Бисабоат Исмоилова

Бисабоат Исмоилова (01.11.1939, Хуҷанд) — олим, муаррих, доктори илмҳои таърих (2004), профессор (2005), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1999).

Бисабоат Исмоилова
Бисабоат Исмоилова
Таърихи таваллуд 1 ноябр 1939(1939-11-01) (84 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Бисабоат Исмоилова факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1965). Сарлаборанти Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1958-1968), муаллими кафедраи таърихи ИҶШС (1968-1969), аспиранти ДДОД ба номи Т.Г. Шевченко (1969-1972), муаллими ДДОД ба номи Т.Г. Шевченко(1972-1978), муаллими кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДТ ба номи В.И.Ленин (1978-1981), омӯзгор-тарҷумони Донишгоҳи Кобул (Афғонистон, 1981-1983), корманди шуъбаи бойгонии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (1983-1985), дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, (1985-1993), дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1993-1995), дотсент (1995), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик ва фанҳои чамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (аз с.2004), ҳамзамон директори бахши Хуҷандии ташкилоти хайрияи «Парвин» (аз с.2002). Бисабоат Исмоилова олими пурмаҳсул ва тарғиботгари фаъол мебошад, ҳоло дар нафақа аст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Тадқиқоти илмии Бисабоат Исмоилова масоили таърихи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мадании аморати Бухоро, мақоми занон дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ва ғайраро фаро мегирад. Муаллифи як қатор рисолаҳо, зиёда аз 100 мақола, дастурҳои методӣ мебошад. Саҳми Бисабоат Исмоилова дар омузиши таърихи аморати Бухоро назаррас буда, хусусан дар мавриди омузиши ҳаёт ва фаъолияти амир Ҳайдар (1800-1826) нақши намоён дорад. Иштироккунандаи як қатор конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ мебошад.

Осор вироиш

  • История Бухарского эмирата (втор. пол. XVIII- сер. XIX вв.). - Худжанд: Нури маърифат, 2005;
  • Бухарский эмират при эмире Хайдаре. - Худжанд: Адолат, 2000;
  • Политическая история Бухарского эмирата при эмире Хайдаре (1800-1826гг.). - Душанбе, 1999;
  • Бухарский эмират в период протектората. – Худжанд: Гос. изд-во им. Рахима Джалила, 1997.[1]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳои беруна вироиш