Баҳора Хуррамзод (19.12.1958, д. Ансаралмоси н. Самарқанд) - олим, санъатшинос, доктори илмҳои санъатшиноси (2004), дотсент (2002). Узви ИХТ Тоҷикистон (1984).

Баҳора Хурамзод
Баҳора Хурамзод
Таърихи таваллуд 19 декабр 1958(1958-12-19) (65 сол)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ санъатшиносӣ
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Зиндагинома вироиш

Дастпарвари мак. миёнаи № 37 шаҳри Самарқанд (1975). УДС(ҳоло – ДДС) ба номи А. Навоиро бо баҳои аъло хатм карда ба Тоҷикистон омадааст (1979). Аспирант, ходими хурди илмӣ, ход. калони илмии шуъбаи санъати Ин.-ути таърих ва бостоншиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон (1979-94). Дар мавзӯи «Драмаи таърихии тоҷик ва таҷассуми саҳнавии он» бо роҳбарии док. илми санъатш. профессор Низом Нурҷонов рисолаи номз. ҳимоя намудааст (1993). Коромӯзи каф. фалс. ДДС ба номи А. Навоӣ (аз соли 1994). Ҳоло дар шаҳри Самарқанд истиқомат дорад. Ҳамсари нависандаи тоҷик Ҳазрат Сабоҳӣ

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи беш аз 60 мақолаи илмӣ ва 3 мон., 15 тезису маърӯза оид ба драматургия ва театри тоҷ., проблемаҳои фарҳангшиносӣ, ки дар маҷмӯаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, ИМА нашр шудаанд, аз ҷумла, монографияи «Саҳна ва шахсияти таърихӣ» (ба заб. русӣ, Самарқанд, «Суғдиён», 1998), таҳиягари китоби «Мусаввадаҳои нотамом» (аз рӯзгори Маҳмудҷон Воҳидов, Д., «Деваштич», 2005). Дар конф. байналхалқӣ доир ба фарҳанги Осиёи Марказӣ дар Туркия (1989), Сурия (1990), Таллин (1990), Россия (1992), ИМА (2004) маърӯза карда, хусусиятҳои фарҳ. мардумӣ, синтези фарҳ. Шарқу Ғарбро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар матбуоти даврии Тоҷикистон, Ӯзбекистон низ (рӯзн. «Адабиёт ва Санъат», «Овози Самарқанд») тақрибан 60 мақолаи илмӣ ва тезиси маърӯзаҳояшро дарҷ намудааст. Дар мавзӯи «Шоҳнома ва театр» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Китоби машҳури файласуфони Норвегия Гуннар Снирбекк ва Нилс Гилйе «Таърихи фалсафа»-ро ба тоҷикӣ гардондааст (Тош., «Адолат», 2004).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013, - С. 163 ISBN 978-99947-958-2-6