Бунёди фарҳанги Тоҷикистон

Бунёди фарҳанги Тоҷикистон соли 1987 таъсис ёфтааст. Вазоифи асосии Бунёд иборат аз мусоидат дар амри фарогирии боз ҳам пурраю амиқтари сарватҳои фарҳангӣ, миллию ҷаҳонӣ аз тарафи шаҳрвандони кишвар, тарбияи эстетикию ахлоқии ҷавонон, ташаккули ҳисси масъулият барои афзун гардонидани дастовардҳои фарҳангӣ, эҳёи сунану анъаноти мардумӣ ва ҷашнҳо ва татбиқи онҳо дар зиндагии мардум, эҳёи ҳудудҳои нодири таърихӣ ва ҳифзи муҳити таърихию фарҳангӣ ва ғайра мебошад. Маҷаллаи “Фарҳанг” нашрияи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон буда аз соли 1991 ба нашр мерасад. Раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Фарҳангдоктор Ҳамза Камол мебошад.


Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш