Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, Фарогат Искандарова!

.

Сабаби ба қайд нагирифтани номи ман

Аз пазироии Шумо шодам. Мехостам сабаби ба қайд нагирифтани ному насабамро бифаҳмам. Қаблан сипосгузорам.--Фарогат Искандарова (talk) 07:19، 23 Декабри 2015 (UTC)

  • Салому дуруд Фароғат Искандарова. Аввало ташаккур барои саҳмгузориатон дар Википедиаи тоҷикӣ. Дувум, бубахшед ки ҳамон лаҳза ҷавоб надодам, чун суоли шуморо нодида мондам. Барои ному насабатон бо ранги кабуд намоён гаштанаш, тугмаи ному насаби худро пахш карда ягончи нависед. Барои мисол нигаред Шухрат Саъдиев ё Ibrahim. Бо эҳтиром,--Aryan 17:09، 26 Декабри 2015 (UTC)

Салом оё дар профил расм ҳамроҳ кардан мешавад --Tanho Reper (talk) 09:08، 9 январи 2016 (UTC)

Ном

Мӯҳтарам ҳамкор, дар аввали номи саҳифа рақам нагузоред, чун бозёфти онҳо мушкил мешавад. Дар оянда, ин гуна саҳифаҳо ҳазф мешаванд. Бо эҳтиром,--Aryan 15:57، 29 январи 2016 (UTC)

Мӯҳтарам:AryanSogd|Aryan]] Шумо рақамгузириро дар мақолаи Исм (дастури забон) дар назар доред? Ман санҷидам, мақолаҳо кушода мешаванд. Инчунин, ман дар хона ба воситаи телефон кор мекунам (бо мушкилиҳои гуногун мақоларо менависам) ва баъдтар дар компютер камбудиҳоямро бартараф мекунам. Маъзарат. Бо эҳтиром --Фарогат Искандарова (talk) 16:45، 29 январи 2016 (UTC)
  • Бале, кушода мешаванд, лек, донишҷӯён, кофтукобро аз рақам сар намекунанд. Мисол, дар қуттии ҷустуҷӯ, калимаи шумора - ро менависанд ва давоми мавзӯи лозимӣ бо тарзи автоматӣ пайдо мешавад. Барои ҳамин, дар вақти номгузорӣ ҳамин ҷиҳатӽоро ба назар гиред. Аз фурсат истифода бурда, минатдории худро баён кардани будам. Мо корбарон дар орзӯи муттахасиси забони тоҷикӣ будем ва худоро шукр ин орзӯ ҷомаи амал пӯшид. Ҳазор ташаккур барои саҳми бебаҳо гузоштаатон. Бо эҳтиром,--Aryan 17:16، 29 январи 2016 (UTC)
Мӯҳтарам AryanSogd|Aryan]], аз ҳамкорӣ бо Шумо хеле шодам. Аммо, муттаассифона, дар ин соҳа ҳанӯз навшогирдам, баьзе нозукиҳои Интернет ва Википедияро намедонам.Умед дорам, ки аз Шумоен - фидокорони миллати тоҷик омӯзам ва сазовори суханҳои неку боварии Шумо гардам.Аз дастгириатон миннатдорам.Бо эҳтиром --Фарогат Искандарова|talk
  •   Бе ташвиш. Хатогӣ мо ҳам мекунем. Бо эҳтиром,--Aryan 11:09، 1 Феврал 2016 (UTC)

таҳрири пешоянди "Ба"

Мӯҳтарам Фарогат Искандарова|talk ба инҷо Ба (пешоянд) назар кунед. Ингуна тарзи таҳрири пешоянди "Ба" шояд ба Шумо маъқул бошад.--Шухрат Саъдиев (talk) 19:18، 31 январи 2016 (UTC)

Хашимов Сабирджон Хашимович

Салому дуруд ба шумо, хонум Фароғат. Бубахшед, иҷозат аст як чизро пурсам? Аз ин маълумот мебарояд, ки оқо Сабирджон Хашимович Хашимов ҳамкори шумост. Дуруст-мӣ? Гап дар ин аст, ки ман инҷо мақолае дар бораи ҷаноб Хашимов эҷод кардам. Лекин ман намедонам, ки чӣ тавр бояд номашро нависам. Ба тоҷикӣ номаш чӣ мешавад? Мӯҳтарам Фароғат, ман дуруст навиштам ё не? Агар бемалол бошад, кумак кунед. Бо эҳтиром, --Сергап (talk) 17:48، 10 Феврал 2016 (UTC)

Китоби дарсии шумо

Рӯз ба хайр, хонум Фароғат. Бахшиш, ман мехоҳам китобатонро хонда бароям, лекин ман намедонам, ки аз куҷо онро харида метавонам. Ба назарам, дар Интернет китоби дарсии шуморо наметавон пайдо намуд:

Китобатон ва китоби дарсии ҳамкорони шумо (Хашимов С.Х., Музаффарова Ш.М. Практический курс таджикского языка) ISBN доранд? Агар ISBN-ро гӯед, кофтуков осонтар мешавад. Шумо барои харидани китобҳои номбурда кадом мағозаҳои китобфурӯширо тавсия мекунед? Барои маслиҳататон қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 11:00، 12 Феврал 2016 (UTC)

Таҳрир

Мӯҳтарам устод, агар бо як вироиш эҷоди мақолаҳо мушкил бошад аз ин шаблон {{Таҳрир|~~~~}} истифода баред, то корбарони унвондоре, ки забони моро намедонанд, саҳифаро ҳамчун вайронкорӣ фикр карда ҳазф накунанд. Бо эҳтиром,--Aryan 09:45، 17 Феврал 2016 (UTC)

  • Ташаккур,бародар.Мекӯшам, ки дар хотираи заифгаштаам шаблонҳои бешумори Википедиаро нигоҳ дорам. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 14:45، 17 Феврал 2016 (UTC)
  • Ин камбудии мост, чун ки ин шаблонро ҳамин рӯз эҷод кардам. Бо эҳтиром,--Aryan 15:01، 17 Феврал 2016 (UTC)

  ташаккур! Шоми хуш устод. Дар ёд доред, ки пас аз истифодаи шаблон, дар давоми ду шабонарӯз ҳеҷ кас ба ғайр аз Шумо ҳуқуқи ин мақоларо вироиш карданро надорад. Бо эҳтиром,--Aryan 14:57، 18 Феврал 2016 (UTC)

  • Шоми Шумо низ дар Зарафшони азизам (агар ҳоло он ҷо бошед),ки зодгоҳи падарам аст (ёдашон ба хайр), ба хайр бошад.Шаблон барои кор хеле қулай будааст,ташаккури зиёд.Кам-кам технологияи Википедиаро бо ёрии Шумо омӯхта истодаам.Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 15:48، 18 Феврал 2016 (UTC)
  • Корро хуб карда истодаед. Ман дар навкорӣ аз сабаби надонистани дастурҳо ҳатто як бор баста шуда будам  . Падару модарам Зарафшонианд. Ман дар Душанбе таваллуд шудам. Ҳоло дар Русия кор карда истодаам. Фаромуш накунед, ки пас аз ду шабонарӯз шаблонро аз саҳифа бартараф кардан лозим меояд, на вобаста аз он, ки ба итмом расид мақола ё на. Барори кор устоди гиромӣ. Бо эҳтиром,--Aryan 16:13، 18 Феврал 2016 (UTC)
  • Фаҳмо, пагоҳ ин мақолаҳоро ба итмом хоҳам расонд.Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 16:53، 18 Феврал 2016 (UTC)

Вайронкор баста шуд

Шоми хуш устод. Минбаъд агар ягон корбари вайронкорро бубинед, лутфан мудиронро дар саҳифаҳои баҳсашон хабардор кунед. Бо эҳтиром,--AryanBot (talk) 16:53، 25 Феврал 2016 (UTC)

Арзи сипос

Ташаккур,бародар, акнун ором мехобам.

Даъватнома

Мӯҳтарам устод, лутфан дар инҷо ва инҷо ширкат варзед, Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 18:49، 27 Феврал 2016 (UTC)

Омори корбарон

Ба инҷо нигаред Статистика Википедии Таджикский http://stats.wikimedia.org/RU/TablesWikipediaTG.htm ва саҳматонро дар Википедиаи тоҷикӣ (моҳи январи соли 2016) бубинед.--Шухрат Саъдиев (talk) 16:03، 2 Март 2016 (UTC)

ҳ Шоми хуш устод. Калимаҳои фарҳанги забони тоҷикиро дар Викилуғат ҷой кардан лозим. ВП:ЧН -ро хонед, ҳама фаҳмо мешавад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:52، 3 Март 2016 (UTC)

Ассалому алайкум, бародари азиз. Худам низ ҳис карда будам, ки ҷойи вожаҳо дар Викилуғат мебошад, аммо ҷуръат накардам, ки ба қитъаи бароям ношинос ворид шавам. Барои маслиҳататон ташаккур, агар иҷозат диҳед, фардо дар кор аввал зери назорати ҳамкасбам Шӯҳрат Саъдиев ин корро амалӣ кунам.Бо зҳтиром -- --Фарогат Искандарова (talk) 16:54، 3 Март 2016 (UTC)
Баъзе калимаҳоро мумкин аст, ки дар ҳаминҷо ҳамчун мақола ҷой кунед, мисол: оҳангар чун пеша аст ва дар оянда ба мақолаи пуриттилоот тағйир мёбад ё ҷавшан - албатта дар оянда соҳиби иттилоот ва аксҳои зиёд мешавад. Хулоса, ҳамон калимаҳоеро бор кардан лозим аст, ки дар оянда мақолаҳои пуриттилоот гарданд. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:05، 3 Март 2016 (UTC)
Фаҳмо, хоби хуш--Бо зҳтиром --Фарогат Искандарова (talk) 16:54، 3 Март 2016 (UTC)
Хоби хуш. Бо зҳтиром,--AryanBot (talk) 17:06، 3 Март 2016 (UTC)

Муборак

Салому дуруд устоди мӯҳтарам. Шуморо бо ин рӯзи равшани байналмиллии занон табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, хушҳолии ҳаррӯза ва дар нақшаҳои оянда, ки писанд донед, барори кор хоҳонам. Бо эҳтиром ва орзӯҳои нек,--AryanSogd (t) 05:11، 8 Март 2016 (UTC)

Сипосгузорӣ

Субҳатон ба хайр бошад, бародари азиз! Барои табрикот ва таманноятон сипосгузорам. Ҳамаи бонувони ба дил наздикатонро аз номи камина табрик намоед.--Фарогат Искандарова (talk) 05:28، 8 Март 2016 (UTC)

Табрикнома

Табрикоти манро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз қабул намоед. Ташаккур барои ҳамкорӣ дар лоиҳаи ВК тоҷикӣ! Бо самимияти дустӣ ба Шумо:

  Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
 

Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 04:53، 22 Март 2016 (UTC)

Ташаккур, аҳли байтатон, махсусан Саидаҷонро табрик кунед. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 05:08، 22 Март 2016 (UTC)
Бубахшед, ки дахолат карда истодаам. Устод Фароғат, камина аз Шумо хоҳиш мекунад. Бахшиш, фаҳмиданӣ будам, ки калимаи «байт» чӣ маънӣ дорад. Ҳар чӣ қадар кӯшиш мекардам, ман ин калимаро дар луғат (масалан дар ин ҷо) ёфта натавонистам. Шояд Шумо хато (англисӣ typo) карда бошед, ё не? Шумо ибораи «аҳли оила» дар назар доштед, дуруст-мӣ? Агар бемалол бошад, калимаатонро фаҳмонед. Қаблан сипосгузорам. Бо эҳтиром. Сергап (talk) 11:56، 23 Март 2016 (UTC)

Доир ба вожаи байт

Муҳтарам корбар, калимаи байт арабӣ буда, маънои якумаш хона ва маънои дуюмаш ду мисраи бо ҳам алоқаманди шеър аст. Шумо дуруст дарк кардед, ки маънои ибораи аҳли байт аҳли оила мебошад. Хоҳиш мекунам, маро устод наномед, чунки ба дараҷаи устодӣ нарасидаам. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 14:28، 23 Март 2016 (UTC)

Раҳмати калон, акнун ҳама ба ман фаҳмост. Бубахшед, ин ҷониб нахост Шуморо ташвишманд созад. Охир Шумо ба сифати муаллимаи забони тоҷикӣ кор мекунед, ман бошам ба ин забон гап заданро ёд гирифтан мехоҳам.
  1. Чунон ки ман медонам, дар Тоҷикистон одат ҳаст: агар касе ба ҳайси дотсент кор кунад, ӯро устод меноманд. Лекин хоҳишатонро иҷро мекунам.
  2. Бубахшед, иҷозат аст боз як чизро пурсам? Шумо барои омӯхтани забони тоҷикӣ истифодаи кадом луғатҳои русӣ-тоҷикӣ тавсия мекунед? Гап ҳамин, ки луғатҳои русӣ-тоҷикӣ бисёр аст. Намедонам, ки кадом луғат аз ҳама беҳтар аст. Луғатҳои тоҷикӣ-русӣ аллакай дорам, аммо луғатҳои русӣ-тоҷикӣ интихоб карда наметонум. Марҳамат карда маслиҳат бидеҳт. Худомӯзи забони тоҷикӣ, ки Арзуманов навиштааст (ISBN 5-670-0035-8), хеле нағз аст. Аммо барои аз худ кардани китоби дарсиаш луғати мувофиқ лозим аст.
  3. Зимнан бояд гуфт, ки ВП тоҷикӣ мақола дар бораи Степан Джавадович Арзуманов надорад. Шумо ӯро мешиносед? Намедонед, ки ин шахс кӣ буд? Ман дар Интернет ҳеҷ хабар дар бораи Степан Арзуманов наёфтам. Бо эҳтиром. Сергап (talk) 18:11، 23 Март 2016 (UTC)
Ба фикрам, луғати беҳтарини русиву тоҷикӣ Русско-таджикский словарь: Свыше 72000 слов| С.Д.Арзуманов, Х.А.Ахрори, М.Бехбуди и др; Под ред.М.С.Асимова.-М.:Рус.яз., 1985.-1280 с. мебошад. Шумо, албатта, ин луғатро доштагистед. Боз луғатҳои соҳавии гуногун чоп шудаанд, ки мухтасар ҳастанд. Агар барвақттар мегуфтед, ман бо китоби дарсӣ ягон луғат низ мефиристодам. Степан Арзумановро танҳо ғоибона мешиносам. Ҳатман дар бораи ӯ мавод пайдо карда, дар ВП тоҷикӣ дар бораи ин олим, ки дар забоншиносии тоҷик бениҳоят хизмати шоён кардааст, мақола хоҳам навишт. Барои ин фикратон аз Шумо сипосгузорам. Дар ҳақиқат, Шумо дуруст мегӯед, муаллимони донишгоҳро устод меноманд, новобаста, аз он ки унвони илмӣ дорад, ё не. Аммо барои ман устод ин Рӯдакӣ, Фирдавсӣ...,Турсунзода, Лоиқ..., Асрорӣ, Ҳусейнзода, Осимӣ, Камолиддинов, Арзуманов... мебошанд. Беҳтараш муаллима гуфта муроҷиат кунед.Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 05:27، 24 Март 2016 (UTC)
  • Луғатҳои русиву тоҷикӣ Ҳамин тавр, интихоб кардан бисёр мушкил аст, бинобар ин аз Шумо пурсидам. Ба ман танҳо маслиҳататон лозим буд, фиристодани луғат даркор набуд. Луғати Асимов ҳанӯз нахаридаам, акнун медонам, ки маҳз ба ин китоб зарурат дорам. Раҳмат. Дар хусуси Рӯдакӣ, Умари Хайём ва ғайра шунидам: «нависандаи (ё шоири) бузург» = «устоди забардасти қалам»; «муаллими донишгоҳ» = «устод». Майлаш, минбаъд аз ин калима истифода намекунам. Барои тавсияатон ташаккури зиёд, муаллима Фароғат. Китоби дарсиатон ки қабул кардам, маводаш ба мақолаҳои "Забони тоҷикӣ" ва ғайра илова мекунам. Барои мақола дар бораи Арзуманов қаблан сипосгузорам, азбаски дар Интернет мавод оид ба рӯзгори ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик наметавон пайдо намуд. Ӯ дар ташаккулу рушди забоншиносии тоҷик нақши муассире гузошта бошад ҳам, ҳеч кас дар бораи хидматҳои шоистаи Арзуманов навиштан намехоҳад. Гарчанде ки китобҳои дарсию луғатҳои Арзуманов навиштагиаш аз санҷишу имтиҳонҳои вақт гузаштанд ва барои наслҳои имрӯза ёдгор мондаанд, хонандаи осораш дар бораи муаллиф ҳеҷ маълумот надорад. Бисёр афсӯс! Охир проф. Арзуманов ба олимоне, ки мояи ифтихори халқанд, тааллуқ дорад:
  … таким опытным таджиковедом, каким был С. Д. Арзуманов.
А. Хромов
 

