Бозгул Исоева (тав. 3.11.1937, ш. Душанбе), – раққосаи балет Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1971).[1]

Бозгул Исоева
Бозгул Исоева
Таърихи таваллуд: 3 ноябр 1937(1937-11-03)
Зодгоҳ: ДушанбеҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 2008
Касб: раққосаи балет
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон— 1971

Зиндагинома вироиш

Бозгул Исоева хатмкардаи омӯзишгоҳи хореографии Ленинград (ҳоз. Санкт-Петербург, 1958) ба номи А. Ваганова. Солисткаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1958-83). Дар саҳнаи Театри мазкур дар муддати кӯтоҳ яке аз беҳтарин иҷрокунандаи нақшҳои лирикию драмавӣ шинохта шуд. Аз балетҳои классикию шӯравӣ як миқдор нақшҳоро моҳирона ва бо қоидаву қонуниятҳои рақси классикӣ иҷро намудааст. И. тавассути ҳунари баланд, ҳаракатҳои дилчасп ва самимият олами ботинии қаҳрамонашро амиқу равшан кушода аст. Партияҳои беҳтаринаш Гулнора («Роҳзан»-и А. Адан), Одетта – Одиллия («Кӯли қувон»-и П. Чайковский), Заррина («Афсонаи кӯхистон»-и Ю. Тер-Осипов), Ҷулиетта («Ромео ва Ҷулиетта»-и С. Прокофев), Берениса («Шабҳои Миср»-и А. Аренский), Марина («Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов), Заррина («Темурмалик»-и М. Ашрафӣ), Зулфия («Марги Судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ) ва ғ.-ро ба дараҷаи ҳунарварӣ иҷро намудааст. Ҳамчунин номераҳои ҷудогонаи консертӣ низ дар репертуари И. ҷой доштанд («Қу»-и К. Сен-Санс, «Наво»-и К. Глюк ва ғайра). Балерина дар ҳайати сафарҳои устодони санъати Шӯравӣ ба як қатор мамлакатҳои Африқо, Осиё ва Европаи Ғарбӣ ҳамроҳӣ кардааст. Аз соли 1962 дар мактаби хореографии назди театри мазкур таи чанд сол дарс додааст.[2]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Cомонаи театр
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.158-159. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)