Бобоюнус Худойдодзода

Бобоюнус Худойдодзода (форсӣ: بابایونس خدایدادزاده ‎; 5 марти 1870, деҳаи Косатароши бекигарии Балҷувон25 майи 1945, деҳаи Чилчаи ноҳияи Совет) — шоири халқии тоҷик.

Бобоюнус Худойдодзода
форсӣ: بابایونس خدایدادزاده
Таърихи таваллуд: 5 март 1870(1870-03-05)
Зодгоҳ: деҳаи Косатарош, бекигарии Балҷувон
Таърихи даргузашт: 25 май 1945(1945-05-25) (75 сол)
Маҳалли даргузашт: деҳаи Чилча ноҳияи Темурмалик
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Аз падар ва амакаш, баъдан аз гӯяндагон ва гӯрӯғлихонони маъруф Мирзо Қурбон, Шукурмаст, Мирзои Хол, Нуралии Ҷириқ ҳунари гӯяндагиро омӯхт. Б. аввалин сароянда (гӯянда)-и достони «Шӯриши Восеъ» мебошад. Беки Балҷувон ӯро б арои сурудҳои шӯрангезаш таъқиб менамуд. Бобоюнус зодгоҳашро тарк намуда ба мардикорӣ рафт. Дар Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Хуқанд, Тошканд мардикор буд. Соли 1916 дар Россия мардикорӣ мекард. Соли 1919 ба ватан баргашт.

Эҷодиёт вироиш

Дар шеъру достонҳояш сохти нави ҷамъиятӣ, ташкили колхозҳоро тарғибу ташвиқ мекард. Соли 1941 ба Сталинобод (Душанбе) омада, бо шоирону нависандагон М. Турсунзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил ва дигарон шинос шуд. Адибон Л. Бузургзода ва Р. Ҷалил асарҳои эҷоднамудаи Бобоюнусро сабт намуданд, ки ҳоло дар шуъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ маҳфузанд. Бобоюнус дар тӯли умри худ шеъру достонҳое аз қабили «Давраи ғарибӣ», «Ушр», «Рӯзҳои гузашта», «Мулки навобод», «Ғаллатайёркунӣ», «Ҷавоб ба душман», «Суруди зафар», «Қаҳрамонони Ватан», «Сарҳадамонро посбонӣ мекунем» ва ғ. эҷод кардааст. Ашъори Бобоюнус ба сабку анъанаҳои асарҳои халқӣ (адабиёти шифоҳӣ, ба вазни ҳиҷоӣ) эҷод шудаанд. Аз Бобоюнус гӯрӯғлисароёни машҳур Содиқ Розиқов, Ҳақназар Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон (беш аз 25 нафар) таълим гирифтаанд.

Осор вироиш

  • Шеър ва достонҳо. Сталинобод, 1941;
  • Сурудҳои Бобоюнус, Муҳаббати халқ. Сталинобод, ҳар ду 1951;
  • Сурудҳои ҳофиз. Д., 1967;
  • Поэма. Сталинабад, 1948;
  • Песня Бобоюнуса. Сталинабад, 1950.

Адабиёт вироиш

  • Бузургзода Л. Достонгӯй ва шоири халқӣ Бобоюнус // Намунаҳои адабиёти тоҷик (бо алифбои лотинӣ). Сталинобод, 1940;
  • Бузургзода Л., Ҷалилов Р. Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор. Сталинобод, 1941;
  • Чалишев С. Бобоюнус. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Бобоюнус Худойдодзода. Д., 2008.

Пайванди беруна вироиш

Сарчашма вироиш