Хуш омадед ба Википедиаи Тоҷикӣ, TojDor!

Таклиф вироиш

Мӯҳтарам TojDor. Ман дархост ба унвони мудир додам ва аз шумо хоҳишмандам, ки дар ин ҷо тарафдор ва ё муқобил буданатонро баён мекардед. Бо эҳтиром,--Aryan 13:10، 1 Июн 2015 (UTC)

Тарафдории худро қайд кардем!.--TojDor (talk) 22:46، 10 Окт 2015 (UTC)

Викифонидани мақолаҳо вироиш

Мӯҳтарам TojDor Кӯшашатон дар эҷоди мақолаҳо қадами шоистаест барои донишнома. Вале, бо мақсади викифонидани мақолаҳоятон ба талаботи Википедиа риоя кунед. Барои намунаи эҷодатон аз мақолаҳои вироишгардида дар Википедиа истифода баред. Мақола бе иқтибос аз сачашма (ишораи библиографии китоб, ё суроғаи электронии сомона) ҳазф мегардад. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳ таалуқ доштани онро ишора намоед.

Нигаред ба мақолаи викифонидашудаи Бонк. Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 14:56، 6 Ноябр 2015 (UTC)

Ҷавоб! -Барои назаратон ташаккур! Ман ҳоло корбари навкор ҳастам ,бо мурури вақт ҳаммашро фаҳмида истодаам. Худо хоҳад дар мақолаҳои оянда ба иштибоҳ роҳ намедиҳам.Бо эҳтиром,--TojDor 20:05، 6 Ноябр 2015 (UTC)

Барои дарёфти мақолаҳо вироиш

Мӯҳтарам TojDor барои дарёфти мақолаҳо доир ба бонк нигаред ба >Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаълияти бонкӣ» Боби1, Моддаи 1 аз 19 майи соли 2009. Барои мисол: иттилооти мақолаҳои Амонат, Пасандоз,Ташкилотҳои қарзӣ аз ҳамин сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон гирифта шуда аз онҷо иқтибос оварда шудааст. Нусхаи сёҳнависи мақолаҳоро кушоед ва дар файл нусха бардоред. Оянда ба он такя намуда мақола нависед.Бо эҳтиром,--Шухрат Саъдиев (talk) 16:40، 6 Ноябр 2015 (UTC)


Ҷавоб! - Ташаккури зиёд , кӯшиш мекунам.Бо эҳтиром,--TojDor 21:42، 6 Ноябр 2015 (UTC)

Даъватнома вироиш

Дӯсти гиромӣ, лутфан дар инҷо ва инҷо ширкат варзед, Бо эҳтиром, AryanSogd (t) 19:13، 27 Феврал 2016 (UTC)