Буданов Владимир Иванович

Буданов Владимир Иванович (1933—30.12.2017) - олим, доктори илмҳои геология ва минералогия (1985). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991).[1]

Буданов Владимир Иванович
Буданов Владимир Иванович
Таърихи таваллуд 1933(1933)
Таърихи даргузашт 30 декабр 2017(2017-12-30)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома вироиш

Буданов Владимир Иванович Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносовро хатм кардааст (1956)., ихтисос – «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: петрология ва геологияи минтақавӣ. Мудири шуъбаи метаморфизми Институти геологияи АИ ҶТ (1973-1994). Сарходими илмии Институти минералогия ва петрографияи Институти муттаҳидаи геология, геофизика ва минералогияи Шуъбаи Сибири Академияи илмҳои Русия (1994 – то имрӯз).

Ҷоизаҳо вироиш

  • Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст.
  • Дорандаи Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ (2007).

Манобеъ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.