Беҷода, гранат (аз лот. granatus) — гурӯҳи минерали силикатҳои мураккаби таркибашон тағйирёбанда, формулаи умумиашон R32+ R23+ [SiO4]3; дар ин ҷо R2+ =Mg, Fе, Мn, Са ва R3+ = Al, Fe, Cr аст.

Гранат
Меланит из Казахстана
Формула R2+3 R3+2 [SiO4]3
Физические свойства
Цвет красный, ярко-красный,оранжевый, лиловый, зелёный, фиолетовый, чёрный, хамелеоны (при свете солнца — синевато-зелёный, под светом электрической лампы - лилово-зелёный).
Цвет черты Белый
Блеск Стеклянный
Твёрдость 6,5—7,5
Спайность Отсутствует
Излом неровный
Плотность 3,47 — 3,83 г/см³
Сингония Кубическая

Дар радикали (SiО4) як қисми Si ба Al3+, оксиген бошад, ба гурӯҳи (OH)–1 (мас., дар гидробеҷодаҳо) иваз шуда метавонанд. Беҷодаҳо дар силсилаи кубӣ булӯр мебандад. Минералҳои гуруҳӣ беҷодаҳо аз ҷиҳати хусусиятҳои булӯрбандию кимиёӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. беҷодаҳоҳои магний, манган, оҳандор – пироп Mg3Al2[SiO4]3; алмандин Fe3Al2 [SiO4]3, спессартин Mn3Al2[SiO4]3;
  2. беҷодаҳоҳои калсийдор – гроссуляр Ca3Al2[SiO4]3; уваровит Ca3Cr2[SiO4]3.

Беҷодаҳо бештар дар ҳолати кристаллӣ ва агрегатҳои донадор вохӯрда, беранг, зардча, сабз, бӯр, сиёҳ, сурх, ҷигарӣ ва гулобиранг мешавад. Сахтиаш 6,5 – 7,7; зичиаш аз 3100 то 4300 кг/м3.

Беҷодаҳоҳо дар ҷинсҳои метасоматӣ – скарнҳо, рагҳои пегматитӣ (спессартин, алмандин), варақсангҳои метаморфӣ (пироп, демантоид), ҷинсҳои қаърӣ – эклогит ва кимберлитҳо (пироп) ба вуҷуд меоянд. Инчунин дар рагҳои гидротермалӣ ва пошхӯрдаҳо вомехӯранд. Беҷодаҳоҳои шаффофу хушранг (пироп, алмандин, демантоид) ҳамчун санги қиматбаҳо дар заргарӣ ва навъҳои сахти он дар техника ҳамчун масолеҳи суфтагарӣ истифода мешаванд. Конҳои калонтарини беҷодаҳо дар Россия, Ҳиндустон, Чехия, Словакия ёфт шудаанд. Беҷодаҳо дар кӯҳҳои Помир, қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон ва Қаромазор низ вомехӯрад. Беҷодаҳои ҷавоҳирӣ дар таркиби регу шағалҳои мавзеи Помири Ғарбӣ дарёфт шудааст, ки доначаҳои он сурхи гулобӣ (алмандин) буда, то 10–12 мм андоза дорад. Чунин навъи беҷодаҳо дар мавзеи Сӯхтаи назди Искандаркӯл низ ёфт шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш