Бета-зарра (β-зарра) — электрон ва позитроне, ки ҳастаи атом ҳангоми бета-коҳиш меафканад. Сели бета-зарраҳо бета-афканиш номида мешавад.

Бета-коҳиш

Бета-зарраҳо аз тарафи физикдони фаронсавӣ А. А. Беккерел соли 1876 кашф карда шуда буданд. Ҳоло маълум аст, ки бета-зарраи манфӣ заряднок (β−) электрон ва бета-зарраи мусбат заряднок (β+) позитрон мебошад. Фарқи бета-зарраи манфӣ заряднок аз электрони одӣ фақат дар «ҷойи тавлид» — ҳастаи атом (на абри электронии атрофи ҳаста) ва суръати (энергияи) ҳаракат (270 000 км/с) аст. Энергияи бета-зарраҳо бефосила аз сифр то ягон энергияи калонтарин, ки аз изотопи коҳишёбанда вобаста аст, тақсим шудааст ва дар ҳудуди аз 2,5 кэВ (барои Рений-187) то даҳҳо МэВ мехобад. Ниг. низ Бета-коҳиш.


Нигаред низ вироиш


Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш


Шаблон:Nuclear-phys-stub