Боғи Лучоб — дар қисми шимолии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Сино, дар соҳили рости дарёи Варзоб, рӯ ба рӯйи Боғи Хайём, дар теппаи Лучоб (баландии 60 м аз сатҳи рӯд) байни соҳили дарёҳои Варзоб (Душанбе) ва Лучоб воқеъ аст.

Тавсиф вироиш

Боғи Лучобтепаи Лучоб) байни соҳили дарёҳои Варзоб (Душанбе) ва Лучоб воқеъ аст. Дар қисми шимолии он маҳаллаи Лучоб, бинои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва дар ҷануби боғ оромгоҳи намояндагони илму фарҳанг воқеъ аст. Соли 1980 дар қисми ҷанубии боғ мақбараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода (архитектор Б. Зуҳурдинов, ҳайкалтарош Д. Рябичев) бунёд шудааст. То мақбараи Мирзо Турcунзода зинапояе сохта шудааст, ки аз ду тарафаш гулбоғи зебо дорад. Дар майдони боғ дарахту буттаҳои гуногун ҷамъ оварда шудаанд. Боғ яке аз ҷойҳои истироҳати сокинони шаҳр ва экскурсияҳои мактаббачагон мебошад. Дар қисми шарқии боғи Лучоб соли 2012 боғи дигари шаҳри Душанбе - Боғи "Пойтахт" бунёд шудааст.

Оромгоҳ вироиш

Дар майдончаи махсуси тепаи Лучоб ва мақбараи шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода оромгоҳи намояндагони илму фарҳанг - Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷалол Икромӣ, Тӯҳфа Фозилова,Ғаффор Валаматзода, Малика Собирова, Рауф Баротов, Бозор Собир, Муъмин Қаноат ва дигарон воқеъ аст.

Манобеъ вироиш

Мамаджанова С., Мукимов Р. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Д., 2008. — С. 281—282. (рус.)