Вадодара (Vadodara) — шаҳр дар ғарби Ҳиндустон, пойтахти иёлати Гуҷарот дар соҳили дарёи Вишвамитри воқеъ аст.

Вадодара
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 235 км²
Баландӣ
129 ± 0 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:30[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 2 065 771 тан (2011)
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 265
Нишонаи почта 390001
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳолиаш 1,8 млн нафар (2012). Масоҳаташ 148,95 км2. Р. о. дорад.

Таърих вироиш

Аз садаи IX маълум аст. Солҳои 1734–1949 пойтахти ҳамноми ҳамин иёлат буд. Аз соли 1802 тобеи ширкати Ост-Инд, баъдан тобеи ҳукумати Англия. Аз соли 1950 дар ҳайати иёлати Бомбай (имрӯза Мумбай) ва аз соли 1960 дар ҳайати иёлати Гуҷарот қарор дорад.

Корхонаҳои кимиёӣ (саноати коркарди нафт), мошинасозӣ, коркарди оҳан дорад. Бо истеҳсоли дастии матоъҳои симандуд маъруф аст.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ вироиш

Аз ёдгориҳои таърихӣ қасри Маҳараҷ (бештар бо номи Лакшми Вилас маъруф аст) маҳфуз мондааст. Осорхонаҳои Маҳараҷа Фотеҳ Сингх, Вадодара (1894), нигористони мусаввараҳо (1920), донишгоҳ (1949) ва киностудияи бузург дорад.

Адабиёт вироиш

  • Новая российская энциклопедия. Т. III (2), М., 2007.

Сарчашма вироиш