Биёбони Сурия (ар. بادية الشام‎ — Бодият-уш-Шом) — биёбон дар Осиёи Ғарбӣ, дар ҳудуди Сурия, Ироқ, Урдун ва Арабистони Саудӣ.

Масоҳаташ тақрибан 1 млн км2. Сатҳаш пуштакуҳ ва ҳамвори тадриҷан пастшаванда (аз 800 то 500м). Дар шимолу шарқ бо водии дарёи Фурот маҳдуд шудааст. Дар он куҳҳои алоҳидаи баландиашон то 1000—1100 м мавҷуданд. Б. С. асосан аз оҳаксангу мергелҳо таркиб ёфта, пастхамиҳои сарбастаи шӯразамин ва регзору заминҳои санглох вомехӯранд. Иқлимаш субтропикии континенталии хушк, зимистони нарм ва тобистони ниҳоят тафсон. Ҳарорати миёнаи янв. 6,90 С, июл 290 С. Боришоти солона дар Ҷ 50-80 мм, дар Шимол ва Шимол Ғ 200—300 мм. Ҳудуди Б. С. камоб буда, аз оби чоҳҳо истифода мебаранд. Набототаш аз буттаю нимбуттаҳо, саксавул, афсантин, гиёҳҳои хоклес иборат аст. То садаи XX дар Б. С. шутурмурғ, уштур мавҷуд буд. Аҳолии асосиаш бадавиён бо парвариши бузу гӯсфанд ва шутур машғуланд. Ба воситаи лӯлаҳои интиқоли нафт ин маҳсулот аз халиҷи Форс ба бандарҳои баҳри Миёназамин содир мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш


Шаблон:Syria-stub Шаблон:Iraq-stub