Бӯстон Остоновна Эшонқулова (6 сентябри 1948, Душанбе) — омӯзгор, доктори илмҳои тиб (1999), профессор (2001). «Аълочии тандурустии Тоҷикистон». Дорандаи дипломи «Зани муҳақиқ» (2003).

Бӯстон Эшонқулова
Бӯстон Остоновна Эшонқулова
Таърихи таваллуд 6 сентябр 1948(1948-09-06) (75 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Ҷоизаҳо «Аълочии тандурустии ҶТ», Дорандаи дипломи «Зани муҳақиқ» (2003).

Зиндагинома вироиш

Бӯстон Остоновна Эшонқулова факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1972). Ординатор (1972—1974), ассис. кафедраи фармакология (1974—1976), аспирант (1976—1979), ассисистент (1979—1992). Аз соли 1995 — мудири кафедраи фармакологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Соли 2000—2005 — ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино оид ба корҳои таълимӣ. Аз соли 2005 — мудир, профессори кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино.

Осори илмӣ вироиш

Дар мавзӯи «Самараи таъсири картизон ва ибупрофан ба инкишофи артрит ҳангоми роҳҳои гуногуни тазриқи онҳо» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Соли 1991 соҳаи фаъолияти илмиашро тағйир дода, ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон машғул шудааст. Дар мавзӯи «Фармакологияи баъзе гиёҳҳои шифобахши қандфарории Тоҷикистон ва маъҷуни зидди диабетии онҳо» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 180 таълифоти илмӣ оид ба ҷанбаъҳои гуногуни фармакологияи муосир, аз ҷумла 32 дастуру тавсияҳои методӣ ва 4 доруи зидди диабетӣ ва ширарон — «Юнибет», «Фитобет», «Шираи ғӯраи ангур», « Шираи хушки ғӯраи ангур» аст. Иштир. семинарҳои байналхалқии ФР (ш. Дубна, 2003), ИМА (Иёлоти Флорида, ш. Тампа, 2004) ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ.

Ҷоизаҳо вироиш

  • «Аълочии тандурустии ҶТ».
  • Дорандаи дипломи «Зани муҳақиқ» (2003).
  • Медали «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ»[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С.165 ISBN 978-99947-958-2-6(тоҷ.)