Агар мақола ба ин забоншиноси барӯманд бахшед, ман онро ба забонҳои дигар тарҷума мекунам ва мақолаҳо дар бораи Расторгуева ва Усманова менависам. Бо эҳтиром. Сергап (talk) 12:07، 24 Март 2016 (UTC)

Овоз

Мӯҳтарам устод, лутфан дар инҷо ширкат варзед, чун ба беҳбудии таҷҳизоти лоиҳа ва мубориза бар зиди харобкорон аҳамияти калон дорад. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 11:24، 27 Март 2016 (UTC)

Омори феврали соли 2016

Ба инҷо нигаред http://stats.wikimedia.org/RU/TablesWikipediaTG.htm Статистика Википедии Таджикский ва саҳматонро дар Википедиаи тоҷикӣ (моҳи феврали соли 2016) бубинед. Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 15:12، 28 Март 2016 (UTC)

Дастурамал

Устоди мӯҳтарам, лутфан, бо ин лоиҳаи дастурамал шинос шуда дар қабул кардан, ки аз 10 то 17 апрели соли 2016 дар инҷо мегузарад, ширкат варзида, дар зерсаҳифаи интихобкарда (тарафдор, муқобил ва ё худдорӣ) шарҳ диҳед. Агар ягон камбудӣ пайдо кардед, аз пешниҳоди ислоҳи онҳо дар овоздиҳӣ шарм накунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 14:22، 4 Апрел 2016 (UTC)

Даъватнома 2

Муаллимаи азиз Фарогат Искандарова! Ман дархост ба унвони мудир додам ва аз шумо хоҳишмандам, ки дар ин ҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром,--Дустмурод Саид 18:17، 6 Апрели 2016

Доир ба туҳфаатон

Муаллимаи азиз, имрӯз китобатон ба фурудгоҳи Внуково омад. Умедворам, ки ба наздикӣ китобатонро қабул мекунам. Зинда бод забони форсӣ! Маълум аст, ки адабиёти халқҳоямон бо ҳамдигар алоқаи зич дорад, азбаски хеҷ як адабиёт ба танҳоӣ ва ҷудоӣ умр ба сар намебарад. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 14:02، 30 Апрел 2016 (UTC)

Ҷавоб

Бародари азиз, хеле маро шод кардед. Умедворам, ки ин туҳфаи ночиз ба Шумо писанд ояд. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 14:09، 30 Апрел 2016 (UTC)

Муаллима Фароғат, туҳфаатон ба ман расид. Парерӯз ман инро аз пӯштахона гирифтам. Агар рақами равонакро ба ман намедодед, ман дар бораи омаданаш намедонистам, азбаски маъмурони пӯштахона ба ман ҳеҷ хабар надоданд. Хеле меҳрубонӣ кардед, ки китобатонро барои хотира имзо гузоштед. Раҳмати калон, хеле хурсандам, ки китоб бо имзои муаллифаш дорам. Барои китоби дуюме, ки аз ҷониби хонум Шахло ба имзо расидааст, ташаккури зиёд. Зимнан бояд гуфт, ки китобатон ба яке аз саволҳоям аллакай ҷавоб дод. Пеш аз ин ман нафаҳмида будам, ки калимаҳои "бороятон", "барояш" ва ғайра чӣ маънӣ доранд. Дар вақте ки Семёнова аз ин калимаҳо истифода мебарад (масалан дар дарси 16: "Барои он ки шумо кишвари худро идора карда тавонед, бароятон дониш лозим аст", "Касе, ки ягон бор Душанбешаҳрро дидааст, барояш он дӯстдоштатарин ва маҳбубатарин гаштааст"), ӯ маъниашонро намефаҳмонад. Ба туфайли китобатон (саҳифаи 183) фаҳмидам, ки ин калимоҳо ба пешоянди “барои” тааллуқ доранд. Раҳмат. Китобҳо ба ман маъқуланд ва фикр мекунам, ки онҳо ба талаботи хонанда ҷавоб дода метавонанд. Бо камоли майл мутолиа менамоям. Ман аз ҳамаи Шумоён хеле миннатдорам. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 10:41، 12 май 2016 (UTC)

Ҷавоби мактуб

Муҳтарам Ҳамкор, суханони Шумо доир ба китоби камина ва устод Ҳошимов мисли марҳам (бальзам) форам аст. Албатта, китоб баъзе камбудиҳо низ дорад, агар бори дигар нашр кунам, ислоҳ мекунам. Ман миннатдории Шуморо ба Шаҳлохон мерасонам, шод мешавад. Бо эҳтироми зиёд,--Фарогат Искандарова (talk) 13:59، 12 май 2016 (UTC)

Якуми май

 
Идатон муборак шавад!

Муаллима Фароғат, ман мехоҳам, ки Шуморо ба муносибати Иди Баҳор табрик кунам. Нағз шуд, ки туҳфаатон маҳз барои ин иди байналмилалӣ ба Маскав омад. Ман бошам ин гулҳо ба Шумо пеш карданӣ шудам. Муаллимаи азиз, Якуми Май муборак бод! Бо эҳтиром, Сергап (talk) 07:09، 1 май 2016 (UTC)

Арзи сипос

Ташаккур, бародари азиз! Бовар кунед, ин ид барои ман азиз аст, табрикоти Шумо низ.Ин ҷашн ба Шумо низ муборак бошад. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 16:22، 1 май 2016 (UTC)

FlaggedRevs

Мӯҳтарам ҳамкор, лутфан дар инҷо фикри худро баён кунед. Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 10:55، 2 май 2016 (UTC)

Муаллима Фароғат, иҷозат диҳед, камина чизеро пурсад. Насаби нависандаи номбурдаро ба тоҷикӣ чӣ мегӯянд? Карлюкович ё Карлюкевич? Наход ӯ тоҷикиро медонад? Бо эҳтиром, Сергап (talk) 06:47، 5 май 2016 (UT)

Ҷавоб

Муҳтарам ҳамкор, бовар кунед номи тоҷикии ин шахсро намедонам. Аммо дар манбаи истифодашуда Карлюкович навишта шудааст, барои чӣ намефаҳмам. Ба фикрам, мисли забони русӣ Карлюкевич дурусттар будагист,чӣ маслиҳат медиҳед, ислоҳ кунем? Барои таҳрир ва хусусан акс сипосгузор ҳастам.Сатҳи забондонии ӯро намедонам, шояд бо луғат кор кардааст. Ба ҳар ҳол ӯ сазовори таҳсин мебошад. Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 06:48، 6 май 2016 (UTC)

Ҷавоби Шуморо интизор нашудам ва ислоҳ кардам, фикр мекунам акнун дуруст шуд, яъне Алес Карлюкевич. Барои сари вақт диққат доданатон, ташаккур.Бо эҳтиром,--Фарогат Искандарова (talk) 06:58، 6 май 2016 (UTC)
Раҳмат. Эҳтимол муаллифи манбаи истифодашуда хато карда бошад. Бинобар ин ман худам мақолаатонро кӯчониданӣ будам, аммо Шумо ин корро кардед. Ба фикрам, шахсе, ки чунин матнро ҳатто бо луғат навишта метавонад, забони тоҷикиро хуб медонад ва албатта сазовори таҳсин мебошад. Бо эҳтиром, Сергап (talk) 16:24، 6 май 2016 (UTC)

Ҳо

Шоми хуш муаллимаи азиз. Ҳо-и 26 ҳарфро ба Ҳо-и 6 ҳарф кардед. Онҳо фарқ доранд. Яке Ҳо-и ҳуттӣ, дигаре Ҳо-и ҳавваз. Хуб мешавад, агар ҳамонро ҳам эҷод кунед (якто мондаст). Бо эҳтиром,--AryanSogd (t) 16:51، 16 Июн 2016 (UTC)

Дархости Мудир

Ассалому алейкум устод! Аз шумо хоҳиш дорам, ки шумо Википедиа:Дархост ба унвони мудир номнавис кунед, шояд шумо ҳам яке аз Мудирони Википедиаи тоҷикӣ шавед. Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин (talk) 17:15، 4 Июл 2016 (UTC)

Иди Фитр

 
Идатон муборак шавад!

Муаллима Фароғат, Иди Фитр муборак шавад! Ба Шумо хушбахтӣ ва барори кор орзу мекунам. Сергап (talk) 08:10، 5 Июл 2016 (UTC)

Ид муборак!

