Бери́лл (юн. beryllos) — минерал, силикати бериллий ва алюминий.

Берилл
Формула Al2[Be3(Si6O18)]
Физические свойства
Цвет Зелёный, голубой, жёлтый, красный, белый
Цвет черты Белая
Блеск Стеклянный
Прозрачность Прозрачный, полупрозрачный
Твёрдость 7,5—8
Спайность Несовершенная по {0001}
Плотность 2,6—2,9 г/см³
Сингония Гексагональная

Формулаи кимиёвиаш Al2 Be3 [Si6O18] буда, вале аз сабаби дар таркиби худ доштани ишқорҳо (Na,Ca, Rb), Li, Mn, Fe2+, Fe3+, Cr2+, инчунин об, газҳои гелий, аргон хеле мураккаб аст. Низоми булӯрбандиаш гексагоналӣ, аксар дар шакли маншури шашқира вомехӯрад. Ҷилояш шишагун. Рангаш сабзи равшан, сабзи зардтоб ё зард, осмониранг, баъзан гулобӣ ва ғ. Cахтиаш 7,5; зичиаш 2650–2800 кг/м3.

Берилли осмониранги сабзтоби шаффофро аквамарин, сабзи баланди шаффофи таркибаш хромдоштаро зумуррад, гулобиранги мангандорро воробёвит меноманд. Берилл дар пегматитҳои гранитӣ, грейзену скарнҳо, конҳои пневматолиту гидротермалӣ ба вуҷуд меояд. Берилл минерали муҳиммеcт барои ҳосил кардани бериллий. Навъҳои хушранг ва шаффофи берилл (аквамарин, зумуррад) ҳамчун санги қиматбаҳо дар заргарӣ истифода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш