Бобобеки Иштибар (ар. بابابیک اشتیبر‎, Домулло Бобобек; 1784, Шаҳрисабз1884, Бухоро) — хаттот ва хушнависи тоҷик.

Бобобеки Иштибар
ар. بابابیک اشتیبر
Таърихи таваллуд: 1784(1784)
Зодгоҳ: Шаҳрисабз
Навъи фаъолият: хаттот, хушнавис

Зиндагинома вироиш

Шогирди Иброҳим Девонаи Шаҳрисабзӣ. Марди донишманд буд, дар Бухоро бо даъвати Амир Ҳайдар (ҳукмр. 1800 – 25) ба толибилмон аз хаттотӣ ва сарфу наҳв дарс додааст. Хаттотони маъруфи замонаш – Абдурраҳими Таманно, Субҳонқулӣ, Умархоҷа, Мирмаъсуми Оламиён, Мирсироҷи Атолиқ, Абдулқодирхоҷаи Пишакбоз, Садриддини Махдуми Хуҷандӣ ва дигар. аз ҷумлаи шогирдони Бобобеки Иштибар мебошанд. Бобобеки хатнависии хосса дошта, мавриди китобат махраҷгирӣ, доиракашӣ, хату ҳошия кашидан ва дигар қонуну қавоиди хаттотиро хуб риоя мекард. Ӯро барои маҳорат ва нуктадониаш «Устоди кулл» ном бурдаанд. Дар Бухоро мактаби махсуси хаттотӣ таъсис додааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш