Белинни

саҳифаи маъноҳои Викимедиа


Якопо Беллини (Bellini) — оилаи рассомони итолиёии Эҳёи пешин, ки ба мактаби рассомии Венетсия асос гузоштаанд. Якопо Беллини (тақрибан 1400–1470/71), рассом ва наққош, шогирди Ҷентиле да Фабриано. Аввал бо услуби готикаи «интернатсионалӣ» расм мекашид. Аз солҳои 40 садаи XIV дар эҷодиёти ӯ зери таъсири санъати флоренсиягӣ аломатҳои ҳунари давраи Эҳё бартарӣ дошт. Муаллифи тасвирҳои начандон бузурги ибодатхонаҳо, инчунин тақрибан 300 расм (ду албом, солҳои 1440–50, Лувр, Осорхонаи Британия) – мисоли беҳамтои китоби намунаҳо, ки рассомони асримиёнагӣ ҳангоми кор бо тасвирҳо истифода мебурданд.

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш