Баҳаговандоси Ҳиндӣ

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


БАҲАГОВÁНДÓСИ ҲИНДӢ
بهګاون داس هندی
Таърихи таваллуд 1751(1751)
Таърихи даргузашт 1805(1805)

БАҲАГОВÁНДÓСИ ҲИНДӢ (порсӣ:بهګاون داس هندی) Ибни Дилпат Дос ибни Ҳарнисрой (1751–1805), муаррих, тазкиранигор ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома вироиш

Дар Лакҳнав касби камол кардаву аз донишмандони забону адабиёт ва шеъри форсӣ Мавлавӣ Юсуфи Саҳоранпурӣ ва Мирзо Фохири Макин (вафот 1826) дарс омӯхтааст. Дар ибтидои шоирӣ тахаллуси «Бисмил»-ро пазируфта, баъдан «Ҳиндӣ» тахаллус кардааст. Дар дарбори ҳукм¬ронони давраш ба ҳайси масъули хироҷу молиёт ва раёсати девон хидмат кардааст.

Осор вироиш

Аз Баҳаговандоси Ҳиндӣ ду девони ашъор – «Завқия» ва «Шавқия», маснавиҳои «Силсилату-л-муҳаббат» (дар пайравии «Силсилатуззаҳаб»-и Ҷомӣ), «Мазҳару-л-анвор» (дар татаб¬бӯи «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ), «Меҳри зиё» (дар вазни «Юсуфу Зулайхо»-и Ҷомӣ), «Савонеҳ-ун-нубувват» (шарҳи ҳоли мухтасари Ҳазрати Муҳаммад (с) ва дувоздаҳ имом) боқӣ мондаанд. Соҳиби ду тазкира–номҳои «Сафинаи ҳиндӣ» ва «Ҳадиқаи ҳиндӣ» буда, дар «Сафинаи ҳиндӣ» оид ба 335 шоири муосираш, ки гурӯҳе аз онҳо роҷаҳо – ҳукмронони давр буданд, маълумот додааст. Тартиби зикри шоирон алифбоӣ – мутобиқи ном тахаллусашон мебошад. Тазкира соли 1958 дар Патна ба табъ расидааст. «Сафинаи ҳиндӣ»-ро тазкираи умумӣ метавон гуфт. Дар тазкира оид ба рӯзгору осори шоирони форсизабони Ҳиндустон, аз ибт. дар ин кишвар интишор ёфтани ислом то замони муаллиф, маъ¬лумот оварда шудааст. Як нусхаи асар дар Китобхонаи Муръашии Наҷафии Қум маҳфуз аст. Намунаи ашъори Б. Д. Ҳ., ки дар ох. зиндагиномаи хеш дар «Сафинаи ҳиндӣ» (172 байт) овардааст, аз қавли Аҳмад Гулчини Маонӣ, салису фасеҳу нағзу дилангез, забони гуфтораш ба фусаҳои Ироқ наздик аст. Ин абёт аз ӯст:

Якҷо шудани бадру ҳилол амри муҳол аст,

Ҷуз абруву рӯйи ту, ки бадр асту ҳилол аст.

Умрест, ки Ҳиндӣ, дили мо дар бари мо нест,

Бечора куҷо рафту надонам, ба чӣ ҳол аст.


Даштест муҳаббат, ки саробаш ҳама хун аст,

Хокаш ҳамагӣ оташу обаш ҳама хун аст.

Бишкаст зи санги ситами соқии бадмаст

Минои дили мо, ки шаробаш ҳама хун аст!

Ин дида, ки хун сохт дили ман, ҳама об аст

В-ин дил, ки шудам хонахаробаш, ҳама хун аст!

Адабиёт вироиш

نقوی علیرضا. تذکره نویسی فارسی در هند و پاکستان. ۱۳۴۳ هـ. ش؛ احمد گلچین معانی. تاریخ تذکره های فارسی. ج. ۱. تهران، ۱۳۶۳ هـ. ش؛

دانشنامۀ أدب فارسی. أدب فارسی در شبه قاره. بخش ۱، تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش؛ دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ۱۳. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.

  • Ш. Муҳаммадиев.

Сарчашма вироиш