Бобо Кӯҳӣ (форсӣ: بابا کوهی‎), Абуабдуллоҳ Алӣ ибни Муҳаммади Шерозӣ (933, Боку — 1050, Шероз) — шоири форс-тоҷик; бо номи Ибни Бокуя низ машҳур аст.

Бобо Кӯҳӣ
Таърихи таваллуд: 948
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1037
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, файласуф
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Бобо Кӯҳӣ. баъди дар назди Абуабдуллоҳ ибни Хафиф (ваф. 982) илмҳои гуногуни замон ва асосҳои тасаввуфро омӯхтан, ба Бағдод рафт. Дар Нишопур бо шайх Абуабдурраҳмони Суламӣ (ваф. 1021), Имом Қушайрӣ (ваф. 1071) ва Абусаиди Абулхайр мулоқот кард. Баъди ин ба тасаввуф бештар машғул шуд. Аз Нишопур ба Шероз баргашта, то ох. умр дар савмаае гӯшанишинӣ кард.

Бобо Кӯҳӣ девоне ба мерос гузоштааст, ки дар ғазал, рубоиҳои он тақр. аз ҳамаи истилоҳоти суфия истифода шудааст. Бобо Кӯҳӣ дар ашъораш, асосан «Кӯҳӣ» ва баъзан «Инсон» тахаллус мекард. Сабаби чунин тахаллус гирифтани ӯро Абдурраҳмони Ҷомӣ чунин шарҳ медиҳад:

Кӯҳнишин шуд чу се соли тамом,
Шуд лақабаш Кӯҳию Бобош ном.

Ҳамаи ашъори мансуб ба Бобо Кӯҳӣро моли ӯ шумурдан душвор аст, зеро чандин нусхаҳои мавҷудаи девони Бобо Кӯҳӣ ба садаҳои 16-20 тааллуқ дошта, то ҳол аз ташхису таҳқиқ гузаронида нашудаанд. Бобо Кӯҳӣ муаллифи китобҳои ахлоқии «Ахбор-ул-ғофилин» ва рисолаи арабии «Бидояту ҳол-ил-Ҳаллоҷ» мебошад. Ҳодисаву ҳикоёти зиёдеро аз ёд медонистааст ва мувофиқи ривоятҳо Абдуллоҳи Ансорӣ (ваф. 1088) аз забони ӯ 300 ҳазор ҳадис навиш­тааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш