Боймуҳаммад Ниёзов

Боймуҳаммад Ниёзов (27 сентябри 1927, деҳаи Марғзорак, округи Хуҷанд — 1 феврали 2009, Хуҷанд) — овозхони маъруф (баритон) ва устоди «Шашмақом», оҳангсози тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).

Боймуҳаммад Ниёзов
Боймуҳаммад Ниёзов
Ҷурабек Муродов ва Боймуҳаммад Ниёзов ва донишҷӯёни ДДХ
Ҷурабек Муродов ва Боймуҳаммад Ниёзов ва донишҷӯёни ДДХ
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 27 сентябр 1927(1927-09-27)
Зодгоҳ деҳаи Марғзораки Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1 феврал 2009(2009-02-01) (81 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк шашмақом
Ҷоизаҳо
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
Насиба Омонбоева ва Камолиддин Хамдамов шогирдони Боймуҳаммад Ниёзов дар дарси «Шашмақом»

Зиндагинома вироиш

Боймуҳаммад Ниёзӣ санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз падараш Ҳоҷиматов Ниёзмуҳаммад омӯхтааст. Бобояш Азиматов Ҳоҷимуҳаммад низ аз ҳофизони номдори замонаш буда, бо Содирхони Ҳофиз ҳамнишинӣ доштааст. С. — ҳои 1939—1942 дар омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (ҳоз. Хуҷанд) таҳсил намуда, дар як вақт дар Театри тамошобинони ҷавон иштирок мекард, 1942—1947 механик — дизелчии шуъбаи алоқаи вил. Ленинобод (ҳоз. Суғд) ва 1947—1955 механизатори колхози ба номи Сталини ноҳияи Хуҷанд кор карда, дар як вақт аъзои дастаи ҳаваскорони санъати колхоз буд. С. 1955 ба Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод ба кор омад. Равшан ва Шопур («Равшан ва Зулхумор» ва «Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин), Ғолиб («Ду ҳусну ду ишқ»-и М. Сайфиддинов) ва ғ. аз нақшҳои дар намоишномаҳо бозидааш мебошанд.

Аз оғози солҳои 1963 дар Филармонияи давлати Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва дар солҳои 1980 — 1986 замоне устоди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд. Вай сипас ба шаҳри Хуҷанд, зодгоҳи худ, баргашт ва то охири умр дар он ҷо мондагор шуд. Дар дастаи мусиқии «Нури Хуҷанд» ҳамчун муъаллим кор мекард. Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба шогирдон дарси «Шашмақом» медод. Сарояндаи маъруфи «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов дар шаҳри Хуҷанд шаби 1 феврали соли 2009 аз олам даргузашт.

Фаъолияти эҷодӣ вироиш

Аввалин сурудҳои эҷодкарда ва сароидааш: «То кай», «Доғи таманнои ту», «Эй ҷони ман асират», «Гуфтему гуфтем», «Бар лаби дарё биё», «Лаби нӯш» ва ғ. Аз устодон Ш. Соҳибов ва Ф. Шаҳобов маҳорати мақомхонӣ омӯхтааст. Дар сабти пурраи «Шашмақом» иштирок намудааст. «Муғулчаи Дугоҳ», «Нимчӯпонӣ», «Насруллоӣ», «Муҳтаҳзоди Наво», «Чапандози Наво», «Талқини Баёт», «Наврӯзи Сабо» ва ғ. аз беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи Ниёзов мебошанд. мебошанд.[1]

«Шашмақом» мероси ниёгон аст, — борҳо гуфта буд Боймуҳаммад Ниёзов. Мероси ниёгони тоҷикон ва тоҷикистониён. Он аз 263 асар иборат аст. Ҳамин 263 асарро ман замоне, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев кор мекардам, азёд карда будам. Лекин даррав (базудӣ) не, дар тӯли 13 сол. Акнун ман ҳамаи ин асарҳоро азёд медонам. Ба бачаҳо дарс медиҳам.

Боймуҳаммад Ниёзов аз олам даргузашт

Ӯ зиёда аз 50 суруд офаридааст, ки чанде аз онҳоро сарояндагони номии ҷумҳурӣ иҷро мекунанд, ки «Дар сари тасвир», «Нози он раъно шикаст», «Ороми ҷон баромад», «Бадахшон», «Қурбони ту бошам» ва ғ. аз беҳтарин сурудҳои эҷодкардаи Боймуҳаммад Ниёзов мебошанд. Ба Афғонистон сафари ҳунарӣ кардааст (1966). С. 1968 дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар РСФСР иштирок кардааст.[1]

Ҷоизаҳо ва мукофот вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Нигаред вироиш

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 252—480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)