БЕЛЭТАЖ (фаронсавӣ Bel – зебо ва etago – қабат), 1) қабати дуюми иморат, қаср иқоматгоҳи шахсӣ. Дар Белэтаж, одатан, толор ва хонаҳои боҳашам, ки аз иморати қабатҳои дигар бо баландӣ ва ороишот фарқ мекунад, ҷойгир мешаванд. Дар меъмории замонавӣ Белэтаж қариб истифода намешавад; 2) дар театр қабати толори тамошо, ки болои амфитеатр ва бенуар сохта шудааст.

Адабиёт вироиш