Беиштиҳоӣ (форсӣ: بی‌اشتهایی‎), ё анорекси́я (юн.-қад. α- «бе-, но-» + ὄρεξις «майл ба таом») — набудани иштиҳо (дар ҳолати вуҷуд доштани талаботи физиологӣ ба он).

Анорексия
МКБ-10 R63.063.0
МКБ-9 783.0783.0
eMedicine / 
MeSH D000855

Анорексия дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти маркази тағзия ба вуҷуд меояд. Сабаби анорексия бемориҳои рӯҳӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои дохилӣ, заҳролудшавӣ, халал ёфтани мубодилаи моддаҳо, бемориҳои узвҳои ҳозима (гастрити шадид, саратон, гастродуоденит ва ғайра), ғизои якхела ва бемаза, истеъмоли доруҳои гуногун, бемориҳои сироятӣ ва ғайра мебошанд. Ҳангоми дер давом кардани анорексия муқовимати организм суст ва ҳассосияти он нисбат ба бемориҳо зиёд мешавад. Дар кӯдакони хурдсол анорексия дар натиҷаи зӯран макондан ва риоя накардани қоидаҳои ғизодиҳӣ ба амал меояд. Анорексия метавонад аломати ягон беморӣ ё худ бемории алоҳида бошад (анорексияи алоимӣ). Дар мавриди охирӣ анорексия дар натиҷаи вокуниши асабӣ ба таъсироти номатлуби гуногун рух медиҳад.

Муолиҷаи анорексияи алоимӣ бояд ба рафъ сохтани бемории асосӣ равона шавад. Гоҳо ба табобати рӯҳӣ низ эҳтиёҷ меафтад. Ҳамчунин обутоби силсилаи асаб (сайругашт дар ҳавои тоза, обшифоӣ, истифодаи доруҳои таскинбахш) ва машғул шудан ба кори дилхоҳ низ манфиат мерасонад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш