Баҳрулло Ҳикматович Раҷабов (тав. 27. 07. 1945, деҳаи Турушбоғи ноҳияи Ҳисор) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1975), дотсент (1980).

Баҳрулло Раҷабов

Зиндагинома вироиш

Соли 1966 факултети физика-метаметикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо ихтисоси муаллими математика хатм намудааст. Солҳои 1966–1968 ҳамчун ассистенти кафедраи математикаи олии донишкадаи номбурда, 1968– 1969 коромӯзи кафедраи математикаи олии Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон ба номи С.М. Киров фаъолият намудааст. Солҳои 1969–1970 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1970–1973 аспиранти кафедраи математикаи олӣ, 1974–1975 муаллими калони кафедраи таҳлили математикӣ, 1975–1977 муаллими калони кафедраи номбурда ва муовини декани факултети математика, 1977–1980 мудири кафедраи ҳисоббарории математикии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Баъдан чанд муддат ҳамчун муаллими математикаи мактабҳои миёнаи ноҳияи Ҳисор кор кардааст. Солҳои 1992–1994 ба ҳайси ҳамкор дар донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 инҷониб фаъолияти омӯзгорияшро дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат давом дода истодааст. Дар давоми 15 соли фаъолияташ дар донишкадаи омӯзгории пойтахт дар тарбияи ҳазорҳо нафар мутахассисон саҳми худро гузоштааст. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Муаллифи зиёда аз 60 мақола, воситаҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Дар корҳои илмии худ масъалаҳои таҳлили математикӣ, математикаи ҳисоббарорӣ, барномаронии хаттӣ, муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ ва инчунин методикаи таълими математикаро баррасӣ намудааст. Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.

Осор вироиш

Интегральное предписание решений одного класса уравнения в польных дифференциалах второго порядка с сингулярной точкой // Проблемаҳои илмҳои математика ва табиатшиносӣ. Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, Д., 2010; О решении одного класса системы уравнений в частных производных второго порядка // Паём. Маҷаллаи илмию назариявии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат, Д., 2010, № 20; Применение одного класса переопределенных систем дифференциальных уравнений с частными производными в решении некоторых задач экономики // Современные проблемы математики, Д., 2003.

Пайвандҳо вироиш