Ассалому алейкум устод! Идатон муборак бошад! Бо эҳтиром-- Ҷалолиддин(talk) 09:55، 5 Июл 2016 (UTC)

Мақолаҳои дорои ҳуқуи муаллифа ва ғайридонишномавӣ

Муаллимаи азиз, фикр мекунам мақолаҳои аз фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқгузоштаантон на ҳамаашон донишномавӣ ва ба талаботи википедиа ҷавобгӯ ҳастанд. Ҳамчунин онҳо шояд дорои ҳуқуқи муаллифӣ ҳам бошанд. Аз ин сабаб лутфан мақолаҳои ҷавобгӯ ба талаботи википедияро эҷод намоед. Бо эҳтиром --Дӯстмурод Саид (talk) 15:20، 6 Декабри 2016 (UTC)

Худдорӣ аз иловаи гурӯҳ ва гузоштани шаблони Адиб

Муаллимаи гиромӣ, ба ҷойи гузоштани Гурӯҳ:Адибон аз рӯи алифбо шаблони {{Адиб}}-ро бигузоред, ба таври худкор гурӯҳи адибон аз рӯи алифбо одар мақола пайдо мегардад. Қаблан сипос! --Дӯстмурод Саид (talk) 15:25، 6 Декабри 2016 (UTC)

Таклиф

Салом муаллимаи азиз. Ман барои Корбар:TajBot дархост ба унвони бот додам ва аз шумо хоҳиш дорам, ки дар инҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, --Дӯстмурод Саид (talk) 14:21، 15 Декабри 2016 (UTC)

ИЛОВА

Ба номзад Корбар:RushDBot [1] таваҷҷӯҳ кунед ва тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром, --Шухрат Саъдиев (talk) 15:52، 25 январи 2017 (UTC)

Барои ивази шаблон кумакатон лозим

Шаблон:Адиб

Ин шаблонро ба ҷойи Шаблон:Зиндагинома (барои ҳамаи адибон, шоирон ва нависандагон) иваз кардан лозим аст. Агар ба воситаи телефон копия кардан мушкил бошад. Дар файл навиштан ва баъд дар ВП истифода бурдан лозим аст.

Соли нав!

Boilerplate request


{{Адиб
|Ном                  =  
|Номи аслӣ            = Мирсаид Миршакар
|Акс                  = Mirsakar.jpg
|Тавсифи акс          = Мирсаид Миршакар
|Ном ҳангоми таваллуд = Мирсаид 
|Номи пурра           =  
|Тахаллусҳо           = Миршакар 
|Зодрӯз               = 23.04.1912
|Зодгоҳ               = деҳаи [[Синдев]]и {{Зодгоҳ|Шуғнон|ноҳияи Шуғнон}}, [[Тоҷикистон]]
|Санаи марг           = 1.8.1993
|Маҳалли вафот        = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|Табаият              = {{flag|Тоҷикистон}}, {{flag|СССР}} 
|Намуди фаъолият      = [[шоир]]    
|Солҳои фаъолият      = 1937—1991
|Самт                 = реализми сотсиалистӣ  
|Жанр                 = [[достон]], [[қиссаҳои бадеию фантастикӣ]] 
|Забони осор          = [[забони тоҷикӣ]]
|Мукофотҳо            = [[Шоири халқии Тоҷикистон]] ([[1962]]), дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (мукофоти Сталин) (1950), [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] (1964)
|Ҷоизаҳо              =   2 Ордени Ленин, "Инқилоби Октябр", 2 Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,  
2 ордени "Нишони Фахрӣ", "Дӯстии халқҳо", медали "Барои меҳнати шоён дар ҶБВ солҳои 1941-1945"
|Lib                  =  
|Сайт               =
}} 

--Шухрат Саъдиев (talk)


Илтимос вақт ёфта дар саҳфаи адибони тоҷик, дар кадомаш танҳо номаш намоён бошад, Шаблон:Зиндагиномаро ба Шаблон:Адиб иваз намоед.----Шухрат Саъдиев (talk) 16:27، 16 Декабри 2016 (UTC)

Эрод

Нигаред: эрод нисбати коратон дар Википедиа:Қаҳвахона --Шухрат Саъдиев (talk) 03:46، 9 январи 2017 (UTC)