Биҳишт (форсӣ: بهشت‎, аз авестоии Vahishta — ҷаҳони бартару некӯтар), фирдавс, ҷаннат, мину — дар дини ислом наз­диктарин ҷойгоҳ ба Худованд барои муъминони ҳақиқӣ, ки ба туфайли аъмоли неку бегуноҳӣ ба онҷо бурда шаванд ва манзилгоҳи абадии онҳо бошад.

Биҳишт бар асоси динҳои ҷаҳонӣ вироиш

Он дар адабиётшиносӣ маҳалли амну осоишу оромиш ва орӣ аз ҳар гуна ранҷу азоб ва мавзеи хушобу ҳаво тасвир шудааст. Ҳамаи динҳои мутаоли ҷаҳонӣ рафтан ба биҳиштро ба гаравандагони худ ваъда меди­ҳанд ва талқин мекунанд. Дар Авесто рӯҳи инсони накӯ­кор пас аз тай намудани «таслим»-и ахлоқии андешаи нек, гуфтори нек ва пиндори нек ба сӯи фазои фу­рӯғи аҳуроӣ сууд мекунад ва аз Пули сирот (Чинонат пирито – филиззи гудохтаи болои наҳр) гузашта, ба бор­гоҳи қуд­сии Аҳура Маздо мерасад ва дар биҳишти барин қарор мегирад. Дар дини яҳудӣ ва масеҳият низ биҳишт бо авсофи гуногун, аз қабили маҳалли ҳаёти ҷовидона тасвир шудааст. Дар Аҳди Ҷадид биҳишт маҳалли саодату амонӣ, лаззати наф­сонӣ ва ҷойгоҳи рӯҳонӣ қаламдод шудааст, ки нафси инсон пас аз ҷудо шудан аз бадан дар он ҷойгоҳ мондагор мешавад.

Биҳишт бар асоси ақоиди исломӣ вироиш

Бар асоси ақо­иди исломӣ рӯзи қиёмат шуморе аз муъминони некукор бе ҳисоб, қис­мате пас аз ҳисоби сабук, ҷамоаҳое пас баррасии дақиқи парвандаи аъмол, ки барои порае аз онҳо ба афви Парвардгор мақрун мегар­дад ва дастаҳое пас аз миқдоре сӯхтан дар оташ ва пок гаштан бо фазли Худо ва ба подоши хайр ба биҳишт бурда мешаванд ва му­носиб бо мақоми бандагӣ ва дараҷаи аъмоли некашон дар манзил­ҳои олии биҳиштӣ ҷой дода мешаванд. Биҳишт ва манозили он ба чанд дараҷа ҷудо мешаванд, ки болотарини онҳо ҷаннатул­фирдавс аст. Расули акрам (с) муъминонро ба дош­тани ҳиммати баланд тавсия мекунад ва дар ҳадисе мефар­мояд: «Вақте Худоро суол намудед, ҷаннати фирдавсро аз Ӯ бихоҳед, ки он миёна ва боло­тарин (ҷойгоҳ)-и биҳишт ва бар боло ва ё бар сақ­фи он Арши (Ху­дои) Раҳ­мон бошад ва наҳр­ҳои биҳишт аз он ҷӯш зананд!»[1].

Биҳишт бар пояи назароти қуръонӣ вироиш

Бар пояи назароти қуръонӣ, рӯзи қиёмат мардум бори дигар зинда гардонида мешаванд ва бар асоси эътиқодоти ботинӣ ва мавқеъгириҳои амалие, ки дар дунё дар баробари паёмбарони Ху­дованд, барномаи ҳидоят ва таълимоти фиристодаи Ӯ доштанд, ба ду гурӯҳи азим — растагорон ва зиёндидагон ва ё биҳиштиён ва дӯзахиён ҷудо мешаванд ва ҳар кадоми онҳо пас аз бозхости аъмол ва муайян шудани ҷойгоҳи абадиашон ба биҳишт ва ё дӯ­зах бурда мешаванд ва ба таври абадӣ дар он боқӣ мемонанд. Қуръони карим барои растагории охират ва расидан ба биҳишт пайравии комил ва татбиқи амалии барномаи ҳидояти худован­диро, ки бо номи Ислом шинохта мешавад, зарур мешуморад. Ин барномаи ҳидоят аз ду бахши муҳим ва дарҳамбофтае иборат аст, ки бахши аввалро низоми арзишҳои эътиқодӣ ва бахши ду­юмро низоми амалӣ ва ё бахши аҳкоми шариат ташкил меди­ҳанд. Қуръон бахши аввалро аксаран бо таъбири имон ва бахши дуюмро бо таъбири амали солеҳ баён доштааст. «Ва онҳое, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд, онҳо асҳоби ҷаннат ҳастанд (ва) дар он ҷовидона бошанд»[2].

 وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ   ‎  

Нигаҳбонон ва дарбонони биҳишт вироиш

Нигаҳбонон ва дарбонони биҳиштро фариштае бо номи Риз­вон роҳбарӣ мекунад ва онҳо ба биҳиштиён ҳангоми даромадан шодбош ва салому дуруд мегӯянд.«Ва онҳое, ки аз Парвардгора­шон тақво намудаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт бурда шаванд, то он ки ба он ҷо биоянд ва дарҳояш кушода шаванд ва посдоронаш ба онҳо гӯянд, ки салом бар шумо, хуш бошед (ва) ҷовидона ба он да­роед!»[3].

 وَسِيقَ الَّذِينَ اتَّقَوْا رَبَّهُمْ إِلَى الْجَنَّةِ زُمَرًا حَتَّى إِذَا جَاءُوهَا وَفُتِحَتْ أَبْوَابُهَا وَقَالَ لَهُمْ خَزَنَتُهَا سَلَامٌ عَلَيْكُمْ طِبْتُمْ فَادْخُلُوهَا خَالِدِينَ   ‎  

Биҳишт дар аҳодиси Паёмбар (с) вироиш

Расули Худо (с) мефармояд: «Аввалин таоме, ки аҳли би­ҳишт мехӯранд, зиёдатии ҷигари ҳут (навъе моҳии бузург) аст…»[4]. Поинтарин манозили биҳиш­тӣ даҳ баробари дунё бошад ва охирин касе, ки ба биҳишт медарояд, дар он ҷой дода мешавад. Паёмбар (с) мефармояд: «Охирин касе, ки аз оташ хориҷ ва ба биҳишт дохил мешавад, марде аст, ки аз оташ афто­ну-хезон ва дар ривояти Муслим: хазида ва чорпо (чорғов) берун меояд. Худой, таборака ва та­ъоло, ба вай мегӯяд: Бирав ва ба би­ҳишт дарой! Ба биҳишт меояд ва хаёл мекунад, ки он пур аст, во­пас мегардад ва мегӯ­яд: Парвардгоро, онро пур ёфтам! Ва ин кор ми­ёни ӯ ва Пар­вардгор се бор такрор меёбад, дар навбати сеюм Худо ба вай мегӯяд: Бирав ва ба биҳишт дарой, ки барои ту (дар он) ба мисли дунё ва даҳ баробари он ва ё барои ту (дар он) ба мисли даҳ баробари дунё бошад! Мегӯяд: Оё маро масхара ме­кунӣ ва ё бар ман механдӣ ва Ту подшоҳӣ!? Ровии ҳадис гӯяд: Расули Худо (с)-ро дидам, ки хандид, то дандонҳои пешаш намудор гаш­танд ва гуфта мешуд, ки ин поёнтарин манзилҳои аҳли биҳишт бо­шад»[5][6].

Аҳли биҳишт вақте ба наздики он бурда шаванд, тамоми дар­возаҳояш ба рӯи эшон кушода мегарданд ва дарбононаш ба шод­боши онҳо мегӯянд: «Салом бар шумо, хуш бошед (ва) ҷовидона ба он дароед! Ва (биҳиштиён) гӯянд: Ҳамд барои он Худо, ки ваъ­даи Хешро барои мо рост гардонд ва заминро ба мо вогузошт, ки аз ҷаннат ҳар ҷо ки хоҳем, барои худ ҷой мегузинем, пас чӣ некуст аҷри амалкунандагон!»[7] ва чун ба он дароянд ва бо зеварҳои биҳиштӣ ороста гарданд, гӯянд: «Ҳамд барои Худое, ки ғамро аз мо дур сохт, Парвадгорамон, ба ҳақ, омурзандаи пос­дор аст, он (Зот)-е, ки моро бо фазли Худ дар саройи ҷовидона фу­руд овард, ки моро дар он (дигар) ранҷу хастагие намерасад»[8]. Гуфтори биҳиштиён дар ҷаннат: «Субҳона­калло­ҳумма» ва таҳияту шодбошашон дар он «салом» бошад ва охи­рин суханашон дар он ин аст, ки «Ҳамд барои Худой — Парвард­гори ҷаҳонҳо»[9].

 دَعْوَاهُمْ فِيهَا سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلَامٌ وَآخِرُ دَعْوَاهُمْ أَنِ الْحَمْدُ لِلَّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ   ‎  

Биҳишт бар пояи Суннат вироиш

Бар пояи ривоятҳои Суннат биҳиштро ҳашт дар бошад. Яке­ро дари Намоз (салот) гӯянд ва он хосси намозгузорон бошад, дигареро дари Закот номанд ва он хосси закотдиҳандагон ва ин­фоқкунандагон дар роҳи Худо бошад, севвумро дари Райён гӯянд ва он хосси рӯзадорон бошад, чаҳорумро дари Ҳаҷ номанд ва он хосси ҳаҷгузорон ва зиёраткунандагони хонаи Худо бошад, пан­ҷумро дари Зикр гӯянд ва он хосси зикргӯён ва истиғфоркунан­дагон бошад, шашумро дари Мубориза номанд ва он хосси му­боризони роҳи Ҳақ бошад, ҳафтумро дари Козимина-л-ғайз гӯ­янд ва он барои фурӯбарандагони хашми худ бошад ва ҳаштум­ро дари Авфкунандагон аз мардум номанд, ки барои гузаштку­нандагон аз хатову гуноҳи мардум бошад. Касе аҳли ҳар амале бошад, ӯро аз он дар нидо кунанд ва онҳо, ки дар чанд амал ва ё дар тамоми амалҳои хайр марди тамоманд, онҳоро аз чанд ва ё аз тамоми дарҳо нидо кунанд ва эшон кадоме аз онҳоро барои вуруди худ ба биҳишт интихоб кунанд.

Андоза ва масоҳати биҳишт вироиш

Дар бораи андоза ва масоҳати биҳишти Худованд танҳо дар ду оят хабар дода шуда, дар яке мефармояд: «Ва ба сӯи мағфира­те аз Парвардгоратон ва ҷаннате, ки паҳнои он осмонҳо ва замин аст, би­шитобед, ки барои парҳезгорон омода карда шудааст!»[10] ва дар дигаре мефармояд: «Ба сӯи мағфирате аз Парвардго­ратон ва ҷаннате, ки паҳнои он ба мисли паҳнои осмон ва замин аст, сабқат намоед, ки барои онҳое, ки ба Худо ва паём­баронаш имон овардаанд, омода гардидааст!»[11]. Дар ҳоле ки дар бо­раи ҳаҷм ва андозаи дӯзах дар нусуси шаръ чизе наёмадааст.

 سَابِقُوا إِلَى مَغْفِرَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ وَجَنَّةٍ عَرْضُهَا كَعَرْضِ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ أُعِدَّتْ لِلَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ ذَلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَنْ يَشَاءُ وَاللَّهُ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ   ‎  

Бар асоси таълимоти динҳои осмонӣ сарнавишти инсон бо тамом шудани ҳаёти ин дунё ба поён намерасад ва марг ба маъ­нои хотимаи кор ва сафар ба сӯи адам ва нобудӣ нест, балки зар­фиятҳои вуҷудии коргаҳи коинот ва дошти гардо­ни низоми офа­риниш рӯзе ба поён мерасанд ва Худованд ба ҷои он низоми на­веро ба гардиш дармеоварад. Ин назарияи таълимоти диниро дастовардҳои муосири физика, кашфиёти соҳаи астрофизика ва дигар риштаҳои илмӣ амалан исбот намуда ва коршиносони соҳа тамом шудани захира(ресурс)-ҳои мавҷудаи ҷаҳонро пас аз мил­лиардҳо соли дигар ба гунае пешгӯӣ намудаанд, ки ин мантиқан ба маънои ба поён расидани ҳаёти ин ҷаҳон аст.

Эзоҳ вироиш

  1. Сеҳеҳ Бухорӣ, 2790
  2. Бақара, 2: 82
  3. Зумар, 39: 73
  4. С. Б., 3329, 3938, 4480
  5. С. Б., 6571, 7511
  6. С. М., 460—461 (186)-308-309
  7. Зу­мар, 39: 73-74
  8. Фо­тир, 35: 34-35
  9. Юнус, 10: 10
  10. Оли Имрон, 3: 133
  11. Ҳадид, 57: 21

Адабиёт вироиш

  • دائرةالمعارف قران کریم. ج۶. تهران،۱۳۸۶

Сарчашма вироиш