Баёния (забоншиносӣ)

Баёния — дар забоншиносӣ як навъи муайянкунанда буда, муайяншавандаро бо унвони дигараш ном бурда, бад-ин васила эзоҳ медиҳад.

Баёния монанди муайянкунанда бо ду тарз – изофӣ ва ҳамроҳӣ (беизофа) ба муайяншаванда алоқаманд мегардад, бинобар ин баёнияро ба гурӯҳҳои изофию беизофа (алоқаи ҳамроҳӣ) ҷудо мекунанд. Баёнияи изофӣ бештар пас аз калимаи муайяншаванда омада, муайяншавандаро аз ҷиҳатҳои зерин эзоҳ медиҳад:

  • соҳаи машғулият, касб, ихтисос: Шокири подабон, Қурбони аробакаш, Назири даллол, марди деҳқон;
  • мансаб, вазифа: Шарифҷонмахдуми қозикалон, Шомуроди посбон;
  • мансубият ва табақаҳои иҷтимоӣ, қавму миллат, табаа, ҳизб: Саиди муаллим, Сомеъпошои турк, Абдуллоҳхоҷаи коммунист;
  • тахаллус, лақаб: Аҳмади Дониш, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Тошхӯҷаи Асирӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва ғ.;
  • мавзеъҳои ҷуғрофӣ: деҳаи Ҷангалобод, вил. Хатлон, водии Ҳисор, дараи Ҳоит, дарёи Кофарниҳон;
  • муассиса, корхона: ширкати «Ориёно», фабрикаи «Ширин», бозори «Саховат», тарабхонаи «Симин»;
  • номҳои китоб, асар, рӯзнома, маҷалла, филм: китоби «Алифбо», достони «Шоҳнома», романи «Ғуломон», рӯзномаи «Ҷумҳурият», маҷ. «Садои Шарқ», филми «Рустам ва Суҳроб».

Баёнияҳое, ки пеш аз муайяншаванда омада бо бандаки изофӣ алоқаманд мешаванд:

  • ҳурмату эҳтиром ва бузургдошти шахс − Акаи раис, ба ман сухан диҳед; Ҷаноби Президент, ба диёри мо ҳам қадам ранҷа намоед; Бигузор, донаи аввали кишти баҳориро бобои деҳқон ба замин пошанд;
  • муносибати хешутаборӣ – тағои Низомиддинам, холаи Гулбаҳорат, хоҳарчаи Шаҳлоят;
  • лақаб ва бадномӣ – кали Ҷӯра, кӯри Ҷалил, дузди Шодӣ;
  • мансубият ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ – Эшони Тӯра, беваи Сафармоҳ.

Қариб ҳамаи муносибатҳои маъноии зикршуда дар баёнияҳои беизофа ҳам мушоҳида мешаванд. Фарқ дар он аст, ки баёнияҳои беизофа бо алоқаи ҳамроҳӣ пеш аз калимаҳои эзоҳшаванда омада, онҳоро аз ҷиҳатҳои унвонҳои ифтихорӣ, унвону дараҷаҳои илмӣ, рутбаҳои ҳарбӣ, мансаб, вазифа, суханони боэҳтироми муроҷиатӣ ва ғ. шарҳ медиҳанд: Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, акад. Муҳаммад Осимӣ, профессор Шарифзода, генерал Тошмуҳаммадов, лейтенанти калон Сафаров, президенти АИ Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ҷалолатмаоб Раббонӣ, устод Лоҳутӣ, муаллим Ҳусейнзода, рафиқ Олимӣ. Азбаски баёнияҳои беизофа дорои як задаанд, бо исмҳои хосси шахс калимаи мураккаб сохтаанд: Ҳайитамин, Исмоилмирохур, Набиполвон, Қиличхалифа, Алисартарош, Ҳамдамфӯрма, Тамарахонум, Шарофатхола, Қодирамак, Мирзомуаллим.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис. Д., 1984;
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1986.

Сарчашма вироиш