• Бозӣ (форсӣ: بازی ‎) — машғулияти шавқу ҳавасангез ё амали дигар барои андармонӣ, дамгирӣ ва ё мусобиқа (аз қабили шоҳмотбозӣ, билиярдбозӣ, теннисбозӣ, лухтакбозии бачагон ва ғайра); бозии рафиқона вохӯрии ғайрирасмии ду ва зиёда аз тарафҳо дар ягон навъи бозӣ (мас., бозигари футбол)
  • иҷрои нақш дар филму театру сирк; ҳунарнамоӣ; нақшеро бозӣ кардан
    • иҷро кардани нақше дар филм, театр ва сирк;
    • маҷ. мақом ва аҳамият доштани касе (чизе) дар коре
  • маҷ. ҳаракат, ҷунбиш; бозии бод вазиши гарму форами бод; бозии мавҷи дарё ҷунбиши мавҷҳои дарё
  • маҷ. рақс, усул
  • маҷ. ҳила, найранг; фиреб
  • ҳазл, шӯхӣ: шӯхию бозӣ, хандаю бозӣ
  • маълум кардан ва баровардани бурдҳо ба вомбарг ва лотерея (ба воситаи қуръакашӣ ва ғайра): бозӣбозӣ бозикунон; ҳазлкунон, шӯхӣ ба шӯхӣ; бозӣ дорондан а) тарзи бавоситаи бозӣ доштан; б) ҷунбондан, ба ҳаракат даровардан; бозӣ доштан а) саргарм кардан, андармон кардан (бо машғулияте, хусусан бачагонро); б) ба ҷунбиш овардан, ҳаракат додан; бозӣ кардан а) худро саргарм (банд, андармон) кардан, машғули бозие шудан; б) иҷро кардани нақше дар театр, филм ва сирк; в) рақсидан, усул кардан; г) оҳиста ҷунбидан, нарм-нарм ҳаракат кардан; ғ) навохтан; д) маҷ. намудор будан; ҷилвагарӣ кардан, дурахшидан (мас., ашк дар чашм, табассум дар лаб, акси моҳ дар об); бо пул бозӣ кардан а) дар қимори пулакӣ иштирок кардан; б) маҷ. ҳамеша серпул будан; пули зиёд доштан ◊ бозиҳои олимпӣ мусобиқаҳои байналхалқии варзишгарон, ки аз соли 1896 дар ҳар чаҳор сол як бор гузаронида мешаванд, олимпиада; бозӣ додан фиреб додан, гӯл кардан касеро; бозӣ кардани шамшер (ё тозиёна) дар сари касе таҳдид кардан касеро, дар таҳти хавфу хатар нигоҳ доштан касеро; ба доираи (ё нақораи) касе бозӣ кардан аз рӯи нишондоди касе кор кардан, ба гуфтаи касе мутеона амал кардан; бо сар бозӣ кардан кори ниҳоят хавфнок кардан, бо коре, ки хавфи марг дорад, машғул шудан; дили касе бозӣ кардан ғайримӯътадил задани дил, берун аз ҳадди эътидол сахт тапидани дил (мас., аз ҳаяҷон)

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш