонӣ DAZD[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 81 052 тан (2008)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳолиаш зиёда аз 72 ҳазор нафар (2011). Аз рӯйи лавҳачаҳои дорои хатти мехии аз Тал-ал-Амарн пайдогашта бармеояд, ки Б. асрҳои 15-14 то м. (ва ҳатто садаи 18 то м.) вуҷуд доштааст. Соли 332 то м. аз тарафи Искандари Мақдунӣ забт гардид. Баъди фавти ӯ Сурия ба дасти птолемейҳо гузашт ва Гелиопол ном гирифт. Дар замони ҳукмр. Октавиан Август Гелиопол мустамликаи румиҳо (Юлий-Август-Феликс) гардид ва дар ин ҷо ибодатхонаҳои румӣ бунёд ёфтанд. Зимни ҳафриёти бостоншиносии с-ҳои 1898—1905 таҳти роҳбарии бостоншиноси олмонӣ О. Пухштейн маҷмааи бузурги ибодатхонаи аз садаҳои 1-3 боқимонда бозёфт гардид. Соли 635 аз тарафи арабҳо (таҳти роҳбарии Абуубайд) тасарруф карда шуда, масҷиду манораҳо қомат афрохтанд. Соли 1400 аз тарафи Темур ва дар садаи 18 қисман аз тарафи Ҷаззар (аз Аккра) хароб гардид. Дар садаи 19 ба дасти туркон гузашта, ба маҳалли аҳолинишин табдил ёфт.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.

Сарчашма вироиш