Биринҷӣ (форсӣ: برنجی‎) — хӯлаи мис ва унсурҳои гуногуни кимиёӣ: қалъагӣ (то 19 %, Б.-ҳои қалъагӣ), алюминий (5-12 %, Биринҷӣҳои алюминӣ), бериллий (1,6-2,1 %, Б.-ҳои бериллий), сурб, кадмий, хром ва ғ.

Биринҷии қалъагӣ қадимтарин хӯлаест, ки инсон истеҳсол кардааст. Аз қадим биринҷӣ барои сохтани олоти кор, аслиҳа (сарнайза, ханҷар, табар), ашёи зинат, танга ва оина хидмат мекунад. Дар асрҳои миёна аз биринҷӣ зангӯла ва тӯп мерехтанд. Ба туфайли хосиятҳои антифриксионии худ биринҷӣ аз а. 19 дар мошинсозӣ бисёр истифода мешавад. Дар а. 20 биринҷии қалъагиро, асосан, биринҷии алюминӣ иваз кард, ки 5-12 % алюминий дошт ва бисёр хосиятҳои он нисбат ба Биринҷӣи қалъагӣ беҳтар буд. Аз рӯйи хосиятҳои зиддизангзанӣ ва мустаҳкамиаш биринҷӣ нисбат ба миси холис беҳтар буда, дар муҳити об, ҳаво, кислотаҳо ва диг. моддаҳои кимиёӣ нисбатан устувор аст. Биринҷӣ барои тайёр кардани арматур ва таҷҳизоти гуногуне, ки барои корҳо дар муҳити обҳои ширин ва шӯр, буғи об таъйин шудаанд, тайёр намудани винститути шиноварии киштиҳо, пружинҳо, ҳайкалҳо, тангаву зангӯлаҳо ва ғ. истифода мешавад.

Инчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш